Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи Тоҷик": Ёровро барои маоши коргарон барканор накардаанд


Абдулло Ёров (акс аз бойгонӣ)
Абдулло Ёров (акс аз бойгонӣ)
Ширкати “Барқи Тоҷик” ба иллати пардохт нашудани маоши кормандон барканор шудани раиси қаблиаш Абдулло Ёровро радд кард. Бино бат гузориши “Озодагон”, Абдулло Қурбонов, муовини раиси “Барқи Тоҷик” рӯзи 29 июл дар нишасти хабарии ин ширкат гуфтааст, Ёров ҳанӯз як сол пеш ба иллати вазъи сиҳҳатиаш ариза дода буд, ки аз кор меравад. Вале мақомоти “Барқи Тоҷик” таъйид карданд, ки қарзи корхона аз кормандонаш ба 32 миллион сомонӣ, муодили 6,5 миллион доллар расидааст. Рӯзи 11 июл ба ҷои Ёров баъди се соли раҳбариаш бар “Барқи Тоҷик”, Аслӣ Назаров раиси ин ширкати монополист дар бозори тавзеъ ва фурӯши барқи Тоҷикистон таъйин шуд. Ба дунбол як мақоми вазорати шуғли аҳолӣ гуфт, ки як сабаби барканории Абдулло Ёров таъхир дар пардохти маоши кормандони “Барқи Тоҷик” буд.
Дар нишасти хабарии “Барқи Тоҷик” ҳамчунин гуфта шуд, ки қарзи ин ширкат аз нирӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва -2 ба 468 миллион сомонӣ, ё қариб ба 100 миллион доллар расидааст, ки 379 миллионаш қарзи ширкат аз Сангтӯда-1 будааст.
XS
SM
MD
LG