Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 соли зиндон ба хушдоман барои азияти келин


Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ. 26-уми июли соли 2013.
Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ. 26-уми июли соли 2013.

Масъулони Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон мегӯянд, хушдоманҳое, ки арӯсҳои худро азият додаанд ва ба худкушӣ водор кардаанд, ба зиндон мераванд.

Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон мегӯяд, ки як хушдоман барои эъмоли хушунат ба келин ба 4 соли зиндон маҳкум шудааст. Сумангул Тағоева рӯзи ҷумъаи 26 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "дар соли ҷорӣ нисбати ду хушдоман барои хушанат ба келинҳо, ки дар натиҷа онҳо даст ба худкушӣ задаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст".

Хонум Тағоева афзуд, ки ҳамакнун додгоҳ пас аз баррасии парвандаи ҷиноятӣ, яке аз ин хушдоманҳоро ба 4 соли зиндон равонаи зиндон карда ва нисбати хушдомани дуввум мурофиаи додгоҳӣ ҷараён дорад. Ба гуфтаи раиси Кумитаи кор бо занон, ин хушдоманҳо яке дар вилояти Хатлон ва дигаре дар шаҳри Истаравшан будаанд, ки нисбати келинҳояшон хушунат кардаанд.

Зимнан, тибқи иттилои Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар қаламрви кишвар 311 мавриди худкушӣ ва худсузӣ сабт шудааст, ки дар 164 ҳолат занон ба ин аъмоли нангин даст зада, 34 нафари дигарашон ноболиғон мебошанд".

Кумита мушкилоти оилавӣ, ҷангу ҷидол, қарздорӣ ва ғайраро аз сабабҳои худкушӣ дар миёни занону мардон ва ноболиғон унвон кардааст. Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 26 июл дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон гуфт, ки "дар муддати шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ беш 42 ҳазору 151 нафар аз қайди никоҳ гузаштаанд, ки дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 30 адад камтар аст. Ҳамзамон бекоршавии ақди никоҳ дар ин давра 4 107 мавридро ташкил дод, ки дар муқоиса ба шаш моҳи соли пеш 81 маврид бештар аст".

Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занон аз мизони ҷинояткорӣ миёни занон низ изҳори ташвиш кард ва гуфт, ки "дар ин муддат аз сӯи занон 690 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 241 маврид бештар аст."

Раиси Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон гуфт, ки занону кӯдакон дар ин давра бештар ба ҷиноятҳои марбут ба дуздӣ ва қаллобӣ даст задаанд.

Ба таъкиди вай, аз сӯи ноболиғон дар ин давра 457 ҷиноят сурат гирифта, ки 114 маврид зиёдтар аз шаш моҳи соли гузашта аст. Хонум Тағоева бо ишора ба худкушӣ ва худсӯзӣ дар қаламрави кишвар гуфт, ки "дар соли ҷорӣ 311 маврид худкушӣ ва худсӯзӣ сабт шудааст, ки дар 164 ҳолат занон ба ин аъмоли нангин даст зада, 34 нафари дигар ноболиғон мебошанд".

Сумангeл Тағоева сабабҳои худкуширо маишӣ унвон кард ва гуфт, ки таҳлилҳо нишон додаанд, ки ин маворид дар пайи ҷангу ҷидоли хонаводагӣ, қарздорӣ ва мушкилоти иқтисодӣ сурат гирифтааст.

Ба иттилои раиси Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, гирифторӣ ба бемории ВИЧ/СПИД дар миёни занону кӯдакон дар ҳоли афзоиш буда ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз 470 нафар мубталои ин беморӣ 182 нафарашон занон будааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қабл 21 нафар зиёдтар аст. Ҳамчунин аз ин ҷумла 54 нафарашон кӯдакони синни то 14 сола ташкил медиҳад.

Ҳамчунин ба гуфтаи Сумангул Тағоева, муҳоҷирати меҳнатӣ миёни занон низ дар соли ҷорӣ афзудааст. Зеро ба иттилои вай дар шаш моҳи соли ҷорӣ 551 ҳазору 209 нафар ба муҳоҷират рафтаанд, ки ҳудуди 82 ҳазори онро занон ташкил медиҳад. Омори расмӣ ҳокист, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар соли ҷорӣ 72 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст, ки 30 ҳазору 509 нафари он занонанд. Ба гуфтаи вай дар ин муддат дар муҳоҷирати меҳнатӣ 38 зан ва 3 кӯдаки ноболиғ фавтидаанд, ки хуруҷи бемориҳо аз сабабҳои он будааст.

Зимнан ба таъкиди Сумангул Тағоева дар муддати шаш моҳи ахир 51 муроҷиати хаттӣ ва шифоҳӣ ба ин кумита шудааст, ки дар миёни онҳо 14 нафарашон мардон ҳастанд. Мушкилоти марбут ба тақсими хона, ҷудошавӣ, адолати додгоҳӣ ва тавзеи замин, аз мавориди муроҷиати шаҳрвандон ба ин ниҳод будааст.

Раиси Кумитари кор бо занон аз афзоиши мавориди фоҳишагии занону ноболиғон изҳори ташвиш кард ва гуфт, ки дар ин муддат 1597 зани фоҳиша ва 47 ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузаштf 248 маврид зиёд аст.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД
XS
SM
MD
LG