Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои дигар дар назорат бар интернет аз Амрико сабақ намегиранд?


Дар ҳоле, ки дар Амрико мубоҳисаҳо пиромуни барномаи Ожонси Амнияти Миллии назорат бар интернет ба ҷӯш омадааст, бозтоби он дар арсаи байналмиллалӣ акнун эҳсос мешавад.

Баъзе ҳукуматҳои худкома ҳангоми маҳдуд кардани озодиҳои интернетӣ метавонанд ин моҷароро барои сафед кардани худ истифода баранд.

Ифшои барномаи назоратии Ожонси Амнияти Миллии Амрико мавҷи нигарониҳо дар Вашингтон ва дар миёни муттаҳидони вайро ба бор овард ва давлати Барак Обамаро маҷбур сохт, ки дар ин бора тавзеҳот диҳад. Коршиносони интернетӣ мегӯянд, барномаҳои махфии назорат бар фаъолиятҳои интернетии хориҷиён дар Facebook, Google, Skype ва шабакаҳои дигари амрикоӣ метавонад намунае ба нафъи режимҳои саркӯбкунанда бошад. Онҳо метавонанд ин баҳонаҳоро пеш оранд, ки ҳамин гуна барномаҳои назоратӣ мавҷуд будааст ва ба ин баҳона онҳо тадбирҳои наверо барои маҳдудияти озодиҳои интернетӣ меандешанд.

Роналд Диберт
Роналд Диберт
Роналд Диберт-мудири озмоишгоҳи башарии донишгоҳи Торонто, ки яке аз марказҳои пешрафтаи ҷаҳон дар бахши интернет ва амнияти он ба шумор меравад, мегӯяд, ки Амрико акнун ташаббуси масъулияти баланди озодиҳои интернетиро аз даст додааст. Вай мегӯяд, кишварҳо медонанд, ки бисёре аз навовариҳо аз Амрико сарчашма мегиранд ва кишварҳои дигар ногузир бо назардошти тавоноиҳои худ онро дар бахшҳои мухобиротии худ ҷорӣ мекунанд. Ин барномаҳоро дар саросари ҷаҳон кишварҳо ба зудӣ ба шабакаҳои миллии худ мутобиқ мекунанд ва онро дар қаламрави худ зери назорати худ медароранд.

Ҳоло дар Кореяи Шимолӣ ва дар Куба “интернети миллӣ” мавҷуд аст ва бино ба гузоришҳо, дар Эрон низ дар ин самт кӯшишҳо идома дорад.

Моҷарои барномаҳои назорати Ожонси Амнияти Милии Амрико аз ҳоло паёмадҳои худро ба бор овардааст. Баъзе кишварҳо иддао мекунанд, ки интернет бояд зери назорат дароварда шавад. Дар мусоҳибае бо рӯзномаи "The New York Times" 14 июл Руслан Гаттаров-узви Шӯрои Федератсияи Русия гуфт: “Мо бояд ҳар чӣ зудтар ин ширкатҳои бузурги моварои миллӣ ё байналмиллалиро аз қабили Google, Microsoft ва Facebook зери назорати кишвари худ бигирем”.

Вай таъкид кард, ки чунин иқдом баъд аз ифшогариҳои Эдвард Сновден зарур аст, зеро Сновден мавҷудияти чунин барнома дар Амрикоро фош кард.

Гаттаров “Кумиссиюни рушди ҷомеаи итилоърасон”-ро баъд аз моҷароҳои назорати интернетӣ дар Амрико дар порламони Русия ташкил кард. Вай ҳамчунин эълон кард, ки ба ширкатҳое аз қабили Facebook, Twitter ва Yahoo расидагӣ анҷом бигирад, ки оё қонун роҷеъ ба ҳифзи иттилоъоти дохилиро нақз намекунанд ва оё барои ин кор қарордод бо корбар бояд илова шавад ё хайр.

Сергей Железняк-муовини раиси ҷиноҳи ҳизби ҳокими “Русияи Воҳид” ё “Единая Россия” дар порламон тасвиби қонунеро пешниҳод кард. Бар асоси ин қонун бояд маълумот дар бораи корбарон дар дохили кишвар, яъне дар Русия ҳифз шавад.
Диберт аз донишгоҳи Торонто мегӯяд, ифшои барномаи назорат бори дигар кишварҳоро таҳрик мекунад, ки дар бораи назорат бар интернет қонун қабул кунанд.

Масалан, соли 2011 Чину Русия ва Тоҷикистону Узбакистон ба Маҷмаи Умумии СММ чунин пешниҳодро ироа карда буданд. Диберт мегӯяд, он вақт ин пешниҳодҳо шояд бештар ё камтар иштибоҳи сиёсӣ дониста мешуд ва ба ҳамин сабаб аз он сарфи назар карданд. Вале баъд аз ифшо шудани барномаи Ожонси Амнияти Миллии Амрико ман бовар дорам, ки ин пешниҳодҳо дубора ҷон мегиранд ва дар байни кишварҳое, ки ба озодии интернет дар Амрико бо шубҳа нигоҳ мекунанд, ҷонибдор пайдо мекунанд.

Вашингтон аз ин барнома ба унвони барномаи қонунӣ ҷонибдорӣ кард ва гуфт, ки бо истифода аз чунин шева амнияти кишварро аз ҳамлаи террористҳо таъмин мекунад. Кишварҳое мисли Чину Беларус ва Узбакистон дар гузашта гуфта буданд, ки ба хотири амнияти миллии худ назорат бар интернетро ҷорӣ мекунанд.

Ҳоло коршиносон мегӯянд, ки Амрико бояд барномаҳои назорат бар интернетро бо қонунҳои худ мутобиқ кунад, агар чунин нашавад, кишварҳои дигар низ чунин корро барои худ иҷоза хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG