Раиси вилояти Суғд дар нишасти хабарии худ дар робита ба рабуда шудани 10 нафар сокинони ноҳияи Панҷакент аз ҷониби марзбонони Узбакистон гуфт, ки онҳо аз ноогоҳӣ марзшиканӣ кардаанд. Қоҳир Расулзода рӯзи ҷумъаи 19-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки сокинони Панҷакент бинобар надонистани хатти мушаххаси марзи муштараки Тоҷикистону Узбакистон дар мавзеъи марзии Фароб ҳангоми чӯпонию алафдаравӣ ноогоҳона вориди хоки кишвари ҳамсоя шудаанд, ки дар натиҷа онҳоро сарҳадбонони узбак дастгир кардаанд. Оқои Расулзода гуфт, онҳо дар бораи вазъи ин 10 нафар бохабар ҳастанд ва онҳо сиҳату саломат мебошанд. Вай афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир Вазорати умури хориҷӣ ва неруҳои марзбонии Тоҷикистон барои раҳоии ин афрод бо ҷониби Узбакистон гуфтугӯ пеш мебаранд.
Рӯзи 15-уми июн марзбонони узбак 5 чӯпони сокини рустои Моғиёни ноҳияи Панҷакент - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо рамаи гӯсфандону говҳояшон ба Узбакистон бурдаанд. Марзбонони узбак онҳоро ба марзшиканӣ айбдор мекунанд.
Рӯзи 10-уми июл бошад 5 сокини деҳаи Фароби ҳамин ноҳияи марзбонони узбак барои “сарҳадшиканӣ” дастгир карда, ба он сӯи марз бурданд ва то кунун дар боздошти ҷониби Узбакистон қарор доранд.