Ахиран бар бозору дӯконҳои минтақаи Кӯлоб, халтаҳои орди маҳаллӣ бо тамғаи Қазоқистон пайдо шудааст. Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб рӯзи душанбеи 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ аз ин вазъ ба шиддат изҳори нигаронӣ карда ва соҳибкоронро аз тақаллуб кардан дар самти фурӯши орд хушдор дод. Ҷаноби Раҳмонов гуфт, ки "тоҷирон орди маҳаллиро бо халтаҳое мефурӯшанд, ки дар онҳо нишонаҳои корхонаҳои Қазокистон насб шудааст, дар ҳоле, ки ин орд дар корхонаҷоти Кӯлоб тавлид шудаанд".
Ин буд, ки шаҳрдори Кӯлоб ба Оҷонсии "Точикстандарт" дастур дод, ки фаъолияти ду корхонаи хурди ордбарорӣ дар шаҳри Кӯлобро мавриди бозрасӣ қарор бидиҳад ва аз натиҷааш гузориш пешниҳод намояд. Пайдо шудани орди маҳаллӣ бо тамғаи Қазоқистон дар ҳолест, ки корхонаи "Орди Кӯлоб" пас аз 6 моҳи танаффус дубора фаъол шудааст. Ҳамакнун дар бозору дӯконҳои шаҳр ва минтақаи Кӯлоб орд ба нархи 130 то 160 сомонӣ фурӯхта мешавад. Агар шаҳру ноҳияи Кӯлоб беш аз 186 ҳазор аҳолӣ дошта бошад, пас ҷамъияти минтақа ба беш аз 1, 5 миллион нафар мерасад.