Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои бонк бо як вакили маҳаллӣ дар Восеъ


Бинои "Тоҷиксодиротбонк" дар шаҳри Душанбе. Акс аз Душанбе
Бинои "Тоҷиксодиротбонк" дар шаҳри Душанбе. Акс аз Душанбе

«Тоҷиксодиротбонк» алайҳи як вакили маҳаллӣ дар минтақаи Кӯлоб ба додситонӣ шикоят бурдааст.

Ин хабарро масъулони намояндагии "Тоҷиксодиротбонк" рӯзи cешанбеи 16-уми июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон эълом карданд.

Ба таъкиди Наргис Қурбонова, раиси намояндагии бонки "Тоҷиксодиротбанк" дар минтақаи Кӯлоб, Саидмӯъмин Ризоев, вакили маҳаллӣ дар ноҳияи Восеъ аз ин бонк сад ҳазор сомонӣ қарз гирифта ва ҳамакнун бо вуҷуди гузаштани мӯҳлати супурдани қарз, онро бозпас нагардонидааст.

Хонум Қурбонова афзуд, ки "мо огоҳ шудем, ки Саидмӯъмин Ризоев, вакили маҳаллии ноҳияи Восеъ ба Русия фирор кардааст ва аз супурдани қарзи бонк сарпечӣ мекунад ва ба ин далел қасд дорем то пули бонкро аз тариқи додситонӣ ситонем."

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта масъулони Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" низ ба манзури бозпас гирифтани қарзи ин бонк аз собиқ раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадахшон ба додситонӣ муроҷиат кардаанд.

Гулнора Ҳасанова, раиси Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "мутаассифона^ собиқ раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ, ба хусус Толиб Айёмбеков то кунун танҳо 50 дарсади маблағи қарзи ин бонкро пардохтааст."

Зимнан, ба иттилои масъулони намояндагии «Тоҷиксодиротбонк» дар минтақаи Кӯлоб, дар ин минтақа шумораи қарздорони фирорӣ аз ҳисоби муштариёни онҳо ба даҳ нафар мерасад.

"Тоҷиксодиротбонк" дар минтақаи Кӯлоб ҳудуди 500 муштарии қарзгиранда дорад. Ҳамзамон ин намояндагии бонк маоши омӯзгорону бештари кормандони давлатиро тариқи кортҳои плостикӣ пардохт мекунад.
XS
SM
MD
LG