Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон иддаои рӯзномаи амрикоиро рад кард


Сухангӯи президенти Афғонистон мегӯяд, иддаои рӯзномаи "The New York Times", ки гӯё президенти ИМА Барак Обама имкони беруншавии комил ва пеш аз мӯҳлати артиши Амрико аз Афғонистонро баррасӣ мекунад, чизе беш аз фишор болои ҳукумати Афғонистон нест.

Рӯзи сешанбе Аймал Файзӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, беруншавии комили сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон ҳеҷ гоҳ дар сӯҳбатҳои президент Барак Обама ва раҳбари афғон Ҳомиди Карзай арзёбӣ нашудааст.

Рӯзи душанбе "The New York Times" навишт, ки рӯзи 27-уми июн Обама ва Карзай видео-конфронс доир намуданд, то ихтилофи миёни ду кишвар коҳиш ёбад.

Ба қавли рӯзнома Карзай Вашингтонро бо он муттаҳам кард, ки бо Толибон музокироти ҷудогона раҳандозӣ намуда, ҳукумати Афғонистонро зери хатар қарор медиҳанд.
XS
SM
MD
LG