Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Крупнов дигар аз миллиардҳо дам назад


Юрий Крупнов, роҳбари "Ҳаракати рушд» ва муаллифи тарҳи «Корпоратсияи рушди Осиёи Миёна» аз нияташ барои бунёди фабрикаи мурғпарварӣ, корхонаи коркарди чӯб ва пойгоҳи обкашонӣ барои обёрии вилояти Қундузи Афғонистон хабар дод.

Юрий Крупнов, ки дар ҳошияи ҳамоиши «Мушкилоти рушди муштараки авроосиёии Русия ва Тоҷикмистон» рӯзи 5-уми июл бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ки сар аз аввали соли оянда онҳо ба татбиқи нахустин лоиҳаҳои «Лоиҳаҳои стратегиии сармоягузорӣ барои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ» оғоз хоҳанд кард: «Мо лоиҳаҳои ин албомро бештару зиёдтар карда истодаем. Моҳи октябри ҳамин сол нашри дуввуми албоми тарҳои сармоягузори нашр хоҳад шуд, ки он ба маротиб такмилшудаву дақиқтар ва бо ҷузъиёти бештар аст. Январи соли оянда мешавад гуфт, аввалин тарҳои сармоягузорӣ амалӣ мешаванд.»


Плани Крупнов кам-кам бухор мешавад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00
Линки мустақим


Юрий Крупнов дар ин сафараш ба Тоҷикистон аз минтақаи озоди иқтисодии Панҷ ва шаҳри Ёвони вилояти Хатлон дидан кардааст. Ба таъкиди ин коршиноси рус, дар ҳоли ҳозир сармоягузорӣ маҳз ба қисмати ҷануби Тоҷикистон муҳимтар аст, чунки ин минтақаи кишвар дар қиёс бо шимол қафо мондааст вале, аз мавқеи хуби географӣ ва нерӯи кофии корӣ бархӯрдор аст.

Оқои Крупнов гуфта буд, ки мувофиқи ин тарҳ, Русия бояд то соли 2030 ба иқтисоди Тоҷикистон ҳадди ақал 12 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунад. Ба гуфтаи ҷаноби Крупнов, аксарияти ин сармояҳо бояд ба арсаи обу энержӣ ва бунёди зербино равона шавад. Ҳамакнун мушоҳида мешавад худи Крупнов ҳам аз ваъдаи сармоягузории 12 миллирдолларӣ ёдовар намешавад ва танҳо дар бораи бунёди фабрикаи мурғпарвариву корхонаи коркарди чӯб ва ҳамин гунна тарҳои хурд сӯҳбат мекунад.

Александр Петрушин
Александр Петрушин
Дар ҳамин ҳол, як гардиши нав дар тарҳои пуриддаои Крупнов ин таваҷҷӯҳи бештар ба минтақаи ҷануби Тоҷикистон ва хусусан минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» аст, ки дар сарҳади Афғонистон қарор дорад.

Александр Петрушин, роҳбари гурӯҳи «Лоиҳаҳои стротегии сармоягузорӣ» ва аъзои ҷунбиши «Ҳаркати рушд» сабаби таваҷҷуҳи бештари онҳо ба ҷануб ва минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» мавқеи хуби ҷуғрофӣ он аст, ки дар рушди тиҷорати байни Русия Тоҷикистон Афғонистону кишварҳои халиҷ метавонад нақши бориз дошта бошад: «Мо ба имконоти бузурги иқтисодии Тоҷикистон хеле кам таваҷҷӯҳ дорем. Ин ба назари шахсии ман ҷиноят аст. Дар минтақаи Панҷ мо лоиҳаҳои мушаххас омода карда истодаем, ки шарикони мо омодаанд ба ин тарҳҳо сармоягузорӣ кунанд.»

Петуршин афзуд, ки лоиҳаҳои аз ҳама ҷолиб ин бунёди корхонаи коркарди чӯб, фабрикаи мурғпарварӣ ва истеҳсоли хӯрокӣ парранда дар ҷануби Тоҷикистон аст. Вай ҳамчунин афзуд, ки онҳо лоиҳаи бунёди як пойгоҳи обкашонӣ аз дарёи Ому барои обери заминҳои вилояти Қундузи Афғонистонро низ баррасӣ карда истодаанд.

Ба таъкиди Юрий Крупнов роҳбари «Ҳаракати рушд», тарҳҳои сармоягузории таҳия кардаи вай танҳо як хаёли хом нест ва дар айвонҳои ҳукумати Русия ҳастанд нафароне, ки муҳим будани сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро дарк мекунанд.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик.
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик.
Аммо Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, Крупнов шахси наздик ба корпоратсия ва ширкатҳоиҳои пуриқтидори Русия аст, ки сармояи бузурге ҷамъ кардаанд ва ҳамакнун хоҳиши равона кардани ин маблағҳо ба тарҳҳои хеле судоварро доранд: «Ҳукумати Русия низ худ манфиатдор аст, ки ширкатҳои алоҳида ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Аммо мушкил дар он аст, ки иштиҳои ширкатҳои Русия хеле калон аст. Масалан вақте Русалу РАО ЕЭС ба Тоҷикистон омада буданд, яке «Талко»-ро талаб карду дигари 70 дарсади саҳмия «Роғун»-ро. Яъне на ҳама вақт манфиати иқтисодии Тоҷикистон ва ин ширкатҳо бо ҳам рост меоянд.»

Дар ҳамин ҳол, моҳи марти соли ҷорӣ ҳукумати Русия тавассути Хадамоти мубориза бо маводи мухаддираш ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва таъмини рушди иқтисодии кишварҳои минтақа Корпоратсияи рушди Осиёи Миёнаро таъсис дод, ки сандуқи сармояҳояш ҳамагӣ 2 миллиард рубл, ё ҳудуди 70 миллион долларро дар бар мегирад. Хеле камтар аз он миллиардҳое, ки “Плани Крупнов” барои Осиёи миёна пешбинӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG