Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Асадуллозода раиси “Тоҷикэнергосбит” таъйин шуд


Раҳбарии яке аз муассисаҳои ширкати “Барқи Тоҷик”-ро ба бародари Ҳасан Асадуллозода-раиси Ориёнбонк” доданд. Дар ин бора матбуоти Тоҷикистон хабар додааст.

Ин муассисаи навтаъсис “Тоҷикэнергосбит” ном гирифтааст ва онро Амонулло Саъдуллоев раҳбарӣ хоҳад кард. Муассисаи мазкур ба фурӯши нируи барқ машғул хоҳад шуд.

“Барқи Тоҷик” гуфтааст, ки “Тоҷикэнергосбит” то соли 2010 низ вуҷуд доштааст, вале он вақт барҳам додаанд. Акнун дубора зарурати ташкили он пеш омадааст. Вазифаи ин муассиса кор бо истифодабарандагони барқ дар хориҷ аз Тоҷикистон, яъне фурӯши нируи барқ ба онҳо ва ҷамъоварии пули он мебошад.
XS
SM
MD
LG