Нусратулло Ҳасанов ба монеагии волидайнаш нигоҳ накарда рақси «брейк-данс»-ро омӯхт. Дар бораи «брейк-данс» курс ва ё адабиёти махсусеро нахондааст. Вале шавқу ғурури ҷавониаш баланд омаду вай дар муддати 3 сол тамоми нозикиҳои “брейк данс”-ро аз худ кард. Нусратулло тайи ин вақт тавонист падару модарашро бовар кунонад, ки ба мақсади худ ноил шудааст. Модараш Сайригул Ёрова мегӯяд: «Нусратулло аз синни 6-солагиаш шавқ дошт ба ин намуди варзиш . Мо дар аввал рози набудем, ки писарамон бо рақси «брейк-данс» машғул шавад.Метарсидем, ки ҳангоми қату рост кардани пой, даст ва гардан ҷароҳати вазнин бардоштанаш мумкин аст.».
Ҷавони 18-сола ҳамаррӯза дар федератсияи миллии рақсҳои варзиши дар ҶТ бо шуғли дӯстдоштааш машғул аст. Нусратулло Ҳасанов аслан донишҷӯйи курси дуюми факултаи биологияи ДМТ мебошад . Аммо ба ҷузъ донишҷӯй буданаш ба рақси амрикоии “брейк” низ майли зиёд дорад. Борҳо ба ӯ гуфтанд, ки ин намуди варзиш ба саломатиаш хатарнок аст, вале боре ҳам аз духтур оиди зарари брейк-данс пурсон нашудааст.
Осебшинос-раддод Маҳкам Бойматов зимни суҳбат гуфт, ки брейк-данс ба саломатӣ фоида дорад . Аммо дар ҳолати ҷароҳати вазнин бардоштан, дигарбора наметавонад шахс ба ин намуди рақс машғул шавад.
Раиси федератсияи мазкур Азиза Қаюмова мегӯяд, ки «брейк-данс» дар Тоҷикистон аз соли 1998 фаъол буд, вале ҷомеа онро ҳамчун намуди варзиш қабул надоштаанд. Акнун то он дараҷае расидааст, ки ҳатто ҷавондухтарон ба «брейк-данс» таваҷҷӯҳ пайдо кардаанд. Дар федератсияи миллии рақсҳои варзишӣ ҳоло ба 40 нафар кӯдакону ҷавонон ин намуди рақси варзиширо меомӯзонанд.
Корманди соҳаи фарҳанг, Бахтиёр Қосимов ба он ақида аст, ки ҳарчанд брейк-дансро ҷавонони мо хуб қабул кардаанд. «Фарҳанги тоҷикон набошад ҳам ҷавононро аз қалобӣ, нашъамандӣ , бекоргардӣ дур мекунад .Ҷавононро якандоза тарбия мекунад ва барои дигар наврасон намуна мешавад. Агар чизи бад мебуд ҷомеа онро қабул намекард»
Дар пойтахт барои машқу тамрин толорҳо хеле зиёд аст. Дар яке аз толорҳо Нусратулло низ машқ мекунад .
Қаҳрамони мо Нусратулло Ҳасанов дӯстдори рақси брейк-данс аст . Ӯ худ аллакай устод асту шогирдонро тарбия мекунад. Нусратулло чемпиони 2 каратаи вилояти Суғд буда, танҳо дар фестивалҳои ҷумҳурӣ иштирок кардааст. Акнун ӯ ба фестивали шаӯри Қазоқистон даъват шудааст ва мехоҳад он ҷо маҳорати худро нишон диҳад ва намуна барои дигар ҷавонон бошад.
Ин матлаб аз тарафи шогирдони Мактаби журналистикаи чандрасонаӣ дар шаҳри Душанбе омода шудааст.