Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама:"Дар мавриди Сноуден тиҷорат намекунем!"


Барак Обама
Барак Обама
Президенти ИМА Барак Обама мегӯяд, ӯ ба хотири истирдоди Эдвард Сноуден ба ИМА “ба тиҷорат ва доду гирифт” даст нахоҳад зад.

Сноуден собиқ ходими қарордодии идораи ҷосусии ИМА аст, ки ба ифшои барномаҳои пинҳонии назорати саросарии ИМА муттаҳам мешавад. Тибқи гузоришҳо ӯ рӯзи якшанбе аз Ҳонг Конг ба Маскав рафта, ҳоло панҷ рӯз инҷониб дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Шереметевои Маскав қарор дорад.

Нақшаҳои ояндаи Сноуден маълум нестанд. Рӯзи панҷшанбе дар Сенегал президенти ИМА Барак Обама гуфт, агар Сноуден аз Русия ба кишвари дигаре фирор кунад, ИМА барои боздошти Сноуден аз нерӯҳои ҳавоӣ кор нахоҳад гирифт.

Вашингтон аз Маскав дархост намудааст, ки Сноуденро ба ИМА истирдод намояд. Рӯзи панҷшанбе кишвари Эквадор эълон кард, ки дархости паноҳандагии сиёсии Сноуденро арзёбӣ накардааст, зеро то кунун ӯ ба ягон намояндагии дипломатии ин кишвар ҳозир нашудааст.
XS
SM
MD
LG