Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз ду зодаи Тоҷикистон Сурияро тарк карданд


Имшаб ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия боз 128 шаҳрванди ин кишвар ва давлатҳои муштаракулманофеъро аз Сурия ба Маскав расонд.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба радиои Озодӣ хабар дод, ки миёни онҳо 2 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҳаст. Ба гуфтаи ӯ, кормандони масъули сафорат бо дастури сафир Абдулмаҷид Достиев барои истиқболи шаҳрвандони Тоҷикистон ба фурудгохи Домодедовои Маскав рафтанд. Бар пояи иттилои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон Елена Титанова, соли таваллудаш 1975 ва духтари ӯ Ханса Саъдун, соли таваллудаш 1993, мебошанд.

Бино ба маълумоти сафорат, Елена Титанова бо Холид Саъдун ҳангоми таҳсили ӯ дар яке аз мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд издивоҷ кардааст. Интизор меравад, шоми 26 июн ҳардуро аз Маскав тавассути ҳавопаймо ба Хуҷанд бифиристанд.

Ёдовар мешавем, ки аз ин пештар хавопаймои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар катори дигар шахрвандон шаш узви хонаводаи Тӯйчӣ Раҳимови тоҷикистониро ҳам то ба Маскав расонда буд ва онҳо баъдан ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд.

Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, дар гузашта вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар қатори атбоъи Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳам аз кишварҳои гирифтори ҷангу хушунат - Яман, Миср ва Либия - ба Маскав оварда буд.
XS
SM
MD
LG