Вақте ки Созмони Милал масъалаи биёбоншавиро баррасӣ мекунад, мантиқан тамаркуз ба рӯи Осиёи Марказӣ меафтад. Ин қаламрави пурбиёбонест дар яке аз хушктарин иқлимҳои ҷаҳон, ки фишори инсон ба он шароити бе ин ҳам сахти онро бадтар мекунад.
Аз соли 1991, замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, биёбоншавии минтақа ба таври назаррас густариш ёфта, ҳосилнокии замин дар Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон 30 дарсад камтар шуд. 70 дарсади масоҳати Туркманистон ба биёбон табдил гашта, шӯразамин акнун 50 дарсади қаламрави Узбакистонро ташкил медиҳад.
Соли 2006 бо ташаббуси Созмони Милал барномае қабул шуда буд, ки талошҳои панҷ кишвар ва донорҳои байнулмилалиро танзим мекард. Интизор мерафт, таҳти сарпарастии Бонки Осиёии Рушд (БОР), ин тарҳ бо харҷи 1 миллиарду 600 миллион доллар мудирияти чарогоҳҳо, ҷангал ва бешазорон ва ҳамчунин парвариши танаввуи биологӣ ва кишоварзии тобовар дар заминҳои обиро роҳандозӣ ва танзим мекард.
Аммо бо гузашти қариб 7 сол ва дар Рӯзи Ҷаҳонии Мубориза бо Биёбоншавӣ 17-уми июн экологҳо мегӯянд, натиҷаҳои ин барнома дилсардкунандаанд. Мунаққидон мегӯянд, пешбинии сармоягузорӣ беш аз ҳад хушбинона ва ҳамоҳангӣ миёни манфиатдорон нокофӣ буд. Гузашта аз ин пас аз бурунрафти БОР аз барнома дар соли 2010 амалан мудирияти мутамаркази барнома низ қатъ гардид.
Отто Симонет, мудири гуруҳи зистмуҳитии “Зой” аст. Ин созмон иҷрои барномаро барои ҳукумати Швейтсария пажӯҳиш кард. Вай мегӯяд, то замони пажӯҳиш танҳо даҳяки маблағҳои ваъдашуда дастрас гаштаанд: "Интизориҳо аз ин ташаббус хеле бузург буданд, ки ниҳоят масъалаҳои воқеии таназзули замин дар Осиёи Марказӣ ҳал хоҳанд шуд. Аммо вақте ки мо дар соли 2010 арзёбӣ кардем, ҳамагӣ танҳо 10 дарсади маблағ расидааст ва аз ин ҷиҳат барнома дақиқан муваффақ набудааст.”
Симонет меафзояд, барнома дар амал бо мушкилоти давомдор дучор шуд. Аз ҷумла маоши намояндагони миллӣ аҳёнан дода мешуд ё ба онҳо намерасид. Вале, ба гуфтаи ӯ, он дар омӯзониши усулҳои нав ба кишоварзон баъзе натиҷаҳо ба даст омадааст.
Ҷамол Аннагилиёва, масъули Аврупо дар ин барнома мегӯяд, инчунин дар таҳкими қонунгузории кишварҳо дар масъалаи мубориза бо биёбоншавӣ баъзе пешрафтҳо ҳосил гаштааст: "Барнома ба сурати умум 10 тарҳи миллӣ низ дошт. Иҷрои онҳоро ман аз мӯътадил то комёбӣ баҳо медиҳам, зеро ба қонунгузории ҳар кишвар таъсири хеле хуб доштанд. Ғолибан онҳо ба танзими чарогоҳҳо ва ҷангалҳо дахл доранд. Ин тарҳҳо дар амал, ҳангоми кор бо кишоварзон натиҷаи зиёде доданд, ки бархе аз онҳо ба қайд гирифта шудааст.”
Мусоидати Ҷаҳонии Зистмуҳитӣ, як бунгоҳи Созмони Милал дар посух ба дастовардҳои Барномаи Мубориза бо Биёбоншавии Осиёи Марказӣ мегӯяд, дар ин муддат харитаи захираҳои табиии Осиёи Марказӣ омода гашт, ки ба тарҳҳои омӯзиши корбурди заминҳо ибтидо гузошт. Ҳамчунин пажӯҳиши мудирияти бешазор ва чарогоҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба нашр расид. Созмони Мусоидати Ҷаҳонии Зистмуҳитӣ иқрор кардааст, ки пешбинии дарёфти 1 миллиарду 600 миллион доллар барои барнома ғайривоқеӣ ва муболиғаомез буд.
Дар ҳоле ки Аннагилиёва мегӯяд, корҳо дар муҳлатҳои тарҳрезишуда ба иҷро намерасиданд, вай бар ин аст, ки кулли барнома бояд аз ҷиҳати замонбандӣ бознигарӣ ва ба воқеият мутобиқ карда шавад. Вай ҳамчунин хостори тамаркузи бештари он аст, аммо меафзояд, баъд аз хуруҷи Бонки Осиёии Рушд аз мудирияти барнома, кишвар ва созмонҳои мададрасон бесардор мондаанд. Ислоҳи вазъ, ба гуфтаи ӯ, барои марҳилаи дуюм ва муҳимтарин барнома сарнавиштсоз хоҳад буд.