Дар ҳоли ҳозир ҳарду даста - "Равшан"-и Кӯлоб ва "Истиқлол"-и Душанбе 24-холӣ доранд, вале аз нигоҳи таносуби тӯбҳо "Истиқлол" дар мақоми аввал аст.
Дар маҷмӯъ, то анҷоми давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ чаҳор бозии дигар мондааст.
Дар даври 11-уми мусобиқот пешсафон, муддаиёни аслии унвони қаҳрамони Тоҷикистон – дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳам рақобат мекунанд. Ин бозӣ, ки рӯзи шанбе, 15-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад, ғолиби давраи аввали мусобиқотро муайян хоҳад кард.
Федератсияи футболи Тоҷикистон доварони ин бозиро аз Қирғизистон даъват намудааст. Сардовари ин бозӣ довари ФИФА Дмитрий Машенсев ва ёваронаш Сергей Гришенко ва Замир Чинибеков мебошанд.
Барои ҷойи севум дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода талош доранд. Футболбозони шаҳри Ваҳдат бозии охирини давраи аввали мусобиқотро дар меҳмонӣ бо дастаи “Истаравшан”, ки то ҳоло шаҳди ғалабаро начашидааст, анҷом медиҳанд. “Регар-ТадАЗ” бошад, дар шаҳри Душанбе бо ССКА “Помир” вориди рақобат мешавад.
Шариф Назаров, раиси бошгоҳи футболи “Регар-ТадАЗ” мегӯяд, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ” ҳоло бемор аст. Вай мегӯяд, “ӯро ҷарроҳӣ карданд ва наметавонад, ки дар ҷараёни тамрин бо бачаҳо дар майдон бошад. Ин лаҳзаи аз ҳама муҳим аст, ки мураббӣ вазифадор аст дар майдон бо бачаҳо бошад. Мо бо ӯ дар ин мавзӯъ сӯҳбат кардем. Вай гуфт, барояш танаффус зарур аст, то ки дам бигирад ва худро табобат кунад. Ин хулосаи ӯ дуруст аст. Ман дар ин масъала ӯро дастгирӣ мекунам. Ба вай имкон медиҳем, ки истироҳат кунад ва бо нерӯю ғояҳои нав баргардад. Номи иҷрокунандаи вазифаи сармураббиро ҳоло гуфта наметавонам. Мо аввалан андешаи худи Ҳабибуллоевро мешунавем, ки ба ҷояш киро дидан мехоҳад.”
Инчунин бозии охирини даври 11-ум дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд миёни дастаи мизбон – “Хуҷанд” ва “Энергетик”-и Душанбе барпо мегардад.
Мусобиқаи лигаи олӣ. Даври 11-ум
15-уми июн, шанбе. Оғози бозиҳо - соати 17.30
CСКА «ПОМИР» (Душанбе) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода). Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа). Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.
«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе). Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Хуҷанд. Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”.
«РАВШАН» (Кӯлоб) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе). Сардовар: Дмитрий Машенсев (Қирғизистон). Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.
16-уми июн, якшанбе. Оғози бозӣ - соати 17.30
«ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) - «ХАЙР» (Ваҳдат). Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ («Истикқлол»), Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр») – 5-тӯбӣ, Александр КУДРЯШОВ, Виллер Соуза ОЛИВЕЙРА, Юҷин СЕПУЙЯ (ҳарду - «Истиқлол»), Нуъмонҷон ҲАКИМОВ («Равшан»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз»), Идибек ҲАБИБУЛЛОЕВ («Хайр») – 3-тӯбӣ.
Ду даста - “Парвоз” ва “Вахш” бозиҳои давраи аввали мусобиқотро анҷом додаанд. Ду даста - “Истиқлол” ва “Равшан” бохт надоранд. Ду даста – ССКА “Помир” ва “Истаравшан” пирӯз нашудаанд.

Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 8 | 8 | 0 | 0 | 28-2 | 24 |
2 | «Равшан» (Кӯлоб) | 8 | 8 | 0 | 0 | 14-2 | 24 |
3 | «Хайр» (Ваҳдат) | 8 | 4 | 2 | 2 | 13-9 | 14 |
4 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 8 | 4 | 1 | 3 | 8-8 | 13 |
5 | «Энергетик» (Душанбе) | 8 | 3 | 1 | 4 | 8-10 | 10 |
6 | «Парвоз» (Б. Ғафуров) | 9 | 3 | 1 | 5 | 7-16 | 10 |
7 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 8 | 2 | 2 | 4 | 6-8 | 8 |
8 | «Вахш» (Қӯрғонтеппа) | 9 | 2 | 2 | 5 | 4-9 | 8 |
9 | ССКА «Помир» (Душанбе) | 8 | 0 | 3 | 5 | 3-10 | 3 |
10 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 8 | 0 | 2 | 6 | 3-20 | 2 |