Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон ба тазоҳургарон охирин ҳушдор дод


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, ба тазоҳургарон дар майдони марказии шаҳри Истанбул "охирин дафъа" ҳушдор додааст, ки онҷоро тарк кунанд. Ӯ рӯзи панҷшанбе дар як суханронии телевизионӣ гуфт, пулис дигар хайма задани тазоҳургарон дар Парки Ғозӣ дар назди майдони Тақсимро таҳаммул нахоҳад кард. Тазоҳурот дар инҷо ду ҳафта пеш ва алайҳи тарҳи бозсозии парку майдон шурӯъ шуд, вале баъди саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарон, ба намоишҳои эътирозии зиддиҳукуматӣ табдил шуд. Дар ҷараёни тазоҳуроти хушунатомез ва бархӯрд бо маъмурони пулис дар Истанбул, Анкара ва дигар шаҳрҳои Туркия дасти кам 4 нафар кушта ва 6 ҳазор маҷрӯҳ шуданд. Агарчӣ ҳизби ҳоким пешниҳод кардааст, ки дар бораи тарҳи баҳсбарангези бозсозии Парки Ғозӣ раъйпурсии умумӣ сурат бигирад, аммо тазоҳургарон ҳамчунон дар майдон боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG