Ҳоҷӣ Неъматулло Олимов, котиби масъули Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 12-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷаласаи навбатии ин ниҳод, ки қарор аст қабл аз оғози моҳи шарифи Рамазон ( рӯзи 20 июн) баргузор шавад, масъалаи навори маҳрамонаи имомхатиби масҷиди панҷвақтаи ноҳияи Рудакӣ баррасӣ хоҳад шуд: «Мо дар бораи ин навор шунидем, гапу ҳарфи ин навори маҳрамона дар миёни мардум бисёр паҳн шудааст.»
Ҳоҷӣ Неъматулло Олимов афзуд, ки таъйину озод кардани имомхатиб дар ихтиёри Шӯрои уламо намебошад: «Ҳар масҷид сарфи назар аз панҷвақта ва ҷомеъ буданаш, ҳайати 20 нафараи муассисон дорад, ки онҳо рафтору фаъолияти нокифояи имомхатибро баррасӣ мекунанд ва барои интихоби имомхатиби нав раъй медиҳанд.»
Дар ҳамин ҳол Шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, ки аз нигоҳи шариат барои як фарди мусулмон ҳаром аст, ки муносибати маҳрамона бо зани худ ё ҳар зани дигарро наворбардорӣ ва ё аксбардорӣ намояд.
Ин дар ҳолест, ки Шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, ки имомхатиби масҷид, ки мавриди бозпурсӣ қарор гирифт, ҳоло ба зиндагии маъмулии худ идома дода истодааст. Хонуме, ки дар навор мавриди иртиботи ҷинсӣ қарор дорад, зани никоҳии дувуми ин мулло будааст.
Як манбаъ дар шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 10 июн ба Радиои Озодӣ гуфта буд, дар робита ба ин қазия имом-хатиби масҷиди яке аз деҳаҳои ин ноҳияро бозпурсӣ кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин рӯҳонӣ иқрор кардааст, ки дар навор дар воқеъ алоқаи ҷинсии ӯ сабт шудааст, вале на бо кадом зани бегона, балки бо зани никоҳиаш. Ӯ гуфтааст, ин наворро дар телефони мобил барои худаш сабт карда буд, вале ҳафтае пеш телефонашро гум кард ва дигар намедонад, кӣ ин наворро дар интернет гузоштааст.
Манбаъи Озодӣ дар шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, онҳо ба хотири ҳифзи обрӯи “қаҳрамон”-и навор аз ифшои номаш худдорӣ мекунанд. «Танҳо ба хотири обрӯ ва ҳайсияти инсониаш номи имом-хатибро фош намекунем, вале худи ӯ иқрор кард, ки дар ҳақиқат ин наворро ӯ худаш дар телефонаш сабт кардааст,» - мегӯяд ин корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рудакӣ.
Нашри ин навори алоқаи ҷинсӣ дар Интернет чанд муддат боз сарусадоҳои мухталифро дар ҷомиа барангехтааст. Нафаре бо номи Солеҳ Ҳотамиён дар Фейсбук ин наворро дар саҳифааш ҷо дода, ба чанд сиёсатмадори исломиро ҳамчун қаҳрамони навор муаррифӣ карда буд. Аммо манбаи Озодӣ дар шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, пас аз даъват ва бозпурсии имоми масҷиди як аз деҳоти ноҳия, “қаҳрамон”-и аслии ин навор шиносоӣ шудааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ин имом-хатиб аз нигоҳи рӯҳиву равонӣ солим будааст.
Ҳоло мақомоти пулиси ноҳия мехоҳанд мушаххас кунанд, ки ин навор чигуна ва аз тарафи кӣ дар Ютюб нашр шуд.