Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки теъдоди довталабони таҳсил дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон имсол афзоиш хоҳад ёфт. Онҳо болоравии таваҷҷуҳ ба ин донишкадаро бо амри як соли пеши ҳукумат марбут мекунанд, ки бар пояи он, аз ин баъд таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳои динии дигар кишварҳо фақат баъди дарёфти дипломи Донишкадаи исломӣ ва иҷозаи хаттии вазорати маорифу Кумитаи дини Тоҷикистон мумкин хоҳад буд. Акнун волидоне, ки мехоҳанд фарзандонашон дар донишгоҳҳои исломии Покистону Мисру Урдун таҳсил кунанд, онҳоро барои таҳсил аввал ба Донишкадаи исломӣ меоваранд.
Ба гуфтаи коршиносон, ҳукумат дигар роҳҳои хоҳишмандон барои сабақомӯзӣ дар мадрасаву донишкадаҳои исломии дигар кишварҳоро баста аст - тайи ду соли ахир садҳо шогирдони мадрасаву донишкадаҳои исломии дигар кишварҳо ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
БА МУЛЛО НЕ, БА ИСЛОМШИНОС НИЁЗ ДОРЕМ!
Таваҷҷуҳ ба Донишкадаи исломӣ дар ҳолест, ки, аз нигоҳи коршиносону мутахассисони мазҳабӣ, раҳбандиҳои зиёд дар роҳи дарёфти таълимоти мазҳабӣ ҷавононро коҳилу танбал кардааст. Идибек Зиёев, проректори Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, чанде қабл дар як нишаст дар шаҳри Душанбе, аз китоб нахондани толибилмон изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, имтиҳонҳо собит мекунанд, ки сатҳи дониши толибилмони мадрасаҳову донишкада аз меъёр хело пойин аст.”Дар Донишкадаи исломӣ китобхонаи бузург, аз ҷумла, китобхонаи электронӣ, мавҷуд аст, аммо теъдоди хело ками толибилмон аз ин китобхона истифода мекунанд”, гуфта буд ӯ.
Донишманди илми фиқҳ меафзояд, шояд ҳамин коҳилист, ки имом-хатибҳо метавонанд соатҳо “амри маъруф” кунанд, аммо дар навиштани як мақола ё
гузориши хурди мазҳабӣ оҷизӣ мекашанд. “Ҳоло мутахассисоне заруранд, ки аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардан тавонанд, ҳадисҳоро медонанд ва бо дигар ҷараёнҳои мазҳабӣ хуб ошно бошанд”, вале, ба гуфтаи Идибек Зиёев, то имрӯз ягон имом-хатиб ба пажуҳиши масоили мазҳабӣ рӯ наовардааст.
Дигар донишмандону таҳлилгарон ҳам мегӯянд, ки Донишкадаи исломӣ бояд ба як маркази воқеъии исломшиносӣ табдил шавад. Муовини раиси Маркази таҳқиқоти исломии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон Шерзод Абдуллоев бошад мегӯяд, ки бояд дар назди факултаҳои гуманитарӣ ва фалсафаву таърихи донишгоҳҳо шӯъбаҳои диншиносӣ ё исломшиносӣ таъсис шаванд. Донишҷӯёни ин шӯъбаҳо метавонанд фардо ба пажуҳиши масъалаҳои умдаи дину мазҳаб пардозанд.
Саид Аҳмадов, ки замони шӯравӣ раҳбарии шӯъбаи исломшиносии Пажуҳишгоҳи шарқшиноси Акадкмияи фанҳои Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, мегӯяд,ки ин шӯбъа соли 1993 баъди барҳам хӯрдани пажуҳишгоҳ аз байн рафт. “Дар он шӯъба воқеъан чаҳор-панҷ исломшинос тарбият шуда буд. Ҳозир ба исломшиносӣ фақат сектори таъриху фалсафаи Академияи фанҳо машғул аст, ки бештар рӯи тасаввуфу калому исмоилия, яъне фалсафаи ислом, тамаркуз кардааст”. Ӯ меафзояд, ки ҳоло дар Тоҷикистон касе ба пажуҳиши таърихи дин, иҷтимод ё сотсиологияи дин, психологияи дин, дараҷаи диндорӣ машғул нест. Ба гуфтаи донишманд, “баъд аз истиқлолият мақомот ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ накарда, ҳамаро ба ихтиёри муллоҳо гузоштаанд”.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, миёни рӯҳониёни тоҷик онҳое, ки аркони исломро пажуҳиш кардаанд, зиёданд. Домуллои Ҳикматуллои Тоҷикободӣ, Алломаи Регарӣ, рӯҳониёни хонаводаи Тураҷонзодаҳо ва чанде дигарон дар сари гаҳвораи исломшиносӣ нишастаанд. Ва аммо донишмандони “дуняви”-и ислом ин афродро эътироф намекунанд, зеро аз онҳо то ҳол китобе ё пажуҳише нашру дастраси мардум нашудааст.
Зимнан, панҷ сол пеш бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази таҳқиқоти исломӣ таъсис шуд, ки он чун муассисаи давлатии иттилоотиву таҳлилӣ, ташхисӣ ва машваратӣ муаррифӣ мешавад.
МАКТАБ БА ТАЪЛИМИ ДИНӢ НИЁЗ НАДОРАД?
Муҳаққиқони масоили мазҳабӣ мегӯянд, онҳое, ки аз исломи воқеъӣ огаҳ нестанд, зуд ва осон “тӯъма”-и гурӯҳу ҷараёнҳои тундгаро мешаванд. Саид Аҳмадов, мӯътақид аст, ки ҷавонон бо асосҳои адён, аз ҷумла, дини ислом, бояд замони мактабхонӣ ошно шаванд. Чанд сол қабл ӯ ва Муҳаммадризо Шодиев китоби “Маърифати ислом”-ро таҳия карданд ва қарор буд, ки фанне бо
ҳамин ном ба барномаи мактабӣ ворид карда шавад. Дар китоби дарсӣ, ки дар таълифаш донишмандон ва бархе аз устодони Донишкадаи давлатии исломии Имом Абӯҳанифа низ саҳм гирифтанд, аз таърихи дини мубини ислом, паёмбари он Муҳаммад (с), Қуръони Карим ва тафсири он сухан мерафт. Саид Аҳмадов меафзояд, ки таълифи китоби “Маърифати ислом” аслан иқдоми вазорати маориф дар посух ба даъвати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар як суханрониаш дар робита ба бузургдошти соли Имоми Аъзам хостори ислоҳи барномаи таълимии мактабҳо ва мутобиқ кардани онҳо бо таълимоти мазҳаби ҳанафӣ шуда буд. Аммо, ба гуфтаи Саид Аҳмадов, баъд аз нашри китоб худи вазорати маориф аз вуруди “Маърифати исломӣ” ба барномаи мактабӣ монеъ шуд. “Агар мушкиле дар матн ё мӯҳтавои китоб буд, метавонистанд онро ислоҳ кунад ё ҳадди аққал гурӯҳеро барои навиштани китоби нави дарсӣ барои мактабҳои миёна муваззаф намоянд”, мегӯяд ӯ.
Абдусаттор Одинаев, масъули бахши равобити байналмилалӣ дар Вазорати маорифи Тоҷикистон, дар ташреҳи тасмими вазорат гуфт, мактабҳои Тоҷикистон имрӯз ба фанни “Маърифати ислом” ниёзе надоранд. Аз нигоҳи ӯ, «имрӯз дар доираи он 30 фанне, ки дар мактабҳои миёна ба хонандаҳо таълим дода мешавад, ҳама ҷабҳаҳои тарбия ба роҳ монда шудааст. Ҳар муаллим қабл аз дарс чанд дақиқа ба хонандаҳо роҷеъ ба одобу ахлоқ ва мавзӯъҳои дигар сӯҳбат мекунад. Фикр мекунам, мо аз ин ҷиҳат имрӯз ягон холигӣ надорем, яъне намешавад гуфт, ки бе “Маърифати Исломӣ” кор пеш нарафта истодааст. Дар доираи дигар фанҳо дар мактабу донишгоҳҳо ба муҳассилин маълумоти динӣ дода мешавад».
Зимнан, масъулини маориф иқрор мекунанд, ки сабаби тасмим фақат камбудиҳои китоби таҳияшуда нест. Дар кишвар теъдоди омӯзгороне, ки тавони ба толибилмон омӯзонидани дарси дину диёнатро доранд, хело кам аст. Ба гуфтаи Атовулло Қосимов, раиси Маркази таълимии имомхатибон дар назди Маркази исломии Тоҷикистон, вазорати маориф хатмкардагони донишкадаи исломиро барои таълими фанни “Маърифати исломӣ” ҷалб кардан намехоҳад, дар бораи имом-хатибону муллоҳо бошад, ҳоҷати гап нест. Қарор буд, ки дар сурати ворид шудани ин фан ба барномаи мактабӣ таълим бар дӯши омӯзгорони фанҳои таърих ва адабиёт вогузор шавад.
Пажуҳишгарони масоили мазҳабӣ мегӯянд, имрӯз ағлаби ҷавонони хоҳишманд масоили диниро дар масҷиду дар хона меомӯзанд, ки кофӣ нест ва онҳо фақат ояҳои Қуръони Каримро “қориазёд” мекунанд ва ба мӯҳтавои он сарфаҳм намераванд. Ва ин дар ҳоелст, ки таълими шогирдон дар мадрасаи хусусии динӣ мамнӯъ аст. Соли гузашта додситонии минтақаи Кӯлоб алайҳи Масеҳиддин Абдуллоев, сокини деҳаи Олимтоийи ноҳияи Восеъ, барои таъсиси як мадрасаи хусусӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард. Дар ин мадраса 17 нафар наврасони аз 12 то 14-сола таълими динӣ мегирифтаанд. Шумораи мадрасаҳои расмӣ бошад, солҳои ахир коҳиш ёфтааст – баъд аз сабти номи дубора аз 20 мадраса ҳамагӣ шаштояш ҳаққи тадриси кудаконро пайдо карданду халос.
Ба гуфтаи коршиносон, ибтидои роҳ сӯи исломшиносӣ - омӯзиши аркони ислом аз солҳои кӯдакиву наврасӣ мебошад, ки алҳол дар ҳар қадами он бо саддҳои мушкилгузар метавон рӯбарӯ шуд...