Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Осиёии Рушд: Хабари «канорагирӣ» аз CASA-1000 саҳеҳ нест


Бонки Осиёии Рушд мегӯяд, ҳанӯз дар мавриди сармоягузорӣ ба тарҳи CASA-1000 тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.

Намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон хабари инро, ки ниҳоди мазури байнулмилалӣ аз тарҳи CASA-1000 «канорагирӣ» кардааст, дуруст намешуморад ва мегӯяд, ин барнома мавриди омӯзиши бонк қарор дорад.

Татяна Евстафеева, сухангӯи дафтари намояндагии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 7 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки «гап дар сари он аст, ки ҳеҷ кас (ширкати бонкро дар ин сармоягузорӣ) рад накардааст. Бонки Осиёии Рушд, ҳеҷ гоҳ дар бораи сармоягузорӣ кардан ё накардани ин тарҳ суҳбат накардааст. «Ҳа» ё «не» - ин гуна сӯҳбатҳо нашудааст. Баръакс ин мавзӯъ, яъне тарҳи CASA — 1000 дар сатҳи музокирот, омузиш ва баррасӣ қарор дорад».

Ҳамзамон гуфта шуд, Бонки Рушди Осиё(БОР) аз рушди тиҷорати минтақаӣ ва сохтмони марҳала ба марҳалаи сохтори энергетикӣ ба манзури беҳбуди бозоре, ки кишварҳои зиёд аз он баҳравар шаванд, ҳимоят мекунад.

Ин аст, ки ба таъкиди Евстафеева кумитаи ҳамоҳангсозии энергетикии САРЕС имкониятҳои мухталиф ва тарҳҳои марбут ба муттаҳид кардани системаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро маврид омӯзиш қарор додааст.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки нашрияи “The Express Tribune” навиштааст, Бонки Осиёии Рушд аз иҷрои тарҳи CASA-1000 канорагирӣ кард ва сабаби он дар нигарониҳои амниятӣ дар Афғонистон будааст. Қарор аст, ки тавассути хати CASA-1000, ки аз қаламрави Афғонистон мегузарад, 1300 мегаватт нируи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон интиқол ёбад. 300 мегаватти он дар Афғонистон истифода хоҳад шуд ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ин тарҳ пуштибонӣ мекунад.

CASA-1000 барои Амрико мисли тарҳи лулаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон тарҳи стратегӣ ба шумор меравад. Амрико талош дорад иҷрои ин ду тарҳро ташвиқ кунад, вале коршиносон бино ба нигарониҳои амниятӣ онро иҷронашуданӣ меноманд.

Як намояндаи аршади Вазорати обу энержии Покистон гуфтаст, ки арзиши умумии ин тарҳ 966 миллион долларро ташкил медиҳад ва қарор буд, ки Бонки Осиёии Рушд 40 дарсади онро пардохт кунад. Вай гуфтааст: “Ин тарҳро бояд Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Inter-American Development Bank сармоягузорӣ кунанд, вале акнун Бонки Осиёии Рушд аз ин тарҳ хориҷ мешавад”.

16 ноябри соли 2007 намояндагони ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон дар Кобул дар ин бора Ёддошти тафоҳум имзо карда буданд. Дар марҳилаи ниҳоии омӯзиши ин тарҳ, ки дар моҳи феврали соли 2011 анҷом гирифт, меъёри нируи иловагии барқе, ки Тоҷикистону Қирғизистон содир мекунанд бознигарӣ шуд. Интизор мерафт, ки то соли 2016 3700 гигаватт соат (GWh) барқ содир шавад. Вале шарт ин буд, ки интиқоли нируи барқ бо гузашти солҳо ва бо назардошти эҳтиёҷи рӯзафзуни худи Тоҷикистону Қирғизистон коҳиш наёбад. Гузашта аз ин, бояд ин ниру дар давоми тамоми сол интиқол дода шавад, на танҳо аз моҳи апрел то моҳи сентябр. Арзиши интиқоли он барои як киловат соат 3,7 сент дар назар гирифта шудааст ва ин арзиш то соли 2030 ба 7,26 сент хоҳад расид.

Дар мақолаи нашрияи “The Express Tribune” омадааст, ки моҳи августи соли 2008 ҳукматҳои Тоҷикистон Қирғизистон мувофиқатномае имзо карданд ва тибқи он Тоҷикистон ҳар киловатт соат нируи барқи худро ба арзиши 1,5 ва Қирғизистон 2,5 сент хоҳанд фурӯхт.

Ҳар кишвар гурӯҳи корӣ ташкил додааст ва ин гуруҳҳо байни худ пешниҳодҳоро радду бадал мекунанд ва бо ҳам ба тавофуқ мерасонанд. То ҳол чандин нишасти кишварҳои марбута дар Душанбе, Бишкек ва Дубай баргузор шуда, Русия низ гуфтааст, майл дорад, дар ин тарҳ ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG