Михаил Маргелов, раиси Кумитаи умури байналмилалии палатаи болоии порлумони Русия гуфт, бо ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон авзоъ дар ин кишвар бадтар хоҳад шуд. Михаил Маргелов дар Сингапур дар ҳамоиши байналмилалии "Амният дар Осиё" гуфт, “тарки тадриҷии нерӯҳои хориҷӣ ва ба ихтиёри нерӯҳои афғон додани масъулияти таъмини амният, натиҷаи дилхоҳ надодааст, зеро Толибон дигарбора фаъол шуда ва ба муассисаҳои давлатӣ ҳамла мекунанд.”
Бо назардошти ин тамоюл, ба гуфтаи вакили Шӯрои Федератсия, “вуруди фаъолиятҳои террористӣ ва маҷрои маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва аз ҷумлаи шарикони Русия аз кишварҳои муштаракулманофеъ ва созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ на танҳо идома мекунад, балки меафзояд.”
Михаил Маргелов нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Амрикоро интиқод кардааст, ки "шароити манотиқи мушаххаси Афғонистонро ба инобат нагирифта ва масъулияти таъмини амниятро ба ӯҳдаи нерӯҳои маҳаллӣ мегузоранд.” Михаил Маргелов дар идомаи сӯҳбаташ дар нишасти амниятии Сингапур гуфтааст, Русия бар ин бовар аст, ки коҳиши теъдоди нерӯҳои байналмилалии кумак ба амнияти Афғонистон(ISAF) бояд бо назардошти тақвияти тавоноии нерӯҳои амниятии он кишвар сурат бигирад. Сиёсатмадори рус афзудааст, кишвараш мухолифи ҳузури давомдори нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон аст, зеро бо истиқрори субот дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон ҳузури нерӯи хориҷӣ, баръакс мояи шиддат гирифтани авзоъ дар минтақа мешавад.
Русия, ки соли 2005 бо пойфишории давлати Тоҷикистон нерӯҳояшро аз марзи ин кишвар бо Афғонистон берун кард, пайваста мегӯяд, баъди ихроҷи нерӯҳои ҷангии хориҷӣ то поёни соли 2014 мумкин аст, гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ба Осиёи Марказӣ ворид шуда, вазъро ноамн кунанд.
Аммо ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек гуфт, ба эътиқоди ӯ, кишварҳои минтақа ба таҳдиди васеъи ифротгароён аз Афғонистон рӯ ба рӯ нахоҳанд шуд: “Ман фикр намекунам, ки баъди тарки нерӯҳои эътилофӣ, ифротгароёни зиёд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд. Аммо бояд барои ин омода шуд, аз ин рӯ, мо аз ҳампаймонҳои худ, муттаҳидони стротегии худ мехоҳем, ки барои тақвияти марзҳои ҷанубии кишварҳои муштаракулманофеъ, марзи Тоҷикистону Афғонистон кумак кунанд, ки мо тавонем, худрову Осиёи Марказиро, кишварҳои муштаракулманофеъ, Русия ва Аврупоро муҳофизат кунем.”
Аз ин пештар дар моҳи апрел Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар Медиа-форуми Авруосиё дар Остона гуфт, “фарзияҳо дар бораи пешомади фалокат” дар Осиёи Марказиро баъд аз соли 2014 беасос медонад, зеро ба бовари ӯ, “ҳеҷ чизи фавқуллодае ба вуқӯъ намепайвандад.” Вале Назарбоев гуфтааст, онҳое ҳам ҳастанд, ки мехоҳанд бо ингуна сенарияҳо кишварҳои минтақаро битарсонанд.
Ҳушдорҳои пайвастаи Русия аз бадтар шудани авзоъ дар Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистонро як талоше барои бозгардонидани нуфузи пешинааш ба минтақа медонанд. Чанде пеш Игор Лякин-Фролов, намояндаи Русия дар Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфт, Русия ҳозир аст, барои кумак дар посбонии марзи 1400-километрии Тоҷикистону Афғонистон сарҳадбононашро дигарбора ба ин минтақа бифристад. Ӯ гуфтааст, “Агар ҳамкорони тоҷик ба мо муроҷиат кунанд, мумкин аст, ин масъаларо баррасӣ кунем.”
Давлати Тоҷикистон дар гузашта гуфта буд, қодир аст, мустақилона марзҳояшро посбонӣ кунад ва агар кишваре мехоҳад дар ин амр мусоидат кунад, беҳтар аст, дар таъмини нерӯҳои марзбонӣ ва бо абзорҳои муосир муҷаҳҳазу мусаллаҳ кардани онҳо кӯмак расонад.
Нирӯҳои марзбонии Русия, бар асоси қарордоди ду кишвар, дар соли 2005 масъулияти ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистонро пурра ба марзбонони тоҷик вогузор карданд.