Рашид Мередов, вазири умури хориҷии Туркманистон, рӯзи 31-уми май эълом кард, ки маросими ботантанаи оғози бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон рӯзи 5 июн дар вилояти Лебапи (Лаби об) Туркманистон ва бо ширкати президентҳои се кишвар баргузор мешавад. Дар он рӯз дар вилояти мазкур бунёди қитъаи роҳи оҳани Отамурод-Имомназар-Акин оғоз меёбад, ки қарор аст, бар асоси тарҳ, то ба қаламрави Афғонистон ва тариқи он ба Тоҷикистон бирасад.
Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни се кишвар дар бораи тақвияти ҳамкориҳо дар арсаи нақлиёту боркашонӣ ва аз ҷумла бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон моҳи марти соли равон дар ҳузури президентҳои се кишвар, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Ҳомиди Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда буд. Рашид Мередов дар нишасти ҳукумати Туркманистон эълом кард, ки раҳбарони ҳарсе кишвар дар маросими оғози бунёди роҳ ҳузур хоҳанд ёфт. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба аҳамияти ин роҳ таъкид карда ва гуфт, роҳи оҳани нав ба манфиати ҳарсе кишвар хоҳад буд ва ба тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Пеш аз имзои ёддошти ҳусни тафоҳуми сеҷониба, соли 2011 миёни Туркманистону Афғонистон созишномае дар бораи бунёди роҳи оҳани Отамурод-Имомназар-Акина имзо карданд. Қитъаи Отамурод-Имомназар дар дохили қаламрави Туркманистон 85 километрро ташкил медиҳад ва қитъаи дуввум аз Имомназар то ноҳияи Андихой дар вилояти Форёби Афғонистон 38 километр аст. Охири моҳи май мақомоти Афғонистон ҳам гуфтанд, ки корҳои ибтидоии бунёди роҳ дар қаламрави кишварро такмил карданд.
Қитъаи роҳи мазкур дар дохили ин кишвар 231 километр дарозӣ дорад ва Аҳмадшоҳ Ваҳид, муовини вазири фавоиди оммаи Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ба зудӣ корҳои фаннии тарҳ оғоз мегардад. Дар маҷмӯъ хатти оҳан, ки аз Туркманистон ба шимоли Афғонистон ва сипас ба Тоҷикистон васл мешавад, ҳудуди 400 километр дарозӣ дошта ва барои бунёди он бештар аз 400 миллилон доллар зарур мешавад. Ҳарсе кишвар умедворанд, ки дар бунёди ин роҳ, муассисаҳои байналмилалии молӣ кӯмак мекунанд ва аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд гуфтааст, ки масъалаи мазкурро баррасӣ мекунад.
Дар сурати иҷро шудани ин тарҳ, мумкин аст, Тоҷикистон аз бунбасти нафасгиркунандаи нақлиётӣ раҳо шавад, ки давлати кишвар ҳамин ҳадафро аз авлавиятҳои ҳаётии кори худ хондааст. Аммо ҳоло маълум нест, ки тарҳи мазкур кай такмил мешавад ва аз сӯи дигар ноамнӣ дар Афғонистонро як мушкили умдае медонанд, ки метавонад, монеъи бунёди роҳи мазкур шавад. Тоҷикистон дар интиқоли молу коло аз тариқи роҳи оҳан ва роҳи заминӣ пойбанди Узбакистон аст, ки робитае баде бо кишвар дорад ва аксар вақт бо баҳонаҳои тармими роҳҳо, меъёрҳои амниятиу расмиёт, роҳҳояшро ба сӯи Тоҷикистон мебандад.
Ҳарчанд Тоҷикистон тайи чанд соли ахир бо роҳҳои заминии нав ба Чину Афғонистон васл шуд, аммо интиқоли молу коло бо мошинҳои боркаш назар ба интиқоли бор аз тариқи роҳи оҳан, садҳо маротиба гарон меафтад ва яке аз сабабҳои гаронии молу ашё ва маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон ҳам харҷи зиёди роҳ аст, ки ба болои қимати он изофа мешавад. Ҳафтае пеш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон ба сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ тарҳи роҳи нави оҳани Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русияро пешниҳод карданд. Аъзои кишварҳои узв ваъда додаанд, ки ин масъаларо баррасӣ хоҳанд кард.