Саидаҳамад Шарофиддинов, раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, ба ғайр аз 4 шасхи масъул, бақияи корманди ширкат ба рухсатии бемуҳлат фиристода шудаанд: «Дар корхонаи мо ҳоло ним баст корманди муҳосибот, шӯъбаи умумӣ ва шӯъбаи кадрҳо кор мекунанд, тамом. Чунки ин кормандон бояд ақаллан ба мактубҳое, ки ба унвонии ширкат меояд, посух гӯянд. Боқимонда дар рухсатии бемӯҳлат ҳастанд.»
Сабаб дар он аст, ки ширкат асосан ба танзими истифодаи гази Узбакистон машғул буд ва интиқоли газ аз Узбакистон аз соати 6-и шоми 31-уми декабри соли 2012 қатъ гардидаааст. Гуфта мешуд, ки интиқоли газ аз ин кишвар ба Тоҷикистон бидуни огоҳӣ ва ҳанӯз 12 соат қабл аз поёни қарордод қатъ шудааст. Тоҷикистон дар соли 2012 ба ҷои 155 миллион метри мукааби тавофуқшуда, аз Узбакистон ҳамагӣ 132 миллион метри мукааб газ гирифтааст.
Музокироти қарордоди нави интиқоли газ байни Душанбеву Тошканд дар поёни соли 2012 бенатиҷа анҷом ёфта буд. Аммо як манбаъ аз Вазорати энергетика ва саноат, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард гуфт, ки то ба ҳол ширкати «Узтрансгаз» ба номаи эшон дар мавриди бастани шартномаи нави интиқоли газ ҷавоби рад надодааст ва бинобар ин ҷониби Тоҷикистон талоши таҳия ва имзои шартномаи навро идома медиҳад.
Дар Тоҷикистон гази Узбакистон камтар барои аҳолӣ, балки барои фаъолияти корхонаҳои азиме мисли «Талко", "Тоҷиксемент" ва «Тоҷиказот» истифода мешавад. Корхонаи «Тоҷиказот» панҷ сол инҷониб бинобар кам будани фишори газ фаъолият намекард аммо баъди қатъи интиқоли газ беш аз ҳама корхонаи "Тоҷиксемент" зарар дид. Ба иттилои сомонаи расмии Вазорати энергетика ва саноат, зиёни «Тоҷиксемент» танҳо дар се моҳи соли ҷорӣ ба 40 миллион сомонӣ расидааст.
Аммо масъулони ширкати алюминуми "Талко" мегӯянд, дастгоҳҳои истеҳсоли газ аз ангиштро насб кардаанд ва дар мавриди зарурат то 90 дарсади талаботи корхонаро бо ин газ таъмин мекунанд.
Раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» Саидаҳамад Шарофиддинов гуфт, бисёриҳо дар кишвар ба умеди ин низ ҳастанд, ки ба зудӣ аз конҳои мавриди таҳқиқи ширкатҳои бузург дар ҳудуди худи Тоҷикистон газ истихроҷ хоҳад шуд. Бо назардошти ин, ширкати «Тоҷиктрансгаз» ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки аз ноҳияи Ёвон то Сарбанд хатти гази 60-километраро бунёд созад, то ин ки дар сурати оғози истихроҷи гази худӣ аз мавзеи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав, газ тариқи ин лула то ба корхонаи «Тоҷиказот» интиқол дода шавад. Ширкати «Тоҷиктрансгаз» дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 3 ҳазор километр лулаи газро дар ихтиёр дорад.