Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маърака"-и нави Онишенко бар зидди муҳоҷирони тоҷик


Онишенко дар маъракаи пешини худ бо қаторҳои Тоҷикистон
Онишенко дар маъракаи пешини худ бо қаторҳои Тоҷикистон
Хабаргузории ИТАР-ТАСС-и Русия навиштааст, ки дар давоми як шабонарӯзи ахир дар кишвари Перм ду мавриди бемории домана сабт шудааст. Дар ин бора Геннадий Онишенко-раиси Роспотребнадзор хабар додааст. Вай гуфтааст: “Дар як шабонарӯз ду мавриди гирифторӣ ба ин беморӣ. Дар маҷмуъ 6 нафар”.

Ба гуфтаи Онишенко, аввалин шахси бемор шаҳрванди Тоҷикистон будааст ва ҳамаи 6 мавриди беморӣ дар миёни муҳоҷирон ошкор шудааст.

Вай ҳушдор додааст, ки ҳамаи беморон дар амбори меваву сабзиҷот кор мекунанд.
Ин гуфтаҳо ба он ишора мекунад, ки беморӣ метавонад бо меваву сабзиҷот дар миёни истеъмолкунандагон паҳн шавад.
XS
SM
MD
LG