Абдулкабир Восиқ, сухангӯи волии Панҷшер, ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи чаҳоршанбе як бомбгузори маргталаб худро дар назди идораи ҳукумат мунфаҷир кард ва як ходими пулисро ба ҳалокат расонд. Вале маъмурони амниятӣ 6 бомбгузори дигарро ҳангоми талоши вуруд ба идора аз байн бурданд. Ба гуфтаи Абдулкабир Восиқ, ҳамаи ҳамлагарон дар тан либоси пулис доштаанд. Масъулияти ин ҳамларо Толибон бар дӯш гирифт.
Панҷшер аз амнтарин вилояти Афғонистон маҳсуб мешуд ва то кунун чунин ҳамлаҳо дар Панҷшер тақрибан рух надода буд.
Аҳмад Ҳаноиш, хабарнигори Радиои Афғонистони Озод дар Панҷшер ҳодисаро инугуна шарҳ дод:
Соати 7-и субҳ, ҳафт ҳамлавари интиҳорӣ, савори як мошин ба дарвозаи идораи ҳукумати вилояти Панҷшер наздик шуда ва ба сӯи нигҳбонони дарвоза тирандозиро шурӯъ карданд. Дар ҷараёни тирпарронӣ як муҳофизи дарвоза кушта шуд ва ин ба ҳамлаварон имкон дод, ки аз дарвоза ворид шаванд, аммо ба оташи ҷавобии муҳофизон рӯ ба рӯ шуданд. Дар ин даргирӣ се нафар аз ҳуҷумкунандаҳои интиҳорӣ худро мунфаҷир карданд, чаҳор тани дигар аз тири нирӯҳои амниятии Панҷшер ба ҳалокат расиданд ва ҷасадҳои онҳо дар саҳни сохтмон ба назар мерасид.
Озодӣ: Ҳуввияти ҳамлаварони интиҳорӣ ошкор шудааст? Мақомот дар ин бора чӣ мегӯянд?
Аҳмад Ҳаноиш: Мақомоти вилояти Панҷшер ба ин бовар ҳастанд, ки ин ҳамлакунандаҳо атбои узбакӣ ҳастанд, ки аз тарафи Покистон созмондиҳӣ шуда, асосан ҷавонҳои зери синни 17-18 ҳастанд. Мақомоти Панҷшер таъкид доранд, ки дар бозҷӯии ибтидоӣ асноду шавоҳидеро дарёфт кардаанд, ки рабти онҳоро бо Ал-Қоида собит мекунад ва ин ҳамла бо як созмондиҳии фавқулодда аз Покистон раҳбарӣ мешуд.
Озодӣ: Ҳуҷуми интиҳорӣ ва тирпарронӣ бо гурӯҳи ҳамлавар аз тарафи нирӯҳои амниятӣ ҳам хисороти ҷонӣ ба бор овард?
Аҳмад Ҳаноиш: Мақомоти амниятии вилояти Панҷшер гуфтаанд, ки дар ин ҳодиса як сарбози амниятӣ кушта шуда ва се нафар аз сарбозони пулис захм бардоштанд. Хисороти ҷонӣ дар байни афрроди мулкӣ мушоҳида нашудаст.
Озодӣ: Панҷшер то ҳол аз вилоятҳои нисбатан амнтари Афғонистон номбар мешуд. Аммо ин ҳуҷум чӣ пайғом дорад?
Аҳмад Ҳаноиш: Ин суоле буд, ки ман бо мақомоти Панҷшер, аз ҷумла бо Киромиддини Карим, волии Панҷшер матраҳ кардам. Онҳо мегӯянд, бо назардошти мансубияти ин гурӯҳ ба Ал –Қоида пайғом ин аст, ки агар онҳо бихоҳанд, амнтарин минтақаро низ метавонанд ноамн кунанд.