Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин нишаст, ки ҳудуди 750 нафар аз 50 кишвари узви Бонки исломии рушд(БИР) ва 68 созмони байналмилалиро гирди ҳам овардааст, мулоҳизоташ роҷеъ ба ҳамкории кишварҳои исломӣ дар шароити феълӣ ва фаъолияти БИР дар иҷрои тарҳҳои муҳими минтақавиро баён дошт.
Оқои Раҳмон аз нақши боризи дини ислом чун василаи густариши робитаҳои сиёсӣ, рушду тараққиёти илму фарҳанг ва иқтисоду тиҷорат ёдовар шуда, кишварҳои мусулмонӣ ва аъзои Бонки исломии рушдро ба ҳамкории созанда, ба хусус дастгирии пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишварҳои рӯ ба рушди олами Ислом даъват намуд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, «албатта, таъмини аҳдофи воло замоне имконпазир мегардад, ки кишварҳои исломӣ бо пайравии амалӣ ва саҳеҳ аз дастури қуръонии «Мӯъмин - бародари мӯъмин», ваҳдати воқеӣ ва ҳамкории мутақобилан сӯдмандро ба роҳ монанд. Дар ин росто вусъати фаъолияти сармоягузории кишварҳо аз лиҳози молиявӣ, бунёди иншооти мавриди ниёз ва муосири иқтисодӣ дар дигар кишварҳои мусалмонии рӯ ба инкишоф бояд мақоми марказӣ касб кунад.»
Президенти Тоҷикистон бо таъкид ба ҳаққи мардуми мусалмон ба як зиндагии шоиста хостори нақши фаъолтари БИР дар ин ҷода шуд. Эмомалӣ Раҳмон ибрози умед кард, ки ин ниҳоди бонуфузи молӣ дар иҷрои лоиҳаҳои марбут ба КАСА -1000, яъне бунёди хати интиқоли барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон то Афғонистону Покистон ва инчунин сохтмони роҳи мошингарди Кулма — Қароқурум ва роҳи оҳани Туркманистон — Афғонистон ва Тоҷикистон кумаки молӣ хоҳад кард. Ба бовари оқои Раҳмон, «лоиҳаҳои мазкур ба фоидаи кулли давлатҳои узви гурӯҳи Бонки Исломии Рушд мебошад. Итминон дорам, ки бонк кумаки худро дар ин замина дареғ намедорад.»
Аҳмад Муҳаммад Алӣ, раиси БИРдар посух ба ин даъват гуфт, ки ин бонк афзалиятҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, рушди бахшҳои гуногуни соҳаҳои кишоварзӣ, саноати коркард ва ғайраро хуб дарк мекунад ва минбаъд низ кумаку мусоидати худро дар иҷрои ин гуна тарҳҳо дареғ нахоҳад дошт. Муҳаммад Алӣ дар ин росто форуми соҳибкорону тоҷирони сершумори кишварҳои мусулмонӣ дар Тоҷикистонро барои дарёфти роҳу василаҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла барои ҷалби бештари сармояи кишварҳои пешрафтаи мусулмонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард
Мулоқоти мудирони БИР дар шаҳри Душанбе 18 май аз як ҳамоиши тиҷорӣ дар осоишгоҳи Пуғуси Варзоб шурӯъ шуд. Ҳамчунин рӯзи 20 май дар Кохи Сомон ҳамоиши муштараки «Навоварӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ ва семинар дар мавзӯи «ҳамкории минтақавӣ ва ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз» сурат гирифт. Нимаи дуввуми 21 май Симпозиуми 24 — уми ин ниҳод дар мавзӯъи «Навоварӣ барои рушди иқтисоди аъзои кишварҳои БИР» доир мешавад ва фардо ҷаласаи хотимавии солонаи ин бонк дар шаҳри Душанбе дар назар аст, ки қарор аст, дар чорчӯби он чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расад. Дар поёни ин нишаст як нишасти хабарӣ бо ширкати раиси шӯрои мудирону президенти БИР ва раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон доир хоҳад шуд.
Тоҷикистон аз соли 1996 ба узвияти БИР шомил шуда ва ҷмъи кумакҳои молии дарёфткардааш аз ин ниҳоди молӣ то имрӯз беш аз 191 миллион доллар баровард мешавад. Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, БИР дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон дар таъмини молии 15 лоиҳа ширкат дорад.
БИР соли 1973 ташкил шуда, бар пояи меъёрҳои Шариат амал мекунад. Ин ниҳоди молии марказаш дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ феълан 56 кишвари мусалмонии дунёро муттаҳид мекунад.