Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеймс Доббинс ҷойгузини Марк Гроссман шуд


Ҷемc Доббинс ба ҳайси намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ва Покистон таъйин шудааст.

Раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама, ин дипломати кордидаи амрикоиро ба ҳайси намояндаи вижаи худ дар умури Афғонистон ва Покистон, муаррифӣ кард.

Як сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи ҷумъаи 3-юми май дар Вошингтон ба хабарнигорон гуфт: «Вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ ба раисони ҷумҳури Афғонистон ва Покистон дар тамос шуда ва барояшон гуфтааст, ки Ҷемс Доббинс пазируфта, ки ба ҳайси намояндаи вижаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон хидмат кунад. Ӯ дарки амиқ ва тӯлонӣ аз минтақа дорад.»

Ҷемс Доббинси ҳафтод сола қаблан ба ҳайси муовини вазири умури хориҷии Амрико дар умури Аврупо ва сафири Амрико дар Иттиҳодияи Аврупо ифои вазифа кардааст. Ахиран оқои Доббинс раиси Маркази сиёсати байналмилалии "RAND" дар умури амниятӣ ва дифоӣ будааст.

Ба дунболи суқути режими Толибон дар соли 2001, оқои Доббинс парчами Амрикоро бар фарози сафорати ин кишвар дар Кобул барафрошт. Ӯ ҳамчунин маъмуриятҳои дипломатии сангинеро дар кишварҳои бӯҳронзадаи Сомалӣ, Ҳаитӣ ва Косово ба ӯҳда доштааст.

Оқои Доббинс ба ҷойи Марк Гроссман, ки аз авоили соли 2011 ва ба дунболи даргузашти дипломати маъруф Ричард Ҳолбрук, дар мақоми фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ва Покистон кор мекард, таъйин шудааст.
XS
SM
MD
LG