Бино бар ин дастур Иёлоти Муттаҳида бояд аз гардиши дороиҳое, ки ба густариши силоҳи қатли ом рабт доранд, пешгирӣ кунад. Дар гузориши Реестри Федероли ИМА, ки субҳи 1-уми май нашр шуд, омадааст, ки чунин таҳрим нисбати Kont Investment Bank, марказаш дар шаҳри Душанбе, ҷорӣ гаштааст. Муассиси ин бонк ширкати Kont Kosmetik мебошад, ки дар Туркия сабтином шуда ва сармояи он дар ИМА низ зери таҳрим меафтад.
Kont Investment Bank ба миллионери эронӣ Муртазо Бобаки Занҷонӣ тааллуқ дошта, дар соли 2007 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Занҷониро расонаҳои эронӣ «даллоли бузурги нафт» ва аз «падархонди иқтисоди Эрон» меноманд, ки то ба қудрат расидани Маҳмуди Аҳмадинажод як нафари умуман номаълум буд. Бино бар иттилои манобеи интернетӣ, Занҷонӣ зодаи Теҳрон, аммо табааи Дания буда, фаъолияти 64 ширкати худро дар Туркия, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Ҳамчунин расонаҳои эронӣ Занҷониро барои сирқати 300 миллион доллар муттаҳам мекунанд, ки чанд соли пеш аз фурӯши нафти Эрон дар хориҷ ба даст оварда, ин маблағро дар бонкаш дар Малайзия нигоҳ медорад.
Ба ғайр аз ин бонк Занҷонӣ ҳамчунин соҳибимтиёзи ширкатҳое чун «Asian Express Airline», Kont Building, «Asian Express” аст ва Терминали автобусҳои Душанбе (Dushanbe Bus Terminal) ва Маркази тиҷоратии Душанбе (Dushanbe City Center) аз тарҳҳои онҳо ба шумор меоянд. Акнун маълум нест, таҳримҳои нави ИМА зидди Kont Investment Bank ба дӯши ҳукумати Тоҷикистон чӣ вазифаеро хоҳанд гузошт . Ин дар ҳолест, ки аксари ширкатҳои марбут ба Занҷонӣ дар Тоҷикистон тавассути порлумони ин кишвар андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод шудаанд.
Амрико ҳамчунин зидди ду ширкати Малайзия, як корхонаи Имороти Муттаҳидаи Араб, як ширкати дар Эрон ва шаҳрванди Эрон Муртазо Бобаки Занҷонӣ таҳрим ҷорӣ кард.