Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нависандаи узбак пас аз 14 соли зиндон раҳо шуд


Маҳмадалӣ Маҳмудов, нависандаи узбак ва аз мухолифони Ислом Каримов, пас аз сипарӣ кардани 14 соли зиндон, раҳо шудааст.

Вай ба иттиҳоми талоши қатли Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, ба зиндон маҳкум шуда буд.

Гулсара Маҳмудова, ҳамсари ин нависандаи узбак дирӯз, шанбеи 20-уми апрел ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки шавҳараш шоми ҷумъа ба таври ғайримунтазира аз зиндон раҳо шуд. Маҳмудови 72-сола, ки муҳлати зиндони вай дар моҳи феврал ба охир расида буд, аз як урдугоҳи коргарон ба боздошгоҳе дар Тошканд интиқол дода шуда буд. Аммо ҳамсари оқои Маҳмудов моҳи гузашта гуфта буд, ки муҳлати дар маҳбас мондани шавҳараш бинобар вайрон кардани муқаррароти зиндон, тамдид шудааст.

Стев Свердлов, як пажӯҳишгари Дидбони ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, ки аз шаҳри Душанбе бо радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, аз раҳоии Маҳмудов истиқбол намуда ва гуфт: “Фикр мекунам барои ҳар кас душвор хоҳад буд, ки 14 сол зиндагиаш аз вай гирифта шавад ва 14солро дар вазъияте, ки дар зиндонҳои Узбакистон ҳукмфармо аст, бигузаронад. Ҳар рӯзеро ки Маҳмудовр дар зиндон сипарӣ карда, як беадолатии ваҳшатнок будааст.»

Раҳоии ин маҳбуси мухолифи Ислом Каримов, дар ҳоле иттифоқ афтод, ки ҳафтаи ояндаи Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ, аз Тошканд дидан менамояд. Бо дарназардошти ин, ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки оқои Блейк бояд аз мақомоти узбак раҳоии ҳамаи зиндониёни сиёсӣ ва додани ҳаққи озодии сухан ва баён ба онҳоро талаб намояд.

Маҳмудов муаллифи китобҳои машҳур буда ва замоне ҳам рақиби умдаи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури кунунии Узбакистон ба шумор мерафт. Дар соли 1991 хост, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар ширкат намояд, аммо номзадии ӯ пазируфта нашуд.
XS
SM
MD
LG