Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси нақби нотамоми «Истиқлол» ва IRS дар парлумон


Вакилони Маҷлиси намояндагон суол гузоштанд, ки чаро ширкати IRS ба сохтмони нақби «Истиқлол» ҷалб намешавад, дар ҳоле аз он фоида мегирад?

Баҳси он ки чаро ширкати IRS ба бозсозии нақби «Истиқлол» ҷалб намешавад, замоне ба миён омад, ки ба вакилони Маҷлиси намояндагон гуфта шуд, нақб баста ва ҳаракати нақлиёт дубора аз тариқи ағбаи Анзоб сурат хоҳад гирифт. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ширкати мазкур аз ҳаракати нақлиёт ба воситаи ин нақб фоидаи молӣ ба даст меораду баъд аз боз шудани нақб, роҳи Анзоб ба харобазор табдил ёфтааст.

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, гуфт, ба эҳтимоли зиёд аз моҳи июн то охири сентябр нақби «Истиқолол» барои бозсозӣ баста мешавад ва маҷрои мошинҳо дигарбора бояд ба сӯйи Анзоб равона гардад. Вай афзуд, мутахаcсион харҷи бозсозии нақби «Истиқлол»-ро шаш миллион доллар баршумурдаанд ва дар ин тарҳ Эрон низ ширкат хоҳад кард:

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон
Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон
«Аз ҳар ду ҷониб, яъне Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷониби Эрон се миллион долларӣ ҷудо карда мешавад. Се миллион долларе, ки Эрон ҷудо мекунад маблағи грантӣ аст. Чунки маблағҳои қаблан ҷудо кардаи Эрон, ки барои бунёди ин нақб ҷудо шуда буданд, қарз аст. Бинобар ин, ин дафъа мо ҳангоми гуфтушунид бо ҷониби Эрон кӯшиш кардем, ки маблағҳои грантӣ ба мо ҷудо карда шавад.»

Ҷаноби Ҳакимов афзуд, ёддошти тафоҳуми иловагӣ ҷиҳати бозсозии нақби «Истиқлол»-ро раисҷумҳурони Тоҷикистону Эрон ҳанӯз 4-уми сентябри соли 2011 имзо карда буданд ва бозсозии нақб бояд то моҳи декабри соли гузашта анҷом меёфт. Бинобар ин, ба қавли ӯ, онҳо ният доштанд барои бозсозии нақб ягон ширкати чиниро интихоб кунанд, чунки бо ширкатҳои эронӣ кор кардан душвор буда, онҳо дар сухан дигар чиз мегӯянду дар амал кори дигар мекунанд.

Ба таъкиди Ҳакимов, азбаски ин нақб иншооти сиёсӣ асту ду бор аз тарафи раисони ҷумҳури Эрону Тоҷикистон ифтитоҳ шуда буд, эрониҳо гуфтанд, ки “мо сар кардем худамон анҷом медиҳем”.

Ба манзури баста шудани нақби «Истиқлол» барои бозсозӣ дар фасли тобистон, Шодӣ Шабдолов, узви Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон аз вазири нақлиёт чунин суол кард: «Оё дар вақти баста шудани нақби «Истиқлол», роҳи кӯҳнаи ағбаи Анзоб аз барф тоза карда мешавад, то ин ки нақлиёт дар ин муддат ба ин роҳ равуо кунад? Дар рафти ҳамин бозсозӣ масъалаи рушноӣ ва вентилятсияи нақб ҳам ҳал карда мешавад ё не?»

Дар посух ба ин суол Низом Ҳакимов гуфт, ҳар вақте ширкати эронӣ корҳои бозсозиро дар нақб оғоз кунанд, вазорати нақлиёт омода аст дар кӯтоҳтарин фурсат роҳи ағбаи Анзобро ба истифода диҳад. Аммо вазири нақлиёт гуфт, масъалаи насби таҷҳизоти вентилятсионӣ ва рӯшноидиҳанда ба санади мазкур дохил нест ва масъалаи мазкур дар доираи сохтмони НБО Сангтуда -2 бояд маблағгузорӣ шавад. Ба гуфтаи вазири нақлиёт, баъди пурра бозсозӣ шудани нақби «Истиқлол», он ҳам ба ихтиёри ширкати IRS дода мешавад.

Суҳроб Шарифов, вакили МН
Суҳроб Шарифов, вакили МН
Дар ҳамин ҳол, вакили Маҷлиси намоядагон Сӯҳроб Шарипов аз вазири нақлиёт суол кард, ки чаро ширкати IRS, ки аз мусофирони ин ҷода пул мечинад ба бозсозии нақби «Истиқолол» ҷалб карда намешавад? Ҳамчунин дар пайи ин суол вакил аз Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ гуфт: «Чаро нақб аз ҳисоби маблағҳои грантиву будҷаи давлат бозсозӣ мешаваду дар ихтиёри ширкате гузошта мешавад, ки фақат кораш пулҷамъкунӣ аст. Ман, ростӣ, ин сиёсатро намефаҳмам!».

Дар посух ба ин суоли вакилон Низом Ҳакимов гуфт, ки шартномаи ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати IRS-ро қаблан маҳз ҳамин вакилони дар толор нишаста имзо кардаанд ва ҳамакнун бозгаштан ба қафо маъно надорад. Дар тақвият ба суханони вазири нақлиёт, Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ширкати IRS танҳо ба ҷамъоварии маблағ дар масири Душанбе- Хуҷанд машғул нест ва масъулияти дар ҳолати хуб нигоҳ доштани ин роҳро низ бар ӯҳда дорад. Зуҳуров афзуд, он роҳҳое низ ки ҳоло сохта шуда истодаанд, низ дар оянда пулакӣ хоҳанд шуд.

Ба ин тартиб Маҷлиси намояндагон ёддошти тафоҳуми иловагиеро миёни Тоҷикистону Эрон барои бозсозии нақби «Истиқолол» ба тасвиб расонд. Ҳеч ширкати Чин ба тарҳ ҷалб карда намешавад ва IRS низ на ба бозсозии нақб ва ба тармими роҳи ағбаи Анзоб сармоягузорӣ нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG