Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Баргҳои сабз тиллоӣ шуданд...” Ба истиқболи 90-солагии Аминҷон Шукуҳӣ


Нимпайкараи Аминҷон Шукуҳӣ дар саҳни мактаби рақами 26-и зодгоҳаш деҳаи Рӯмон.
Нимпайкараи Аминҷон Шукуҳӣ дар саҳни мактаби рақами 26-и зодгоҳаш деҳаи Рӯмон.

Имсол аз таваллуди Аминҷон Шукуҳӣ, шоир, нависанда, драманавис ва публисисти тоҷик 90 сол пур мешавад.

Муҳаббат – мавҷи дарёи хурӯшон,
Муҳаббат – чашмаи дилҳои ҷӯшон.
Муҳаббат – меҳри дунё, субҳи уммед,
Муҳаббат – навбаҳори умри инсон.
Муҳаббат хона дорад дар дили ман,
Аз он равшан чароғи маҳфили ман...
Муҳаббат омаду дунё дигар шуд,
Гуле, боғе, баҳоре ҷилвагар шуд.

Муаллифи ин байтҳои пурэҳтирос ва пурмуҳаббат Аминҷон Шукуҳӣ - адиби тоҷики давраи пас аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аст.


Шукуҳӣ - шоири лирик ва муаллифи «Об аз куҷо меояд?»

Ӯ имрӯз назди ҳаводорону алоқамандони шеър бештар чун як шоири лирик ва сарояндаи ишқ ҷойгоҳе дорад. Аммо назди бачаҳо Шукуҳӣ ба ҳайси муаллифи достонҳои насрии «Об аз куҷо меояд?», «Асад ва Самад» маҳбубияти хосе дорад.

Нурмуҳаммад Ниёзӣ - шоири тоҷик
Нурмуҳаммад Ниёзӣ - шоири тоҷик
Нурмуҳаммад Ниёзӣ, шоири тоҷик мегӯяд, Шукуҳӣ дар охири солҳои 40-уми асри гузашта бо нафаси гарми ишқ ба майдони адабиёт ворид гашт ва аз ҳамин гармиву самимият тору пуди ҳама осори назмиву насрии вай танида шудаанд:

«Зи шеъри ӯ ба сад гармию нармӣ ишқ мегӯяд,
Бидон, имрӯзу фардои Аминҷони Шукӯҳиро.
Ин байт аз як шеъри ман аст, ки ба устод Шукуҳӣ бахшидаам. Аминҷон Шукуҳӣ дар адабиёт чун шоири сарояндаи ишқи пок, хеле ҳассос, инсони саропои вуҷудаш саришта аз меҳру муҳаббат, инсоне, ки як умр мехост ба инсонҳо аз роҳи маънавиёт ва иҷтимоиёт мадад кунад ва имрӯз ин корро ҳар сатри вай адо мекунад, ҷойгоҳи баланде дорад. Устод Шукуҳӣ ҳамчун шоири лирик нотакрор ҳастанд, баъди Шукуҳӣ шоироне, ки ба дили хонандаҳо ҷойгир шуданд, аз ҷумла, устод Лоиқ, Аскар Ҳаким, Гулрухсор, Саидалӣ Маъмур, Бозор Собир, ... инҳо, ҳама давоми роҳи Шукуҳӣ ҳастанд.»


Аз нигоҳи Нурмуҳаммад Ниёзӣ, содагӣ, самимият, баёни эҳсоси пуртуғёни дил ва тасвиргароӣ ба гунае, ки хонанда онро пеши назар оварда, иштирок карда тавонад, хоси шеърҳои лирикии Шукуҳӣ аст. Беш аз 100 шеъри лирикии ӯро дар мавзӯъҳои муҳаббати Ватан, дӯстӣ, ишқ оҳанг баста, ҳофизони тоҷик месароянд ва барои сурудҳояш Шукуҳӣ дар соли 1965 ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дарёб кардааст:

«Шукуҳӣ дар ҳама ҷо, дар ҳама лаҳза ишқро медиданд. Масалан:
Ватан, бо раҳи ту замон меравад,
Замон сӯи бахти ҷаҳон меравад.
Зи дил ишқи покат чӣ сон меравад,
Ба шир омадаст он, ба ҷон меравад.
Бубинед, мо ҳама вақт «Ватан», «Ишқи Ватан» мегӯем, аммо, ин тавр ки дар бораи бузургии муҳаббати ватан Шукуҳӣ гуфтааст, ба гумонам, каси дигар нагуфтааст.»


Аминҷон Шукуҳӣ баҳори соли 1923 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Хатмкардаи курси омӯзгорӣ ва дар соли 1955 факултаи журналистикаи мактаби олии ҳизбӣ дар шаҳри Маскав аст. Вазифаҳои муовини сардабири рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳозира «Ҳақиқати Суғд»), «Тоҷикистон советӣ» («Ҷумҳурият»-и кунунӣ), котиб, муовини раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 1967 то 1976 раиси кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистонро ба дӯш доштааст. «Суруди чашма», «Ватани сулҳ», «Нафаси гарм», «Кӯчабоғи ошиқон», «Чормағз», «Шаҳло ва Шифо» (бо ҳаммуаллифии Ҳилолиён Аскар), «Об аз куҷо меояд?», «Асад ва Самад» аз ҷумлаи осори назмиву насрии Шукуҳӣ аст. Бархе асарҳои Шукуҳӣ ба русӣ ва забонҳои дигар тарҷимаву нашр шудаанд. Чанд сол пеш достони «Об аз куҷо меояд?» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба англисӣ баргардон шуда, аз чоп баромад.


Моҷарои шеъри «Ба дилдодагон вазорат нест»

Аммо ба рӯҳу равон ва сиҳатии ин шоири табиатан лирик ва дорои эҳсосоти баланд ва публисисти замони худ ҳамзамон бар дӯш доштани вазифаҳои пурмасъулияти ҳизбиву давлатӣ беасар набудааст.

Ҳакимҷон Ҳоҷибоев - писари калонии Шукуҳӣ
Ҳакимҷон Ҳоҷибоев - писари калонии Шукуҳӣ
Ҳакимҷон Ҳоҷибоев, писари калонии Шукуҳӣ, устоди фанни биологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таърихчаи як шеъри падарашро нақл мекунад, ки аз рӯйи он метавон муносибати идеологии давлат ва мақомоти шӯравиро бо шеъру шоирон ва фазову шароити фаъолияти эҷодии Шукуҳӣ дарёфт:

«Падарам шеъре доранд, бо номи «Вазорат нест», ки дар он чунин байт ҳаст :
Куҷо, охир, барам ман арзи шабҳои фироқамро
Ки бар дилдодагон ғайр аз дили ҷонон вазорат нест.
Падар ин шеърро дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» чоп карданд ва дар аввали он эпиграф ҳам навиштанд, ки ба ҳалли ҳама мушкилоти одамон вазоратхонаҳо ҳастанд, ба ҷуз душвориҳои ишқ, ки дар ҳалли он ғайри дили ҷонон ҳар вазорат оҷиз аст. Баъд аз 3 рӯз падарамро мақомот сарзаниш мекунанд, ки «барои дилдодагон вазорат нест» гуфтанашон аз ҷиҳати сиёсӣ нодуруст аст. Дар сохтори шӯравӣ вазорату сохторҳое ҳастанд, ки бо пойдории оилаву ишқу муҳаббат дар байни одамон сари кор доранд. Ин гуна ба хатои сиёсӣ айбдор намудани як адиб замони шӯравӣ барои ҳаёту эҷодиёти вай оқибатҳои хеле бад дошт. Падарам ба хона озурдаву ғамгин баргаштанд. Он мақомҳо ба ин ҳам қаноат накарда, ба раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки он рӯзҳо дар сафари корӣ дар Маскав ё кишвари дигар будаанд, телефонӣ шикоят мебаранд, ки бубинед, шогирдатон чӣ гуна шеъри аз нигоҳи сиёсӣ хато мегӯяд. Устод Турсунзода он шеърро бодиққат мешунаванд, пас ба даъвогарон мегӯянд, ки он шеъри бисёр хуб аст, ба Шукуҳӣ кордор набошед. Ҳамин тавр, он балои замона аз сари падарам дафъ мегардад.»


Эҳтимол, алорағми чунин даъвогарони сиёсӣ, ки дар шеъру шоирӣ ба ҷуз таблиғи ҳизбу сохтори коммунистиву шиорпартоӣ чизе намедиданд, Шукуҳӣ худро дар паноҳи мавзӯъҳои ишқиву ситоиши модару ватану дӯстӣ мегирифт ва сухан аз меҳру муҳаббат мезад. Аммо бо ин вуҷуд фишорҳои замона қалби ин шоири табиатан лирикро дар синни 50 дардманду афсурда, бар замми он ғаму андӯҳи ҷонкоҳи аз даст додани фарзанди калонии худ Наҷминисо дар синни 27 сиҳатии ӯро тамом хароб мекунад.

Каримҷон Ҳоҷибоев, писари хурдии Шукуҳӣ, ки солҳои зиёд аст дар ИМА ба сар мебарад, нақл мекунад: «Падарам дар ҳалқаи аҳли оилаи худ, ҳамсару фарзандонаш хушбахт буд. Шумо медонед, барои як марди миёнаҳоли тоҷик атрофи худ як оилаи хубу хушбахт доштан чӣ қадар мояи ҳастиву ифтихор аст. Сарчашмаи саодату илҳоми падарам ҳам оила буд. Ин хушбахтии вай то даме давом кард, ки ҳар 5 фарзандаш дар наздаш буданд. Замоне ки падарам раҳбарии Кумитаи давлатии телевизион ва радиоро бар дӯш доштанду ин кор дар он таърихи пуршебу фарози Тоҷикистон як кори хеле хастакунанда буд, марги нобаҳангоми ҷигарбанд бар сиҳатии вай зарбаи муҳлик зад.»

Шукуҳӣ дар синни 56 моҳи майи соли 1979, баъд аз 3 моҳи марги духтараш Наҷминисо, бар асари хунравии мағзи сар дар Душанбе рахт аз дунёи фонӣ баст ва он ҷо ба хок супурда шуд.


“Падар моро ба ростгӯиву қадршиносӣ талқин мекарданд”

Ҳакимҷон Ҳоҷибоев Аминҷон Шукуҳиро як одами камгапу хоксор ва дӯстдори обу табиат ёд мекунад: «Падар моро насиҳат мекарданд, ки рост гӯем. Мегуфтанд, ки одам аз пайи гуфтани сухани рост азоб кашад ҳам, оқибат ростиву ҳақ пирӯз меояд. Ҳар сол вақти гули лола аз Душанбе ба Хуҷанд меомаданд, мо, бачаҳоро ба кӯҳи Мевағул лолачинӣ мебурданд. Вақте мешуд, ки бо мо бачаҳо футболбозӣ мекарданд.»

Ба гуфтаи пайвандонаш, шояд аз қаробат ва дӯстдории кӯдакон адиб дар тасвири воқеии олами ботинии бачаҳо, кунҷкобиву маърифатандӯзии онҳо, дарки қадри заҳмати деҳқон даст ёфтааст. Дар достонҳои насрии бачагонаи вай «Об аз куҷо меояд?» ва «Асад ва Самад» ҳамон бачаҳои кунҷкобу кордӯст ва манзараҳои монанд ба боғзорону ҷӯйбору наҳри Рӯмон тасвир шудааст.

Достони «Об аз куҷо меояд?» чанд сол пеш ба қалами Каримҷон Ҳоҷибоев ва Муҳаббат Ҳоҷибоева, ҳамсари ӯ, ба англисӣ тарҷима ва тақдим ба кӯдакони амрикоӣ гашт.

Каримҷон ака мегӯяд: «Падарам моро роҳнамоӣ ва таъкид мекард, ки ба 2 чиз аз ҳама бештар аҳамият диҳем. Яке, ин ки ҳамеша аз пайи таҳсилу омӯхтан, маърифат ва ҷаҳон дидану шинохтан бошем. Дигаре, ба кору заҳмати ҳар кас бо чашми адолат нигоҳ кунем, яъне, ҳар одамро бо мизоне бубинем, ки заҳмату меҳнати ӯ то чӣ андоза ҳалол ва муҳим аст.»

Махфират Ҳоҷибоева - духтари Шукуҳӣ
Махфират Ҳоҷибоева - духтари Шукуҳӣ
Махфират Ҳоҷибоева, духтари Шукуҳӣ, аз тарроҳони маъруфи тоҷик аст, ки дар Хуҷанд кору зиндагӣ мекунад. Зеби утоқи кории вай бархе китобҳои падараш ва китобҳои тақдимкардаи ӯ аст: «Мо аз кор омадани падарро интизор мешудем, ки албатта, ба мо китоб меоварданд. Дар хонаамон бисёр китоб доштем. Китобе, ки надоштем, аз китобхона ба мо меоварданд. Боре маро сари мутолиаи китоби «Записки следователя» диданд. Гуфтанд, ки «ту детектив»-ро дӯст медорӣ» ва 10 ҷилдаи ҳикояҳо дар бораи Шерлок Холмсро туҳфа карданд. Баъди хондани онҳо 12 ҷилдаи осори Жюл Вернро тақдимам карданд. Ман дар бораи падарам як шеър навиштам ва гуфтам, ки то ҳол дар роҳҳои пурпечутоби ҳаёт шахсияти маънавию насиҳатҳои падар дастгирам аст.»


Чӣ гуна бойгонии Шукуҳӣ ба коми оташ рафт?

Махфират Ҳоҷибоева мегӯяд: «Мо маводи бойгонии падарам, дастнависҳо, шеъру ҳикоя ва мақолаву асарҳои нотамомро дар манзиламон дар шаҳри Душанбе нигаҳ медоштем. Аммо маслиҳат донистем, ки онро бо машварати мутахассисони бойгонии пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик ба он ҷо супорем. Чунки шароити нигаҳдории онҳо беҳтар аст ва дар шароити хона намешавад дурудароз ҳифз кард. Соли 1981 ё 1982 буд, ки ҳама бойгонии падарро дар як мошини боркаш бор карда бурда, ба пажӯҳишгоҳи мазкур супурдем. Дар ин бора ба мо ҳуҷҷат доданд. Аммо, мутаассифона, соли 1992, замони ҷанги шаҳрвандӣ, дар бойгонии пажӯҳишгоҳи мазкур сӯхтор сар зад ё оташ заданд ва ҳама бойгонии падар сӯхта, ба коми оташ рафт. Дар дасти мо, фарзандон, танҳо чанд албоми аксҳову китобҳояшон боқӣ монд.»

Аминҷон Шукуҳӣ бо аҳли оилааш
Аминҷон Шукуҳӣ бо аҳли оилааш
Дар соли 2003 ба ифтихори 80-умин солгарди зодрӯзи Шукуҳӣ маҷмӯаи шеър ва рубоиву дубайтиҳои адиб таҳти унвони «Баргҳои тиллоӣ» ва соли 2011 китоби дубайтиҳои шоир «Чормағз» дар Хуҷанд бознашр гардид. Ҳамчунин, адибони тоҷик ёдномаҳои худро дар як муҷаллад бо номи «Ёди Шукуҳӣ» дар Душанбе соли 2003 ба нашр расониданд.

Дар шаҳри Хуҷанд кӯчае ва дар зодгоҳи Аминҷон Шукуҳӣ, деҳаи Рӯмони ноҳияи Ғафуров, мактаби рақами 26 ба номаш гузошта шудаанд.

Қарор аст 90-солагии Аминҷон Шукуҳӣ соли равон дар маркази вилояти Суғд бо баргузории маҳфили бузурги ёдбуд бо иштироки аҳли адабу фарҳанг ва барномаҳои адабӣ таҷлил гардад.
XS
SM
MD
LG