Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар Душанбе: "фармоиш" ё "падидаи нав"?


Созмондиҳандагони тазоҳурот дар канори сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе пушти парда боқӣ мондаанд.

Гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Амрико баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа бо ширкати даҳҳо нафар сурат гирифт. Эътирозгарон дар даст шиорҳои норозигӣ аз раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, аз боздоштгоҳи Украинаро ва бо талаби баргардонидани ӯ ба Тоҷикистон хостори гуфтугӯ бо сафири ИМА дар шаҳри Душанбе шуданд.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ки гирдиҳамоӣ ҳатман бо иҷозаи мақомдорон ва шояд аз сӯи гурӯҳҳои пуштибони ҳукумат ё ҳукуматгаро ташкил шудааст. Амнияти Абдуназар, дигар таҳлилгари тоҷик, ба худҷӯш
Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов
будани ин гирдиҳамоӣ бовар надорад ва мутмаин аст, ки он фармоишист ва аз сӯи мақомоти Тоҷикистон созмон дода шудааст. Ӯ меафзояд, ки аҳзоби сиёсии мухолифи ҳукумат тавони баргузории ин гуна ҳамоишро надоранд ва дар дили мардум ҳам тарс аз паёмадҳои сангини эътирозу гиридиҳамоиҳои ду даҳсола пеш то ҳол берун нашудааст.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ҳам мегӯяд, дар бораи созмондиҳандагони гирдиҳамоӣ алайҳи раҳоии Абдуллоҷонов аз боздоштгоҳ дар Украина иттилое надорад, вале ба ҳар сурат, ин тазоҳурот барои Тоҷикистон, ки солҳо боз гирдиҳамоиҳо доир нашудаанд, як падидаи нав аст. Ба гуфтаи ӯ, “ин гирдиҳамоӣ нишон дод, ки мардуми мо ҳам барои баргузории эътирозҳову гирдиҳамоиҳо омода шудаанд – то ҷое, ки мо хабар дорем, ягон ҳодисаи латукӯб ё шикастану хароб кардан дар ин гирдиҳамоӣ рӯй надодааст ва маълум мешавад ҳамкории хуб миёни эътирозгарон ва мақомоти ҳифз ҳуқуқ он ҷо будааст”

Муҳиддин Кабирӣ меафзояд, аз ин баъд, шояд ба осонӣ ҳам набошад, аммо мақомот ба баргузории гирдиҳамоиҳо иҷоза хоҳанд дод. Ба гуфтаи ӯ, тайи солҳои ахир, ягон ҳизби сиёсӣ, аз ҷумла, Ҳизби наҳзати ислом талаби
Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ
баргузории гирдиҳамоиро накардааст. Аммо агар чунин зарурат пеш ояд, ҳизб ҳатман чунин талаб хоҳад кард ва Муҳиддин Кабирӣ мутмаин аст, ки он дар чаҳорчӯби қонун ҳаллу фасл хоҳад шуд. Сиёсатмадори тоҷик меафзояд, гирдиҳамоии ахир баёнгари он аст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳам “пухта расидаанд” ва аз ин баъд наметавонанд бо далелҳои набудани шароит ва халалдор шудани амну субот, талаби Қонуни асосӣ дар бораи озодии гирдиҳамоиву раҳпаймоҳиҳоро нодида бигиранд.

Аммо Парвиз Муллоҷонов дар ин мавзӯъ хушбин нест ва мегӯяд, "ҳукумат фақат дар он гирдиҳамоиву эътирозҳое иҷоза хоҳад дод, ки ба дур аз умури сиёсии Тоҷикистонанд, яъне ба гирдиҳамоиҳо дар канори сафоратхонаҳои дигар кишварҳо". Ба гуфтаи ӯ, ба вижа дар вазъе, ки кишвар дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ қарор дорад, гумон аст мақомот ба гирдиҳамоиҳои дохилии сиёсӣ иҷоза диҳанд.

Парвиз Муллоҷонов аз он ҳайрон аст, ки чаро гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Амрико баргузор шудааст. Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи мантиқ мебуд агар эътироз ҳадди аққал дар назди намояндагии ягон ширкати украинӣ дар пойтахти Тоҷикистон мегузашт, зеро Киев аз истирдоди Абдуллоҷонов ба Душанбе сарпечӣ кардааст, нақши Вошингтон дар ин қазия он қадар бузург нест.


Амният Абдуназаров
Амният Абдуназаров
Мусоҳибони мо мегӯянд, ки мақомот бояд дар бораи қонунӣ ё бидуни иҷоза баргузор шудани гирдиҳамоӣ алайҳи раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов расидагӣ кунанд. Бар пояи қонун, созмондиҳандагони гирдиҳамоӣ бояд даҳ рӯз пеш аз шаҳрдорӣ иҷоза бигиранд ва дар ариза ҳатман макони баргузорӣ ва теъдоди ширкатдоронро сабт намоянд. Дар акси ҳол, бар пояи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ, ки тобистони соли 2011 аз сӯи парлумони Тоҷикистон пазируфта шудааст, созмондиҳандагон ва фаъолони намоишҳои эътирозии бидуни иҷоза метавонанд аз 2 то 5 сол маҳкум ба зиндон шавад.

Гуфта мешавад, ки дар тақрибан 20 соли ахир ягон ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон иҷозаи расмии мақомот барои тазоҳуроту ҳамоишро ба даст наовардааст.

Аввалин гирдиҳамоиҳо дар Тоҷикистон дар авохири солҳои 80-ум барои ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ доир шуда буданд. Сипас дар ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990 ва баъдан дар баҳору тирамоҳи соли 1991, гирдиҳамоиҳои густурда пойтахти Тоҷикистон ва бақияи манотиқи кишварро фаро гирифт. Шаҳрдории Душанбе соли 1994 бо қарори вижае баргузории ҳама гуна эътирозҳо дар пойтахтро манъ карда буд.

Сарвазири пешини Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов дар аввалҳои моҳи феврали соли равон дар Украина боздошт шуд ва ҳадс зада мешуд, ки ӯро ба зудӣ ба Тоҷикистон истирдод мекунанд. Аммо рӯзи 4-уми апрел Абдуллоҷонов бо қарори додситонии Украина аз маҳбас раҳо шуд ва ба Амрико баргашт.
XS
SM
MD
LG