Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо пас аз гум шудани ду тифл дар Душанбе


Гум шудани ду тифл дар Душанбе, миёни сокинон сару садоҳоеро ба бор овардааст.
Гум шудани ду тифл дар Душанбе, миёни сокинон сару садоҳоеро ба бор овардааст.

Нопадид шудани ду тифл дар шаҳри Душанбе, шаҳрвандонро ба ташвиш андохтааст.

Ҳусния Зарифова, як сокини Душанбе мегӯяд, пас аз шунидани хабари нопадид шудани ду духтараки хурдсол, худаш шахсан фарзандонашро аз боғча мегирад:

«Чун хонаи мо ба боғчаи бачагона наздик аст, писарам худаш аз боғча ба хона меомад. Вале баъд аз он, ки хабари гум шудани ин ду тифлакро шунидам, худам ҳар саҳар ӯро ба боғча оварда, нисфирӯзӣ ба хона мебарам.»

Хонум Зарифова афзуд, дигар фарзандонашро, ки дар синфҳои ибтидоии мактаб таҳсил мекунанд, намегузорад то дар кӯча беназорат машғули бозӣ шаванд.

Ҳодисаи нопадид шудани Маликаи ва Сабинаи хурдсол дар як ҳафта қабл, миёни сокинони сару садоҳоро ба вуҷуд овард ва падару модаронро дар ташвиш гузоштаст.

Малика ва Сабинаи хурдсол шоми 25-уми март, тақрибан соатҳои 16 дар назди ҳавлии хонаашон машғули бозӣ буда, вале баъди чанде бедарак шудаанд.

Волидайни онҳо дар ин бора ба шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муроҷиат карданд. Онҳо аз манзилашон, ки дар суроғаи кӯчаи Айнӣ, хонаи 32/1 воқеъ аст, ба берун рафта, дигар бедарак шудаанд.

Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ҷустӯҷуи ин тифлонро шахсан назорат мекунад ва ҳамчунин Маҳмадсаид Убайдулллоев, шаҳрдори Душанбе низ барои ҳарчи зудтар пайдо кардани кӯдакони гумшуда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дода буд.

Аммо Улуғбек Аралов падари яке аз ин тифлон рӯзи 2-юми апрел дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, бо гузашти як ҳафта аз нопадид шудани ҷигарбандаш, ҳанӯз аз он хабаре нест. Ба таъкиди Аралов, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пайдо намудани Малика ва Сабина талош доранд ва вай умедвор аст фарзандаш ёфт мешавад.

Дар ҳамин ҳол, аз қисми навбатдории шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур ба "Озодӣ гуфтанд, ки ҷустуҷӯи ду тифли нопадидшуда ба таври шабонарӯзӣ давом дорад, аммо то ҳол натиҷа надодааст.

ДАР ҶУСТУҶӮИ МАЛИКА ВА САБИНА:

Дар ҷустуҷӯи Малика ва Сабина
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
XS
SM
MD
LG