Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозанӣ дар футбол ва ихроҷи 4 донишҷӯи тоҷик


Умедхӯҷа Додохӯҷаев ва Собир Некқадамов - ду тан аз донишҷӯёни ихроҷшуда
Умедхӯҷа Додохӯҷаев ва Собир Некқадамов - ду тан аз донишҷӯёни ихроҷшуда

Занозанӣ дар бозии футбол сабаби ихроҷи 4 донишҷӯи тоҷик аз донишгоҳи давлатии Аштархони Русия шудааст.

6 донишҷӯи тоҷик рӯзи 24 март дар майдони варзишии донишгоҳи Аштархон бо тақрибан 20 донишҷӯ аз Туркманистон дастбагиребон шудаанд. Мақомоти донишгоҳ алакай баъди 3 рӯз ҳукми ихроҷи 4 донишҷӯи туркман ва 4 тоҷикро содир карда, аз донишҷӯёни тоҷик талаб кардаанд, ки хобгоҳи донишгоҳро низ холӣ кунанд.

Ин донишҷӯён бо ирсоли номаҳои алоҳида аз вазири маорифи Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав кумак хостаанд. Аз ин 4 нафар якеаш бо квотаи президентӣ ва дуи дигар бо бурсҳои ҷудошуда аз будҷаи Тоҷикистон таҳсил доштанд ва танҳо таҳсили Умедхӯҷа Додохӯҷаев тибқи қарордод, яъне тиҷорӣ будааст.

Ду нафар аз ихроҷшудагон – Умедхӯҷа Додохӯҷаев ва Собир Некқадамов – донишҷӯи соли охир буданд ва аввали дар соли панҷуми риштаи физикиву техникӣ ва дувумӣ дар соли панҷуми риштаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва идорӣ таҳсил мекарданд. Ҳамин тавр, ду ҳамтақдири дигари онҳо - Шоҳрух Маҳмудов дар соли чоруми риштаи иқтисоди донишгоҳи Аштархон ва Аҳрор Нодиров дар соли дувуми риштаи таърих таҳсил мекарданд.

Умедхӯҷа Додохӯҷаев дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, аламовар ин аст, ки ӯро баъди чоруним соли таҳсил, дуруст дар остонаи ҳимояи кори дипломиаш аз донишгоҳ берун андохтанд: “Ду нафари мо дар соли панҷум мехондем ва фақат ҳимояи кори дипломиамон монда буду супурдани имтиҳонҳои давлатӣ. Якум туркманҳоро пеш карданд, чунки гунаҳкор онҳо буданд. Баъдаш шояд ҳисоб баробар шавад, гуфта, моро ҳам берун карданд. Охир ин аз рӯи инсоф нест, чунки мо дар он занозанӣ ҳамчун ҷабрдида эътироф шуда будем. Видеокамера сабт карда буд ҷанҷолро ва нишон медиҳад, ки мо кам будем ва моро заданд. Лекин дар байни 3 рӯз фармон бароварданду моро ҳам аз хобгоҳ хориҷ карданд ва ҳам аз донишгоҳ.”

Шоҳрух Маҳмудов, яке дигар аз донишҷӯёни тоҷики ихроҷшуда ба Озодӣ гуфт, фармони ихроҷи онҳо дар ҳоле содир шуд, ки ҳарду ҷониби низоъ рӯзи 26 март дар як мулоқот дар ҳузури раҳбарияти донишгоҳ бо ҳам оштӣ карданд: “Касе моро гӯш намекунад – на ректор, на декан... Инҷо, тавре бархе мехоҳад нишон диҳад, ягон низоъи миллӣ набуд, дар бозии футбол гоҳо мардум ба эҳсосот дода мешавад. Мо бо туркманҳо мулоқот доштем ва ба онҳо гуфтем, ки мо бо шумо ягон ихтилоф надорем, бачаи моро задед, пули табобаташро диҳед, тамом. Онҳо ҳам қабул карданд, ки гап нест. Вале ин ки аз пушти ин як занозанӣ моро ихроҷ карданду баъдаш гуфтанд, ки хобгоҳро ҳам холӣ кунед, кори хубе нест.”


Донишҷӯёни тоҷик дар Аштархон
Донишҷӯёни тоҷик дар Аштархон
Мақомоти донишгоҳи Аштархон гуфтаанд, ки донишҷӯёнро ба далели поймол кардани қоидаҳои интизомӣ рондаанд. Аммо Умедхӯҷа Додохӯҷаев гуфт, тибқи оинномаи ин мактаби олӣ, донишҷӯро метавонанд бори аввал ҳушдор ва дафъаи дувум “виговор” диҳанд ва танҳо баъд ихроҷ кунанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи мусоҳибони мо, ҳеҷ яки онҳо тайи солҳои таҳсил дар донишгоҳи Аштархон ҳатто як ҳушдор надошт ва ҳамагӣ толибилми намунавӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Каримҷон Ёров, раҳбари “ЭтМос” – яке аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав, ки хабари ихроҷи ин 4 донишҷӯро расонаӣ кард, ба Озодӣ гуфт, занозании донишҷӯён дар майдони футбол он қадар ҷурми бузурге набуд, ки ба ин далел рӯи сарнавишти ин 8 донишҷӯ аз Тоҷикистону Туркманистон хати батлон бикашанд. Каримҷон Ёров мавридҳои паиҳами тавқифи 150 мусофири ҳавопаймои Хуҷанд-Ростов, боздошти 15 тоҷик низ дар Ростов бо иттиҳоми даст доштан дар қасди таҷовуз ва инак ихроҷи ин 4 донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Аштархонро ҳалқаҳои як занҷир медонад, ки ба бовари ӯ, аз вуҷуди як маъракаи эълоннашуда алайҳи атбоъи Тоҷикистон дар Русия дарак медиҳанд.

Оқои Ёров гуфт, қазияи донишҷӯён мавзӯъест, ки мақомоти вазорати маориф ва сафорат бояд ба сурати оҷил дар пайи ҳаллаш бишаванд, вале агар баҳси онҳо бо мақомоти донишгоҳи Аштархон ба додгоҳ бикашад, “ЭтМос” ҳам омода аст, барояшон кумакҳои ҳуқуқӣ бирасонад. Вале донишҷӯён мегӯянд, додгоҳӣ кардани масъала чанд моҳро дар бар мегирад ва амалан ду хатмкунанда аз миёни онҳоро дар шароите хоҳад гузошт, ки донишгоҳро имсол хатм карда натавонанд. Аз ин рӯ, ин 4 донишҷӯ бо як нома ба волии вилояти Аштархон муроҷиат кардаанд, ки барои барқарор кардани онҳо дар донишгоҳ кумак кунад.
XS
SM
MD
LG