Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ бар зидди Кореяи Ҷанубӣ ҷанг эълон кард


Ким Чен Ун фармон додааст, ки мушакҳои кишвараш ба ҳолати омодагии муҳорибавӣ дароварда шаванд...
Ким Чен Ун фармон додааст, ки мушакҳои кишвараш ба ҳолати омодагии муҳорибавӣ дароварда шаванд...

Кореяи Шимолӣ мегӯяд, бо Кореяи Ҷанубӣ “вазъияти ҷангӣ” эълон кардааст.

Дар як эъломия, ки рӯзи шанбе матбуоти давлатӣ пахш кард, омадааст, ки “аз ҳамин ҳоло муносибатҳои байни ду Корея дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва муносибатҳо мутобиқи чунин ҳолат пеш бурда мешавад.” Дар эъломия аз номи ҳукумати Кореяи Шимолӣ ва ниҳодҳои он гуфта мешавад, ки ”вазъи нимҷазираи Корея, ки муддатҳои тӯлонӣ на дар ҳолати ҷанг ва на дар ҳолати сулҳ қарор дошт, саранҷом ба поён мерасад.” Дар ин эъломия, ҳамчунин, ҳушдор дода шудааст, ки ҳар гуна таҳрики низомӣ метавонад сабаби “муноқишаи саросарӣ ва ҷанги ҳастаӣ ё атомӣ шавад.”

Соли 1953 муноқишаи низомии ин ду Корея ба поён расид, вале онҳо ҳамеша дар рӯ ба рӯи ҷанг қарор доштанд. Кореяи Ҷанубӣ ин эълонро нодида гирифт ва онро “идомаи таҳдидҳои таҳрикомез” арзёбӣ кард.

Вазорати ягонагии Кореяи Ҷанубӣ, ки робитаҳо бо Кореяи Шимолиро таъмин мекунад, гуфтааст, ки боғи саноатии муштараки Каесонг ҳамчунон боз аст ва мисли рӯзҳои маъмулӣ коргарони он кор мекунанд ва мошинҳо аз марз мегузаранд.

Гатлин Ҳайден, сухангӯи Шӯрои Амнияти Миллии Амрико ёдоварӣ кард, ки Кореяи Шимолӣ “таърихи тӯлонии ҷангҷӯии лафзӣ дорад ва таҳдиди имрӯз низ аз ҳамон таҳдидҳои ошност.” Ҳайден илова кард, ки Амрико бар зидди таҳдиди Кореяи Шимолӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад.

Дар давоми як моҳи ахир, аз замоне ки Кореяи Шимолӣ севумин озмоиши ҳастаии худро анҷом дод ва дучори таҳримҳои нав шуд, вазъ дар нимҷазираи Корея ташдид ёфтааст.

Рӯзи ҷумъа Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, ҳушдор дод, ки вазъ метавонад бӯҳронитар шавад: “Мо нигарон ҳастем, ки якҷо бо вокунишҳои муносиби Шӯрои Амнияти СММ ва вокунишҳои муштараки маҳофили байналмилалӣ дар атрофи Кореяи Шимолӣ тасмимҳои якҷониба гирифта мешавад, ки он сабаби густариши фаъолиятҳои низомӣ шудааст.”

Нерӯҳои Кореяи Шимолӣ
Нерӯҳои Кореяи Шимолӣ
Ин суханони Лавров дар ҳоле садо дод, ки Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ, фармон додааст, ки мушакҳои кишвараш ба ҳолати омодагии муҳорибавӣ дароварда шаванд, то ба Амрико ва ба пойгоҳҳои ин кишвар дар ҳавзаи уқёнуси Ором ва Кореяи Шимолӣ зарба зананд.

Матбуоти Кореяи Шимоӣ гуфтааст, ки эълони ҷанг ҷавоб ба парвозҳои ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико бар фарози нимҷазираи Корея мебошад.

Аз аввалҳои моҳи март ба ин сӯ, аз замоне ки Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико машқҳои муштараки низомии худро оғоз карданд, Кореяи Шимолӣ таҳдид мекунад, ки ба Кореяи Ҷанубӣ ва пойгоҳҳои Амрико ҳамла хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG