Александр Вершбоу, муовини дабири кулли НАТО, зимни мусоҳибае бо хабаргузории «Интерфакс» гуфт: «Айни ҳол ман иттилое надорам, ки кадоме аз кишварҳои узви НАТО барои ҳимоят аз маъмурияти ин созмон пас аз соли 2014 дар Афғонистон ниёз ба бунёди пойгоҳи низомии доимӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна дошта бошанд.»
Александр Вершбоу дар идомаи мусоҳибааш бо хабаргузории «Интерфакс» таъкид кард, ки онҳо барои идомаи ҳамкорӣ ҷиҳати танзими транзити орому бидуни мушкили таҷҳизоту муҳимот умедворанд ва дар паи эҷоди пойгоҳи низомӣ нестанд. Аммо вай афзуд, «маъмурияти ҷадид дар ҳоли тарҳрезӣ аст ва ман дақиқ теъдоди асокир дар ин маъмуриятро намедонам.» Ба андешаи муовини дабири кулли НАТО, ин маъмурият теъдоди ками нерӯҳоро дар бар мегирад ва онҳо дар амалиёти ҷангӣ иштирок нахоҳанд кард.
Ҳамчунин, Александр Вершбоу гуфт: «Талоши мо бар он аст, ки дар интиқолу транзити сарбозон ва таҷҳизоту муҳимот бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Русия, ба мувофиқа бирасем ва кумаку пуштибонии онҳоро ба даст биёрем.»
Муовини дабири кулли НАТО дар посух ба ин савол, ки оё НАТО баъд аз берун бурдани нерӯҳояш аз Афғонистон дар соли 2014 қисме аз силоҳу муҳимоташро дар ихтиёри кишварҳои Осиёи Миёна гузоштанӣ аст, гуфт, НАТО намехоҳад, ки худ танҳо дар ин маврид тасмим бигирад. Бар асоси тавофуқи дуҷониба бо ҳамсоякишварҳои Афғонистон теъдоде аз васоил ба ин кишварҳо ба таври ройгон тақдим ва қисме ҳам фурӯхта хоҳанд шуд.
Зимнан, Александр Вершбоу, ки барои иштирок дар конфронсе дар Русия қарор дорад, дирӯз дар шаҳри Маскав бо Алексей Мешков, муовини вазири корҳои хориҷии Русия, мулоқот кард.
Александр Вершбоу яке аз дипломатҳои муваффақи амрикоӣ аст, ки таи солҳои 1998-2001 ба ҳайси намояндаи доимии ИМА дар НАТО фаъолият дошт ва аз соли 2001 то соли 2005 сафири ИМА дар Русия буд. Вай то таъиншавиаш ба симати муовини дабири кулли НАТО дар 15 феврали соли 2012 аз соли 2009 то соли 2012 ба ҳайси муовини вазири дифои ИМА оид ба масоили амнияти байналмилалӣ ифои вазифа дошт.