Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барчидани шумораҳо. Татбиқи қонун ё "роҳи нави пулкоркунӣ"?


Субҳи 27-уми март иддае аз сокинони маҳалаҳои 61, 63, 64, ва 65 –уми ноҳияи Фирдавсӣ, мошинҳои худро бидуни рақами давлатӣ ёфтанд.

Ба гуфтаи эшон, субҳи барвақт нозирони минтақавии БДА рақамҳои давлатии мошинҳоро, ки аксаран дар назди биноҳои баландошиёна гузошта шудаанд, барчидаанд.

Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мо ба шӯъбаи БДА-и ноҳияи Фирдавсӣ рафтем. Дар пушти дари Султоншо Асомуддинов, роҳбари шӯъбаи БДА-и ноҳияи Фирдавсӣ даҳҳо нафар аз ронандагон барои бозпас гирифтани рақами давлатии мошинҳояшон навбат мепоиданд.

Ҷаноби Асомуддинов дар сӯҳбати бидуни микрафон гуфт, ки рақамҳои давлатии мошинҳои сокинони ин ноҳия дар рафти як амалиёти вижа мусодира шудаанд. Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, ҳадафи амалиёти мазкур “пешгирӣ аз дуздида шудани мошинҳо” будааст.

Гуфта шуд, нозирони БДА ронандагонро огоҳ месозанд, ки нақлиёти худро шабонгоҳ на дар роҳраву назди биноҳои баландошиёна беназорат, балки танҳо дар истгоҳи автомобилӣ нигоҳ доранд.

Нозирони БДА-и ноҳия мазкур мегӯянд онҳо рақамҳои давлатии мошинҳоро тибқи моддаи 346-и Кодекси маъмурӣ ва қарори марбути раиси шаҳри Душанбе барчидаанд. Ба гуфтаи Асомуддинов, ба он ронандагоне, ки бори аввал ин муқарраротро нақз кардаанд, танҳо огоҳӣ дода мешавад. Вале афроде, ки бори сеюм бо чунин ҷурм боздошт мешаванд, аз 40 то 80 сомонӣ ҷарима месупоранд.

Алишер Собиров, сокини ноҳияи Фирдавсӣ ва яке аз ронандагоне, ки рақами мошинашро нозирони БДА мусодира кардаанд, мегӯяд танҳо субҳ вақте мехост худравашро ба кор дарорад дидааст, ки рақамҳои давлатии мошинаш нестанд. Вай афзуд, баъди пурсуҷуҳо дарёфтааст, ки нозирони БДА рақами давлатии мошинашро гирифта ба идораашон бурдаанд:

«Дар Душанбе бо нақлиёти ҷамъиятӣ ҳаракат кардан душвор аст, бинобар ин мошини сабукрав харидорӣ кардем. Акнун намедонем онро дар куҷо монем. Нархи истгоҳҳои тиҷоратӣ хеле гарон аст, аз ду то се сомонӣ. Ин дар як моҳ 60- 90 сомонӣ мешавад. Бо ин маоше, ки мегирем, пӯшонидани ҳамаи масрафоти рӯзгор душвор аст ва мо наметавонем бар замми ин боз мошинро ҳам дар истгоҳи пулакӣ нигоҳ дорем.»

Ҷаноби Собиров афзуд, ин рӯзро вай барои баргардонидани рақами давлатии мошинаш сарф карда, аз кораш монд. Ин ҳамсӯҳбати мо ҳамчунин афзуд, ки даҳҳо мошин бо рақами давлатӣ дар роҳраву гузаргоҳҳо гузошта шуда буд, вале нозирони БДА рақамҳои ин сабукравҳоро мусодира накардаанд. Ин ҳамсӯҳбати мо бояд барои бозпас гирифтани рақамҳои мошинаш, 40 сомонӣ ҷарима диҳад.

Даҳҳо ронандаи дигар ҳам айни шикоятҳои Алишерро ба мо изҳор доштанд. Онҳо мегӯянд, аз як ҷониб агар нархи нигаҳдории мошин дар истгоҳҳои пулакӣ гарон бошад, аз ҷониби дигар масоҳати чунин истгоҳҳои пойтахт барои кулли мошинҳо намерасад. Бинобар ин, барчидани рақамҳои мошинҳо аз ҷониби нозирони БДАчизе беш аз “роҳи нави пулкоркунӣ” нест.
XS
SM
MD
LG