Шавкат Ҳамроев-муовини вазири обёрӣ ва хоҷагии оби Узбакистон ташхиси тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғуни Тоҷикистонро зери шубҳа гузошт.
Дар мусоҳиба бо Радиои Созмони Милал, ҷаноби Ҳамроев гуфт, кишвараш ба шеваи баргузории ташхиси тарҳи нерӯгоҳи Роғун, аз ҷумла интихоби аъзои ҳайати коршиносон розӣ набуда, натиҷаҳои ташхисро мумкин аст, эътироф накунад.
Вай ҳамчунин Тоҷикистон ва Қирғизистонро гунаҳгор кард, ки бо истифода аз обанборҳо дар зимистон барои Узбакистон селу обхезӣ ва дар фасли кишт хушкию камобӣ “ташкил” мекунанд.
Дар робита ба ҳайати коршиносони байнулмилалӣ муовини вазири обёрӣ ва хоҷагии оби Узбакистон мегӯяд, онҳоро Тоҷикистон бо салоҳдиди худ интихоб кардааст ва барояшон музд медиҳад ва онҳоро ба нафъи худ истифода мекунад.