Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буддои "нав" дар осорхонаи нави Тоҷикистон


Tajikistan -- A building on Tajikistan national museum, Dushanbe, 18Mar2013
Tajikistan -- A building on Tajikistan national museum, Dushanbe, 18Mar2013

“Клони” буддои беназири Тоҷикистонро Вера Фоминих ва Олга Хаханова, ду мутахассиси осорхонаи Эрмитаж, осорхонаи маъруфи Русия сохтаанд.

Дар осорхонаи нави миллии Тоҷикистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд, як нусха аз пайкараи азими Буддоро гузоштаанд, ки дар осорхонаи бостоншиносии кишвар нигаҳ дошта мешавад. Раҳим Масов, мудири Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, аз он хотир, ки бурдани пайкараи Буддо ба осорхонаи нав бисёр сахту заҳматталаб буд, қарор шуд, нусхаи онро дар онҷо бигзоранд.


Буддои аслӣ дар Осорхонаи бостоншиносӣ. Акс аз www.orexa.com
Буддои аслӣ дар Осорхонаи бостоншиносӣ. Акс аз www.orexa.com
“Клони” буддои беназир ва бузурги Тоҷикистонро Вера Фоминих ва Олга Хаханова, ду мутахассиси осорхонаи Эрмитаж, аз осорхонаҳои маъруфи Русия сохтаанд. Вера Фоминих дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои сохтани пайкараи мазкур, ки умдатан аз гилу гаҷ аст, якуним моҳ лозим шудааст. Вера Фоминих афзуд, пайкараро дар дохили худи осорхона сохтаанд ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам кори онҳо мушоҳида кардааст. Вера Фоминих, ки собиқаи зиёди корӣ дар осорхонаҳои Тоҷикистон ва ҳафриёт дар Панҷакенту Самарқанду Бухоро доштааст, мегӯяд, нусхаи Буддо аз асли он тақрибан тафовут надорад.

Бузургтарин пайкараи Буддо дар ҳолати нирвана, дар Осорхонаи Миллии Бостоншиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нигаҳ дошта мешавад ва ингуна пайкара дар ҳеҷ гӯшаи ҷаҳон вуҷуд надорад. Ин пайкараи чандҳазорсоларо, соли 1966 дар ҷануби Тоҷикистон пайдо карданд. Ба гуфтаи Вера Фоминих ӯ моҳҳои август сентябр бо даъвати Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнография барои мараммати Буддои аслӣ меравад, ки аз 74 қисм иборат аст ва ҳоло ҳам ба тармим ниёз дорад

Осорхонаи мӯҳташами нав дар маркази шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ шуд, ки сохмони онро тобистони соли 2010 оғоз карданд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар расми ифтитоҳ ҳузур дошт, дар суханроние гуфт, масоҳати осорхонаи сетабақа бештар аз 24 ҳазор метри мураббаъ буда ва барои намоиши осори таърихӣ бисту ду толор дорад. Дар ин осорхона, ки дар наздикии Қасри Миллат ҷойгир аст, ҳамчунин толори бузурге бо 300 ҷойи нишаст сохтаанд. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, осорхона ҳамчунин 5 махзани нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ ва дувоздаҳ ҳуҷраву озмоишгоҳи муосир барои тармими ёдгори бостонӣ ва нодир дорад.

Ба ин осорхона, ашёву осори нодирро аз дигар осорхонаҳои Тоҷикистон овардаанд ва аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки бузургтарин меҳроби чӯбин дар ҷаҳон дар ҳамин осорхона нигаҳ дошта мешавад, ки онро соли 1928 дар шимоли Тоҷикистон пайдо карданд ва намунаи олии кандакории чӯб дар аҳди Сомониён аст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин эътироф кард, ки то ҳол феҳристи мукаммали осори фарҳангии кишвар таҳия нашудааст, ва баъзе нигораҳои таърихӣ аз назорати мутахассисон дур монда, харобу нобуд мешаванд, ё онҳоро ба хориҷи Тоҷикистон қочоқ мекунанд.
XS
SM
MD
LG