Руҳулло Ҳакимов, муовини вазири молияи Тоҷикистон, ки барои муаррифии ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни буҷаи соли 2013 ба Маҷлиси намояндагон омад, гуфт, ҳадаф аз ин сабукӣ ба ширкат, боло бурдани сатҳи хизматрасонӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон аст.
Дар посух ба суоли Шодӣ Шабдолов, вакили парлумони Тоҷикистон, ки “ин таксиву автобусҳо қимати роҳкироро дар кишвар боло мебаранд, пас чаро бояд ба онҳо имтиёз дода шавад?”, муовини вазири молияи кишвар гуфт, ин ширкат солона ба буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби андозҳои дохилӣ то 12 миллион сомонӣ маблағ ворид ва 600 нафарро бо кор таъмин мекунад.
Дар гузашта низ вакилони мардумии Тоҷикистон ширкати «Осиё Экспресс»-ро, ки ба Тоҷикистон 40 адад автобуси тамғаи «Манн»-и Олмонро ворид кардааст аз пардохти молиёт ва андоз озод карда буданд. Дар он замон дар пешнависи санад гуфта мешуд, ширкати мазкур ба ҷуз аз ин боз 100 адад сабукрави «таксӣ» низ ворид кардааст.
Ин дар ҳолест, ки масъулони ширкат гуфтанд, ҳоло танҳо 40 адад таксии тамғаи «Тайота Кемрӣ» ба сокинон хизмат мерасонад. Зоҳиран, имтиёзи мазкур мебоист ба нархи пасттари хадамот роҳ мекушод, ки дар ин ҳолат иттифоқ наафтодааст.
Автобусҳои ин ширкат истеҳсоли Олмон буда, ҳангоми интиқоли мусофирон ҳамроҳ бо ронанда роҳнамо низ ҳузур дорад, ки барои мусофирон хидмат мерасонад.
Ин ширкат дар Олмон номнавис шуда ва бархе аз коршиносон онро аз ҷумлаи ниҳодҳое мешуморанд, ки сабаби аслии бархӯрдории онҳо аз имтиёзҳои андоз ва пардохтҳои давлатӣ норӯшан боқӣ мондааст.