Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори генерали амрикоӣ ба нерӯҳои кишвараш дар Афғонистон


Генерал Ҷозеф Данфорд
Генерал Ҷозеф Данфорд

Фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон ба сарбозони кишвараш ҳушдор додааст, ки бо назардошти баёнияҳои баҳсбарангези зиддиамрикоии Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, мумкин аст шоҳиди ҳамлаҳои бештар шаванд.

Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон рӯзи панҷшанбе таъйид карданд, ки як чунин тавсияномае бо матни қотеъ аз тарафи генерал Ҷозеф Данфорд ба фармондеҳони тобеи ӯ дар Афғонистон расидааст.

Ҳомиди Карзай аз ин пештар Амрикоро ба он муттаҳам кард, ки бо ҳамкорӣ бо Толибон мехоҳад, зарурати мондани нерӯҳояш дар Афғонистонро нишон бидиҳад. Ба гуфтаи Ҳомиди Карзай, Толибон ҳамлаҳо дар Афғонистонро барои хидмат ба Амрико анҷом медиҳанд. Ӯ ҳамчунин амр дод, ки нерӯҳои байналмилалӣ ба донишгоҳҳои кишвар ворид нашаванд, чун донишҷӯёни афғон аз бадрафторӣ нисбат ба онҳо шикоят кардаанд.

Дар тавсияномаи Ҷозеф Данфорд, ки матни он ба дасти рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” расидааст, гуфта шудааст, ки “Баёнияҳои Карзай метавонад, сабаби ҳамлаҳои ногаҳонӣ ба нерӯҳои мо шавад ва мумкин аст ӯ амрҳое бидиҳад, ки ҷони нерӯҳои моро дар хатар бигзоранд.”

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, ҳамчунин борҳо бо нерӯҳои амрикоӣ барои таъхир дар таҳвили масъулияти посбонии зиндониёни афғон ба ихтиёри худи нерӯҳои миллӣ ҷанҷол кардааст.

Баёнияҳои Ҳомиди Карзай дар бораи ҳамкории Амрико бо Толибон хашми мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва ҳам кишварҳои дигареро барангехт, ки ҳоло дар бораи нигаҳ доштани теъдоде аз сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон баъди соли 2014 гуфтӯгу мекунанд. Баёнияҳои Карзай дар дохил ҳам сабаби интиқод шудааст.

Шӯрои ҳамкории аҳзоб ва эътилофҳои сиёсии Афғонистон низ баёнияҳои Ҳомиди Карзайро интиқод карда ва гуфтааст, ки чунин баёнияҳо метавонад, сафҳаи нави бесуботиро дар кишварашон боз кунад. Аъзои шӯро рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Кобул дар сӯҳбат бо хабарнигорон интиқоди Карзай аз Амрикоро таҳдид бар манофеи миллии Иёлоти Муттаҳида хонданд.

Аз ҷумла, Ҳамидулло Форуқӣ, сухангӯи Ҳизби Ҳаққу Адолат, гуфт: “Ин навъ бархӯрдҳо метавонад, суботи сиёсӣ ва саломатӣ ва орзумандиҳои мардуми Афғонистонро махсусан дар оғози барномаҳои интиқоли сиёсӣ ва бозгашти нерӯҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Афғонистон ба чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ кунанд. “

Файзуллоҳ Закӣ - сухангӯи Ҷабҳаи Миллии Афғонистон
Файзуллоҳ Закӣ - сухангӯи Ҷабҳаи Миллии Афғонистон
Файзуллоҳ Закӣ, сухангӯи Ҷабҳаи Миллии Афғонистон ва як узви дигари шӯро, интиқодҳои Карзай аз Амрикоро суолбарангез хонд ва гуфт: “Ҳаракоти номутавозин ва ғайримасъулонаи ахири раиси ҷумҳур ба манофеи миллии кишвар садама мезанад. Ҳамеша ба мардуми Афғонистон гуфтааст, ки фақат ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ метавонад ба рафъи бӯҳронҳои Афғонистон кӯмак кунад. Ҳоло чӣ шуда, ки якшаба фикрҳои раиси ҷумҳур 180 дараҷа тағйир карда бошад? Ин суол бармеангезад, оё чизе, ки мавриди таваҷҷуҳи раиси ҷумҳур аст, воқеан ҳаросат аз ҳокимияти миллист ва ё диққат ба ҳифзи ҳокимияти хонаводагӣ, гурӯҳӣ ва тимиашон?”

Интизор меравад, то поёни соли 2014 бисёре аз нерӯҳои ҷангии НАТО Афғонистонро тарк кунанд ва масъулияти таъмини амниятро ба ихтиёри нерӯҳои дохилӣ бисупоранд. Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон рӯзи панҷшанбе дар як баёнияи расмӣ гуфтанд, ки бо назардошти афзоиши талафот дар миёни нерӯҳо дар рӯзҳои гузашта тавсияномаи генерал Дандфорд барои эҳтиёткорӣ будааст.

Рӯзи душанбе дар Афғонистон ҳафт сарбози амрикоӣ кушта шуданд, ки бузургтарин талафот дар соли равон аст. Аз ҷумла, ду сарбози амрикоиро як марде кушт, ки либоси низомии афғонӣ дошт. Панҷ сарбози дигари амрикоӣ бар асари суқути чархболашон кушта шуданд, ки сабаби суқутро ҳавои номусоид хондаанд.

Баёнияҳои Ҳомиди Карзай дар бораи ҳамкории Амрико бо Толибон хашми мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва ҳам кишварҳои дигареро барангехт
Баёнияҳои Ҳомиди Карзай дар бораи ҳамкории Амрико бо Толибон хашми мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва ҳам кишварҳои дигареро барангехт
Моҳи гузашта Ҳомиди Карзай амр дод, то нерӯҳои махсуси Амрико аз Вардак, як вилояти стратегии наздик ба Кобул, ихроҷ шаванд ва аз нерӯҳои афғон хост, ки дигар нерӯҳои Амрикоро барои ҳамлаҳои ҳавоӣ даъват накунанд.

Дар тавсияномаи Ҷозеф Дандфорд, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон, ҳамчунин омадааст, ки ҳоло муносиботи ду тараф “ноҳамвор” аст ва ҷангҷӯён, ки худро барои баҳор омода кардаанд, фурсати истифода аз ин мавқеъро меҷӯянд.

Паймони НАТО ҳоло сарбозон ва маъмурони пулис дар Афғонистонро тамрин медиҳад, то мустақилона алайҳи Толибон мубориза баранд, зеро то поёни соли 2014 тақрибан 100 ҳазор нерӯи хориҷӣ Афғонистонро тарк хоҳанд кард.

Баёнияҳои Ҳомиди Карзайро як талоше барои раҳбари қавии миллӣ вонамуд кардани ӯ худ хондаанд, ки қарор аст, соли оянда даври раёсати ҷумҳураш ба поён бирасад.

Ҳомиди Карзай 12 сол пеш, баъди суқути Толибон дар соли 2001, раиси ҷумҳури Афғонистон интихоб шуда буд.
XS
SM
MD
LG