Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лимити барқ дар Тоҷикистон бекор мешавад


Президенти Тоҷикистон, ки рӯзи панҷшанбеи 7 март ба муносибати Рӯзи модар дар толори Кохи Борбад бо фаъолзанони тоҷик сӯҳбат мекард, гуфт, «аз имрӯз маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии кишвар бардошта хоҳад шуд».

Ба таъкиди президент Раҳмон «маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ як моҳ пештар лағв мешавад, ки ҳадаф кӯмак ба зиндагии шоистаи занону модарон ва мардуми тоҷик аст».

Вай гуфт, «ҳукумат мушкили бебарқӣ дар кишварро хуб медонад ва сол аз сол барои рафъи ин мушкили ҷиддии мардум талош дорад. Дар ин замина нерӯгоҳҳои хурду миёна дар манотиқи мухталифи кишвар бунёд шуда ва дар оянда низ мавриди истифода қарор мегирад».

Президент изҳори умед кард, ки мушкилоти мавҷуд дар мавриди камбуди нерӯи барқ пушти сар хоҳад шуд.

Изҳороти президент барои аз байн бурдани маҳдудияти комили таъмини нерӯи барқ ба аҳолӣ дар ҳолест, ки ширкати «Барқи Тоҷик» чанд рӯзи пеш барқрасонӣ ба аҳолиро аз 12 ба 18 соат дар шабонарӯз афзуд.

Аммо ин ширкат дар ҳудуди ду ҳафта пеш лимити барқ барои аҳолиро то 12 соат дар шабонарӯз боло бурд.

Интиқоли нерӯи барқ аз тирамоҳи соли гузашта то 26 феврали соли ҷорӣ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон аз 7 то 10 соат дар шабонарӯз муқаррар шуда буд.

Тоҷикистон ҳар фасли сармо тақрибан 3 миллиард киловатт-соат камбуди барқ дорад.
XS
SM
MD
LG