Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Телефонҳои ҳамроҳ арзонтар мешаванд


Мумкин аст, соли 2013 барои ширкатҳои маъруфи тавлидкунандаи телефонҳои ҳамроҳ соли хубе нашавад, зеро телефонҳои ҳушманди нави арзон ба тадриҷ бозорҳои онҳоро танг мекунанд.

Дар намоишгоҳи солонаи телефонҳои ҳамроҳ, ки дар шаҳри Барселонаи Испониё идома дорад, телефонҳои ҳушманди арзони зиёде, ба намоиш гузошта шудаанд, ки камтар аз 250 доллар қимат доранд. Дар онҷо аз ҷумла телефони ҳамроҳи Мозилларо метавон ёфт, ки бо нармафзори Файрфокс кор мекунад ва тақрибан 100 евро арзиш дорад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00

Ба навиштаи хабаргузории Олмон бар изофаи тағйири куллӣ дар бозори фурӯши телефонҳои ҳушманд, телефонҳои арзон барои миллиардҳо нафар дастрасӣ ба Интернетро фароҳам хоҳанд кард. Сезар Алиерта, мудири ширкати азими Телефоникаи Испониё дар Барселона гуфт, ки ҳоло дар бозори телефонҳои ҳамроҳ, ҳиссаи телефонҳои ҳушманд танҳо 17 дарсад аст. Яъне аз ҳар панҷ нафар фақат як нафар телефони ҳушманд дорад. Дар Аврупои Ғарбӣ сеяки телефонҳо, ки истифода мешаванд, телефонҳои ҳушманд ҳастанд, дар кишварҳои дар ҳоли рушд, ба мисли Тоҷикистон танҳо 6 дар сад.

Назархоҳии маркази назарсанҷии Зеркало дар Тоҷикистон дар моҳи гузашта нишон додааст, ки ҳоло тақрибан 83 дар сади мардум аз телефонҳои тугмаӣ истифода мекунанд, ки аксарияташон телефонҳои ҳушманд ҳастанд. Аммо мегӯянд, мутахассисон ин вазъ дер давом намекунад ва ба зудӣ тағйир хоҳад ёфт. Ба гуфтаи бозоршиносон, то соли 2015 сеяки аҳолии саёра, аз телефонҳои ҳушманде истифода хоҳанд кард, имкони дастрасӣ ба Интернетро доранд. Ин афзоиш аксаран аз ҳисоби Чину, кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва Африқо хоҳад буд. Тахмин мешавад, ки дар Амрикои Ҷанубӣ истифода аз телефонҳои ҳушманд аз сатҳи феълӣ се баробар боло рафта ва ба 14 дар сад хоҳад расид.
"Чайна Мобайл"- бузургтарин ширкати мухобиротии Чин мегӯяд, ки табодули иттилоъ аз тариқи шабака соли гузашта се баробар афзудааст.

Телефонҳои нисбатан арзон дар ин бозорҳо муштариёни бештар доранд, айни чизе, ки дар Тоҷикистон ҳам мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ ҳоло телефонҳои арзони Файрфокс аввал ба бозорҳои Амрикои Лотинӣ хоҳад рафт. Нармафзори Мозилла ҳам печидагии зиёд надорад, аз ин рӯ чандон қимат нест. Ширкати Нокиа, ки бино ба назарсанҷии “Зеркало” тақрибан 63 дар сади мардуми Тоҷикистон аз телефонҳои он истифода мекунанд, Осиёро бозори аслӣ барои телефонҳои ҳушманди арзонаш интихоб кардааст. Нокиа Лумиа, ки аз моделҳои арзони ширкат аст, умдатан ба Осиё меравад, вале дар худи Аврупо ҳам, аз ҷумла Олмон бо қимати камтар аз 200 евро фурухта мешавад.

Дар муқоиса ба ин телефони Нокиа, масалан Айфони арзонтарини ширкати амрикоии Аппл 400 евро ва Айфони 5 680 евро ва бештар аз ин аст. Дар Тоҷикистон муштариёни Айфон ба далели гаронии он, зиёд набудаанд ва дар раддабандии телефонҳои “маҳбуб” дар кишвар телефонҳои Аппл дар мақоми 9 меистанд. Агарчӣ ба гуфтаи мутахассисон поин омадани қимати телефонҳои ҳушманд, ҳатто Апплро таҳти фишор қарор хоҳанд дод, аммо телефонҳои он бозори худро ҳамеша хоҳанд дошт.

Дигар ин ки бо вуҷуди бӯҳронҳои иқтисодӣ муштариён ҳамчунон аз истифодаи телефонҳои худ даст нахоҳанд кашид ва бӯҳронҳои ахир ин гуфтаро собит кардаанд. Виторио Колао, мудири иҷроияи Водафон, ширкати азими мухобиротии бритониё гуфтааст, мардум дар замонҳои бӯҳронӣ, мумкин аст, аз машруботу сигору шоколад даст кашанд, аммо аз сӯҳбатҳои телефониву истифодаи интернет даст намекашанд.

Як далели онки ширкатҳои тавлидкунандаи телефонҳои ҳушманди арзон ба оҳистагӣ дар баробари “соҳибони қадимии бозорҳо” сар мекашанд, намоишгоҳи ҷаҳонии телефонҳои ҳамроҳ дар Барселона аст. Чанд сол пеш Ҳуавей ва ZTE, ду ширкати чинӣ, ки дар намоишгоҳ фақат хайма ва ё дукони хурде барои намоиши телефонҳо доштанд, ҳоло дар баробари ширкатҳои маъруфи Самсунг ва Нокиа рафҳои бузургеро дар ин намоишгоҳ ишғол кардаанд.

Дигар аз далели ба дасти мардуми зиёдтар роҳ ёфтани телефонҳои ҳушманди арзон, назарсанҷии маркази Зеркало дар Тоҷикистон аст, ки нишон додааст, телефони ширкати чинии ношиноси Nony аст, ки бинобар арзон буданаш, баъди Нокиа ва Самсунг мардум аз он бештар мехаридаанд. Бино ба натиҷаҳои назархоҳии маркази “Зеркало” дар Тоҷикистон мардум телефонҳои қадимаи худро дер иваз мекунанд ва зоҳиран ҳамёни онҳо барои харидани телефонҳои наву гаронтар иҷоза намедиҳад.

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар Тоҷикистони ҳаштмиллион нафарӣ, ширкатҳои мухобиротӣ 8 миллиону 300 ҳазор муштарӣ доранд, вале аз ин ҳисоб андаке камтар аз 4 миллиону 700 ҳазор нафари онҳо муштариёне ҳастанд, ки ҳар рӯз аз телефон истифода мебаранд. Соли гузашта ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби муассисаҳову аҳолӣ тақрибан ним миллиард доллар фоида ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG