Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ ба "кишварҳои дӯсту ҳампаймон" сафар мекунад


Ҷон Керрӣ дар ҷараёни нахустин сафараш дар мақоми вазири умури хориҷии Амрико аз нӯҳ кишвари Аврупои Ғарбӣ ва Ховари Миёна дидан мекунад.

Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии ИМА гуфт, ки Ҷон Керрӣ ин сафарро “барои шунидан” анҷом медиҳад ва онро “чун шонсе барои баррасии масоили умда ва дуҷониба бо ҳампаймонҳои калидии кишвар” арзёбӣ мекунад. Ӯ афзуд, дар ҷараёни мулоқоту гуфтушунидҳо “рӯи мушкилоти давлатҳои ҷадиди демократӣ, давлатҳои демократияашон ҳанӯз заъиф ва мушкилот бо гурӯҳҳои ифротгаро, ки инқилоби бархе кишварҳои арабиро рабуданианд, тамаркӯз карда хоҳад шуд". Ба гуфтаи хонум Нуланд, раҳбари идораи сиёсати берунаи Амрико дар мулоқотҳояш мавзӯи барномаи ҳастаии Эронро ҳам баррасӣ мекунад.

Қарор аст, ки Ҷон Керрӣ ба Лондон, Порис, Берлин, Стамбул ва Рум сафар кунад. Дар пойтахти Италия ӯ дар нишасти “кишварҳои дӯсти Сурия” дар баррасии мавзӯи ҳалли сиёсии мушкили ин кишвари арабии гирифтори низоъ ширкат хоҳад кард. Интизор меравад, ки Ҷон Керрӣ дар Рум бо намояндагони мухолифини ҳукумати Сурия мулоқоти алоҳида доир намояд. Ба гуфтаи хонум Нуланд, вазири умури хориҷии Амрико мехоҳад назари мухолифинро дар он бора бишунавад, ки “мо дар муборизаи онҳо бо нерӯҳои ҳукумати Башор Асад чӣ кореро метавонем анҷом диҳем”.

Дар ҳамин ҳол ҳузури ҳайати мухолифини ҳукумати Сурия дар нишасти Рум байид ба назар мерасад. Рӯзи ҷумъа Эътилофи миллии нерӯҳои инқилобӣ ва мухолифини Сурия бо рахши як изҳорот гуфт,ки ширкаташ дар конфаронси байнулмиллалии ии “дӯстони Сурия”-ро низ мутаваққиф мекунад. Мухолифини ҳукумати Димишқ ин тасмимро бо “мавқеъи шармандавори ҷомеъаи байнулмиллӣ” рабт додаанд, ки ба гуфтаи онҳо, “ҳалокати садҳо сокинони осоишта аз зарбаи мушакҳои “Скад” ва нобудсозии батадриҷи шаҳри бостонии Ҳалаб ва мардуми онро нодида мегирад”.

Дар ҷараёни ин сафар ҳангоми таваққуфи Ҷон Керрӣ дар шаҳри Берлин нахустин мулоқоти ӯ бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров баргузор хоҳад шуд. Ба иттилои вазорати умури хориҷии ИМА, онҳо масоили зиёди марбут ба робитаҳои дуҷониба ва масоили байнулмилалиро баррасӣ хоҳанд кард. Виктория Нуланд мегӯяд, қарор аст, ки Керрӣ ва Лавров бештар рӯи қазияҳои Кореяи Шимолӣ, Сурия ва Эрон тамаркуз кунанд.

Ҷон Керрӣ дар Миср бо мақомоти олии кишвар ва сиёсатмадорони бонуфуз мулоқот мекунад ва пуштибонии худ аз ризояти сиёсиву ислоҳоти иқтисодиро иброз медорад.

Вазири умури хориҷии ИМА баъдан бо раҳбарони Арабистони Саудӣ музокирот анҷом медиҳад. Сафари ӯ рӯзи 6 март дар Қатар поён хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG