Шумори рисолаҳои илмие дар ин кишвар меафзояд, ки ба таҳқиқи ин ё он паҳлуи ҳаёти Ҳайдар Алиев - падари раисиҷумҳури кунунӣ Илҳом Алиев, бахшида шудаанд. Ин навъ пажӯҳишҳоро дар Озарбойҷон ҳатто як илми алоҳидае бо номи “алиевшиносӣ” унвон мекунанд.
Оё ҳаёти президент метавонад заминаи пайдоиши як илми нав шавад. Зоҳиран метавонад, чунки Фарҳангистони улуми Озарбойҷон департаменти алоҳидаеро бо номи “алиевшиносӣ” боз кардааст. Дар ҳоли ҳозир, дар Боку дастикам 13 ходими илмӣ машғули таҳқиқи ҳаёт ва корномаи раисиҷумҳури собиқ Ҳайдар Алиев будаанд.
Ин 13 ходим дар шӯъбаи алиевшиносии Пажӯҳишгоҳи таърихи Фарҳангистони улум аз бойгониҳо ҷузъиёти солбасоли 80 соли зиндагии Ҳайдар Алиевро меҷӯянд, то ин ҳамаро ба сурати тарҷумаи ҳоли ӯ дар ду ҷилд ба табъ бирасонанд.
Ҳайдар Алиев дар соли 2003 тавонист ҳамагӣ чанд моҳ қабл аз марги худ қудратро ба писараш Илҳом мерос гузорад. Илҳом Алиев ҳамчун вориси падар ин ҳама муддат парастиши шахси Ҳайдар Алиевро дар Озарбойҷон ҳифз кард ва аз ӯ дар тамоми маъракаҳои расмӣ то ҳол танҳо ба некӣ ва ҳамчун як падидаи нодир дар таърихи раҳбарии ин кишвар ёд мекунанд.
Вале ҳадафи бахши алиевшиносии Пажӯҳишгоҳи таърих марзи парастиши шахси ӯро боз ҳам фаротар мебарад. Адолат Қосимов – раҳбари шӯъбаи алиевшиносӣ мегӯяд: “Баъди анҷоми тамоми корҳо, хуб мешуд, албатта, агар алиевшиносӣ ба ҳайси фанн дар мактабҳо дарс дода шавад. Дар донишгоҳҳо низ давраҳои вижаи омӯзишӣ ва маърӯзаҳои алоҳида барои омӯхтани падидаи Ҳайдар Алиев ташкил диҳанд. Дар ҳоли ҳозир чунин чиз нест, ҳарчанд дар бархе мактабҳову донишгоҳҳо Марказҳои ба номи Ҳайдар Алиевро таъсис додаанд. Вале дар оянда вазорати маориф метавонад пиромуни шеваи тадриси ин фанн дастур диҳад ва мо, ҳамчун бахши алиевшиносӣ, барои расондани кӯмаки лозиму сӯдманд дар ин робита омодаем.”
Адолат Қосимов мегӯяд, ки онҳо алакай ҷилди аввали тарҷумаи ҳоли Ҳайдар Алиевро ба дасти чоп супурдаанд. Ин ҷилд аз соли 1993 то 2003, яъне даврони раёсати ӯ ба ҳайси президенти севуми Озарбойҷони мустақилро дар бар мегирад. Дар ҷилди баъдии ин китоб давраҳои пешини кору зиндагии Ҳайдар Алиев, аз ҷумла собиқаи кори ӯ дар КГБ ва 18 соли раҳбариаш бар Озарбойҷони ҳанӯз тобеъи Шӯравӣ рӯи қоғаз хоҳанд омад, вале ин ҷилд ҳанӯз дар шакли пешнавис боқӣ мемонад. Қарор аст, ин дуҷилдаи тарҷумаи ҳоли фарогири Ҳайдар Алиев моҳи май, дар ҷашни 90-солагии ӯ чоп шавад.
Аммо алиевшиносӣ ҳамчун илм чӣ маъно дорад? Оё чун ҳар илми дигар ва тавре ҳам ки аз номаш, яъне алиевшиносӣ бармеояд, пажӯҳишҳои олимони озарӣ метавонад зиндагии раҳбари собиқи кишварро аз нигоҳи интиқодӣ низ ба риштаи таҳлил бикашад? Адолат Қосимов, мудири департаменти алиевшиносӣ дар посух гуфт: “Фаъолиятҳои ҳар инсон бояд аз нигоҳи интиқодӣ таҳқиқ шавад, ки оё то куҷо шоиста ҳаст ё на. Аммо ман фикр мекунам, ки Алиев ҳамеша ба мардум хидмат мекард. Дар муқоиса бо раҳбарони дигари Озарбойҷон, дар мавриди ӯ чизе нест, ки шумо битавонед даст ба танқидаш занед. Дар ҷараёни таҳқиқот мо боре ҳам ба чунин мавриде, ки кирои танқид кунад, дучор нашудем.”
Чунин таърифи илм метавонад мояи тааҷҷуби донишмандони суннатие шавад, ки илмро як чизи мустақил аз ҳаводиси сиёсӣ медонанд. Вале зоҳиран дар Боку маҳз чунин илм метавонад макони роҳаттаре барои худ пайдо кунад. Дар пойтахти Озарбойҷон бинои мӯҳташами Маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев қомат афрохтааст, ки ҳамагӣ соле пеш боз шуда, як ҳадафи асосиаш таҳқиқ ва таблиғи идеологияи Алиев гуфта мешавад. Акнун барои ин идеология ном ҳам ёфтанд: Алиевшиносӣ.
Шахспарастӣ хоси тақрибан кишварҳои мусалмони пасошӯравист. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, низ таблиғи раҳбар, нашри китобҳои сершумори сардори давлат ва ба дунбол сели тақризҳои “илмӣ”-и ташкилшуда ба ҳукми анъана даромадааст. Вале таъсиси як департаменти алоҳида дар Фарҳангистони улум, ки махсуси таҳқиқи ҳаёти раҳбари кишвар бошад, ба истилоҳ “ноу-ҳау”-и мақомоти озарист, ки имкон дорад, дар кишварҳои дигари худкомаи пасошӯравӣ низ ба зудӣ пайравии гарм пайдо кунад.