Мавзуна Абдураҳмонова, ҳамоҳангсози барномаи иттилооти “Ҷомеаи Боз” дар Тоҷикистон ва мутахассиси ҳамин соҳа шарҳ дод, ки чӣ бояд кард, то муҳандисону барномасозон аз ҳисоби духтарони тоҷик бештар шавад.
Радиои Озодӣ: Чаро шумораи духтароне, ки дар соҳаи фанновариҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ кор мекунанд, кам аст?
Мавзуна Абдураҳмонова: “Агар аз миқёси глобалӣ нигоҳ кунем, духтарон дар соҳаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ кам ҳастанд. Дар Тоҷикистон ҳам дар ин чунин аст ва сабабҳояш зиёд буда метавонад. Ман ҳам сари ин масъала зиёд андеша кардаам, зеро ду духтар дорам. Агар аз оила шурӯъ кунем, вақте фарзанд ба воя мерасад, дар аксарияти оилаҳо падару модар худашон кӯшиш мекунанд, ки дар интихоби ихтисоси фарзандонашон иштирок намоянд, ё нишон диҳанд, ки ин ё он ихтисос хуб аст. Аксар вақт дар Тоҷикистон, ё шояд дар тамоми ҷаҳон чунин бошад аксар ихтисосҳое, ки ба духтарон пешниҳод мекунанд, ихтисоси омӯзгор аст, духтур аст, табиб, муҳосиб ва дигару дигар, вале бисёр кам мешавад, ки ки ба духтарон ихтисосе дар соҳаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ пешниҳод кунанд. Агар ба мактаб гузарем дар Тоҷикистон барои фанни технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ҳафтае фақат як соат бахшида мешавад ва он ҳам аз синфи 7. Агар ба дигар кишварҳо нигоҳ кунем, ин фанро аз синфи 4 ва ё ҳатто аз синфи аввал шурӯъ мекунанд. То ҳатто дар Амрико мактабҳое пайдо шудаанд, ки аз коғазу қалам даст кашидаанду дарсҳоро пурра дар компютер мегузаронанд. Ё ин ки дар Чин, вақте талабаҳо ба мактаб меоянд, дар даст планшет (лавҳи электронӣ) доранд, ки ҳам китобаш аст, ҳам қаламаш аст ва ҳамачиз дар ҳамон планшет аст. Аллакай замони дигар омадааст ва бояд ба ин проблема, ба ин мушкилот аз тарафи дигар нигоҳ кард. Мутаасифона дар мактабҳои мо агар хуби хуб бошад, як синфхонаи компютерӣ доранд, ки 10-15 компютер дорад, ки албатта ҳама ба он дастрасӣ надоранд. “
Радиои Озодӣ: Ихтисоси худи шумо ҳам, фанновариҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ аст. Вақте донишгоҳ таҳсил мекардед, ҳамроҳи шумо чанд духтари дигар таҳсил мекард?
Мавзуна Абдураҳмонова: “Дар гурӯҳи мо аз курси аввал 5 нафар будем ва дар охир се духтар хатм кардем. Айни ҳол ман медонам, ки ду нафари онҳо кор мекунанд, вале на дар соҳаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, танҳо ман дар ин соҳа фаъолият дорам. Теъдодашон бисёр кам аст. Азбаски худам баъди хатми донишгоҳ ду сол дарс додам ва худам медидам, ки дар гурӯҳҳо зиёди зиёд, 20 фоизаш духтар аст, бақия ҳама писарҳо.“
Радиои Озодӣ: Вале бо вуҷуди ин намунаҳое дорем, ки духтарони тоҷик мисли писарон муҳандиси шабакаҳои мухобиротӣ ҳастанд, барномасози компютерӣ ҳастанд?
Мавзуна Абдураҳмонова: “Ман духтаронеро медонам, ки дар ин соҳа бисёр фаъол ҳастанд. Алаккай ба як сатҳи баланд расидаанду кору фаъолият мекунанд. Яке аз ин духтарон дар ширкати "Тселл" кор мекунад, серверҳои интернетӣ, серверҳои шабакавӣ, серверҳои дилхоҳро худаш насб мекунад ва ҳама корро худаш баробари ҳама бачаҳое, ки дар шӯъбаашон кор мекунанд, анҷом медиҳад. Яъне духтар ягон камбудӣ надорад, духтарон зиёд ҳастанд. Ман кӯшиш кардам, ки аз миёни онҳо пайдо кунам ва аз миёни донишҷӯёни худам 5-6 нафарро пайдо кардам, ки ҳоло дар ҳамин соҳа кор мекунанд, ҳам барномасоз ҳастанд, ҳам дар шабакаҳои компютерӣ кор мекунанд ва ҳама корро карда метавонанд. Ҳастанд дар Тоҷикистон чунин духтарон, вале каманд.
Радиои Озодӣ: Чӣ бояд кард, то духтарони тоҷик дар ин соҳа бештар ҷалб шаванд?
Мавзуна Абдураҳмонова: “Агар махсус дар шароити Тоҷикистон гӯем, ба назари ман, бигзор давраҳои омӯзишии компютерӣ ва ё барномасозӣ, доир ба сайтсозӣ, доир ба насби шабакаҳои компютерӣ ва умуман давраҳои омӯзишӣ дар ҳамин соҳа бештар шавад. Давраҳои омӯзишии CISCO ҳастанд, ки шаҳодатномаи байналмилалӣ медиҳанд ва онҳоро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дигар кишварҳо эътироф мекунанд. Онҳо метавонанд, дар дигар кишварҳо бар асоси ҳамин шаҳодатнома кор кунанд. Яъне ин гуна давраҳои омӯзишӣ бештар шаванд ва барои духтарон имтиёз бидиҳанд, тавре дар Филлипин кардаанд. Дар инҷо марказҳои махсуси дастрасӣ ба компютер таъсис додаанд, ки агар занҳо ба онҷо биёянд, ройгон омӯзиш мебинанд, ё бо нархи арзон. Мо метавонем, озмунҳои бештар эълон кунем, ки дар он таваҷҷӯҳ ба духтарон бештар бошад. Мо масалан тӯли се соли ахир вақте олимпиадаҳои шабакаҳои компютерӣ, олимпиадаҳои технологияҳои иттилоотӣ баргузор мекунем, ҷоизаи махсус медиҳем, яъне ҷоиза барои духтаре, ки аз ҳама бештар холи бештар гирифтааст. Ва ҳар сол мебинем, ки шавқи духтарон барои ширкат дар ин олимпиадаҳо бештар мешавад ва ҳатто порсол, ё ду соли ахир духтарон дар ин озмунҳо ҷойҳои аввалро ишғол карданд. Ҳамчунин дар телевизион дар радио ва дигар шабакаҳо бояд дар бораи духтароне барнома намоиш диҳанд, ки дар соҳаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ кор мекунанд. Нишон диҳанд, ки чӣ гуна ҳамин духтарон аз истифодаи компютер, телефон ва интернет чӣ гуна баҳра бурдаанд ва фаъол шудаанд ва чӣ гуна барои онҳо манфиати зиёд дорад. “