Дар рӯзи сеюми баррасии парвандаи қатли генерал Абдулло Назаров додгоҳ пурсиши ҳамаи шоҳидони воқеаро ба поён расонд . Ду тан аз маъмурони пулиси ноҳияи Ишкошим, ки дар рӯзи воқеа дар посгоҳи Андароб навбатдорӣ мекарданд, ҳамроҳ бо сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ишкошим баёнот доданд. Ду навбатдор охирин касоне буданд, ки сардори пешини раёсати вилоятии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон дар Бадахшон Абдулло Назаровро лаҳзаҳое пеш аз ҳалокаташ дидаанд.
Ба гуфтаи Файзи Олӣ, вакили мудофеи айбдоршавандагон кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ишкошим баёноти қаблиашонро тасдиқ карданд. Яке аз онҳо, Рустам Орифшоев, ба хабарнигори Радиои «Озодӣ» гуфт: “нишондодҳои пешнаро тасдиқ кардем, гуфтем, ки кормандони амниятӣ дар тан сару либоси мулкӣ доштанд.“
Бино ба баёноти ибтидоии кормандони пулис, генерал Абдулло Назаров ва ҳамроҳонаш аз маркази ноҳияи Ишкошим бармегаштанд ва нозирони постгоҳ мошини онҳоро барои тафтиши ҳуҷҷатҳо нигоҳ доштаанд. Абдулло Назаров дар тан либоси варзишӣ ва се нафари ҳароҳаш-кормандони раёсати амнияти вилоят сару либоси мулкӣ доштанд. Нозирони постгоҳ ҳуҷҷат талаб мекунанд, вале генерал ба онҳо сухани дурушт гуфтааст. Пас аз мудохилаи нозири дигари постгоҳ, ки генералро шинохтааст, ба сарнишинони мошин иҷозаи ҳаракат дода шудааст. Вале пас аз чандметрии ҳаракат автомашина истода, кормандони амниятии мусаллаҳ аз он берун шуда, генерал Назаров ба нозирони роҳ таҳдид кардааст, ки якояки онҳоро бо Хоруғ мебарад.
Дар посух ба саволи он ки оё генерал дар ҳолати сархушӣ қарор дошт, нозири постгоҳ гуфтааст, ки вай ин нуктаро тасдиқ карда наметавонад, аммо рафтори генерал ва ҳамроҳони мусаллаҳаш ҳангоми бозистодани мошин дар постгоҳ “ба мақомашон мутобиқат” надоштааст. Вай рафтори кормандони амниятиро беэҳтиромӣ ба нозирони роҳ номидааст.
Дар нимарӯзи мурофиа наздикони айбдоршавандаҳо шикоят карданд, ки яке аз маъмурони амниятӣ, дар додгоҳ ба пулисе, ки баёнот медод фишор оварда ва нагузоштааст, ки шоҳид дигар фикрашро баён кунад. Гулрухсор Айёмбекова, хоҳари айбдоршаванда Оқил Айёмбеков, мегӯяд, ки корманди амният ҳамчунин ба додараш, ки дар золи суд нишаста буд таҳдид кард, вале пас аз муроҷиати шифоҳӣ ба додрас ин маъмур, ки аз хешовандони генерали марҳум Абдулло Назаров будааст, ба толори мурофиа роҳ дода нашуд, то ҳеҷ гуна фишоре ба шоҳидон пеш наояд.
Ба муҳокима додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Мирзоалӣ Каримов раҳбарӣ мекунад. Ду нафар -- Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов дар курсии айбдоршавандагон нишастаанд ва баррасии парванда ба гунаи пӯшида дар Боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хоруғ ҷараён мегирад.
Сардори собиқи раёсати вилоятии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон дар Бадахшон, генерал Абдулло Назаров, шоми шанбеи 21-уми июли соли 2012 ҳангоми бозгашт аз сафари хидматӣ аз ноҳияи Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ мавриди ҳамлаи гурӯҳи номаълум қарор гирифта ба ҳалокат расид. Ин суиқасд сабаб гашт, ки ҳукумати Тоҷикистон ба вилояти Бадахшон нерӯҳои мусаллаҳ ворид намояд ва гурӯҳҳои мухолифи собиқро зери ҳамла қарор диҳад. Дар рӯйдодҳои июл-августи соли 2012 дар Хоруғ даҳҳо нафар аз мусаллаҳон, аҳолии осоишта ва нерӯҳои давлатӣ ба ҳалокат расиданд.