Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи Оғохон: Дар Тоҷикистон ҳадафи сиёсӣ надорем


Мунир Меҳралӣ.
Мунир Меҳралӣ.

Мунир Меҳралӣ, намояндаи Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон, дар охирин рӯзҳои маъмурияташ дар ин кишвар, бо "Озодӣ" ҳамсӯҳбат шуд.

Сӯҳбати мо бо Мунир Меҳралӣ, намояндаи Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон дар ҳоле анҷом гирифт, ки охирин рӯзи масъулияти ӯ буд ва нахуст аз ӯ пурсидем, ки тайи 7 соли фаъолияти ӯ Бунёд ба чӣ пешрафтҳо даст ёфт?

Мунир Меҳралӣ: Ба назари ман, бисёр муҳим аст инро зикр кунем, ки Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон бар пояи як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мекунад. Соли 17-уми фаъолияти мо дар Тоҷикистон аст. Мо чӣ дастовард дорем? Аввал, кӯшидем, ки барои ба истиқлолияти энержӣ расидани Тоҷикистон кӯмак кунем. Мисоли барҷастаи ҳамкории бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ин «Помир - энержӣ» дар Бадахшон аст. Мо як моликияти давлатиро гирифтем ва сармоягузорону шарикони хориҷӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, IFC (Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ), Дафтари ҳамкориҳои Шветсария ва Бунёди рушди иқтисодии Оғохонро ҷалб кардем. Ин тарҳ, лоақал барои мо собит кард, ки агар мудирияти як корхонаи давлатӣ дуруст ба роҳ монда шавад, метавон ба хеле пешрафтҳо даст ёфт. Ҳоло тамоми вилоят бо барқ таъмин аст ва ҳатто ба Афғонистон содир мешавад. Ҳазорҳо хонавода дар он лаби дарё аввалин маротиба дар таърихи худ соҳиби барқи доимӣ шуданд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00

Дуввум, барои мо муҳим рушди бахши хусусии Тоҷикистон аст. Соҳаи мухобаротро мегирем. Мо саҳмдори ширкати «Tcell» ҳастем. Аксари саҳм аз ширкати шведии «Telia Sonera» аст, мо 40 дарсад дорем. Хуш ҳастем, ки «Tcell» - ро чанд сол ба ин сӯ бузургтарин ва беҳтарин андозсупорандаи Тоҷикистон эълон мекунанд. «Tcell» се сол аст, ки ҳар сол мустақим ба буҷаи Тоҷикистон 100 миллион доллар ворид мекунад.

Сеюм, Бунёди Оғохон барои минтақа ҳам масъулият эҳсос мекунад. Мо барои ҳамгироии иқтисодии Тоҷикистон бо минтақа кӯмак мекунем. Аз ҳамин хотир, мо тарҳҳои минтақаиро ҳам роҳандозӣ мекунем. Барои мисол, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ. Се кампус – марказ дорад, яке дар шаҳри Текилии Қазоқистон, дигарӣ – Норини Қирғизистон ва саввумӣ, дар Душанбеву Хоруғи Тоҷикистон. Ин тарҳи минтақаӣ аст. Бо Афғонистон мо созишномаи ҳамкориҳои фаромарзиро бастаем. Имсол мо пули панҷуминро дар Шӯробод ба истифода медиҳем. Бар иловаи ин, мо барномаҳои тандурустӣ, маориф ва кишоварзии фаромарзиро низ дорем. Мо аз вазъи Афғонистон ва эҳтимоли сар задани хатарҳо ба Тоҷикистон ва дар кулл минтақа тайи солҳои оянда нигарон ҳастем. Ин танҳо чанд мисол буд, ки овардам.

Озодӣ: Дар ибтидо, дақиқтараш, шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ Бадахшон дар ҳоли ногувор қарор дошт ва Бунёди Шумо ба мардуми ин вилоят кӯмаки зиёд кард. Ҳоло ба ҷуз Бадахшон дар минтақаҳои дигар ҳам кор мекунед?

Мунир Меҳралӣ: Замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳукумати Тоҷикистон Бунёди Оғохонро даъват кард, ки кӯмаки башарӣ кунад, зеро он замон имкониятҳои ҳукумат маҳдуд буданд. Аълоҳазрат Оғохони Чорум ҳам мехостанд, ки ба Тоҷикистон кӯмак кунанд. Чун вазъ ба эътидол омад, мо фаъолиятҳоямонро ба дигар манотиқ ҳам густариш додем. Ҳоло дар Суғду Рашт ва Хатлон ҳам ба таври густурда фаъолият дорем.

Озодӣ: Як тарҳи муштараки дигаре ҳам Бунёди шумо бо ҳукумати Тоҷикистон дорад, яъне нерӯгоҳи Санобод дар Рӯшон. Мегӯянд, ки ихтилофе миёни ҷонибҳо ҳаст. Метавонед рӯшанӣ андозед?

Зимни сӯҳбат бо хабарнигори "Озодӣ"
Зимни сӯҳбат бо хабарнигори "Озодӣ"
Мунир Меҳралӣ: Президенти Тоҷикистон дар охирин ҷаласаи ҳукумат боз бар ин таъкид карданд, ки мо Санобод ва боз як нерӯгоҳи дигар, аммо хурдтар – Себзорро бунёд кунем. Ман бо мақомоти вазорати энержӣ сӯҳбат кардам. Тавофуқи усулӣ ҳосил кардем, ки тарҳи ёддошти ҳусни тафоҳумро ба охир расонем. Аввал мо Себзорро бунёд мекунем, ки 10 мегават барқ медиҳад ва барои бунёди Санобод кӯмак мерасонад, ки 120 мегават иқтидор дорад. Ин тарҳҳо тақрибан 250 миллион доллар ҳазина мехоҳанд. Ҳоло мутолиоти иқтисодиву фанниро бо ҳукумат мувофиқа мекунем. Моҳи оянда экспертҳои мо меоянд, то ёддошти ҳусни тафоҳумро ниҳоӣ кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон розӣ аст ва муштариён дар Афғонистон омодаанд, ки барқро харанд. Баҳсҳо сиёсӣ нестанд, фаннианд.

Озодӣ: Бо усули «биоти» бунёд мешавад, ё чӣ тур?

Мунир Меҳралӣ: Яқинан, чунин. Ба назарам, ин модели хуб аст. Масалан, дар Уганда ба маблағи 900 миллион доллар тарҳи нерӯгоҳ доштем. Модели хуб аст. Ба сармоягузорон замонат медиҳед, ки сармояашонро бармегардонанд ва баъди чандин сол вақте ҳама қаноатманд шуданд, нерӯгоҳ моли ҳукумати Тоҷикистон мешавад ва ба мардуми он хизмат мекунад. «Помир энержӣ» ҳам чунин аст, пас аз понздаҳ сол ба ҳукумати Тоҷикистон дода мешавад.

Озодӣ: Оё ин оморро дар даст доред, ки Бунёди Оғохон тайи 17 соли фаъолият чӣ қадар дар Тоҷикистон сармоягузор кардааст, ё кӯмаки билоиваз?

Мунир Меҳралӣ: Овардани ин омор барои банда хеле мушкил аст, зеро сармоягузориҳову кӯмакҳои мо дуҷонибаву чандҷониба буданд. Гоҳе дар тарҳе сармоягузори асосӣ созмони дигар аст ва мо саҳми кам дорем. Гоҳ мо асосиему дигарон ҳамкор. Тақрибан солона аз 60 то 100 миллион доллар мо ин ҷо харҷ доштем ва тақрибан то 500 миллион доллари дигар барои 5-7 соли оянда сармоягузори хоҳем кард. Дигар ин ки агентиҳои мо, аз қабили АКФ, Фокус, ё «Tcell», дар кул 8 адад бо роҳҳои худ сармоягузориву кӯмак мекунанд. Аз ин хотир, мо буҷаи марказонидашуда надорем.

Озодӣ: Соли гузашта моҳи апрел Имом Оғохони Чорум бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ба Душанбе омад. Он замон як қатор мушкилоти иқтисодӣ пеш омада буданд. Гуфта мешуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон аз Имом Оғохон барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ кӯмак хост. То ба ҳол чӣ корҳое дар ин замина иҷро шуданд?

Мунир Меҳралӣ: Бародар сари бародар ин ҳақро дорад, ки кӯмак пурсад. Ҳар вақт, ки зарур шуд онҳо бо ҳам табодули иттилоъ мекунанд. Аълоҳазрат ба ҷаноби раисҷумҳури Тоҷикистон алоқаи хос доранд. Ба Тоҷикистон як муҳаббати вижа доранд ва ҳар кӯмаке, ки аз дасташон омад, мекунанд. Ҳам дар сатҳи глобалӣ, ҳам ҷалби сармоягузорон ва ҳам дар мулоқот бо раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ба нафъи Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд. Аммо Бунёди Оғохон созмони сиёсӣ нест. Мо фақат дар рушди Тоҷикистон манфиатдорем. Мекӯшем, бо кишварҳои минтақа ҳам муносибатҳои хуб дошта бошад. Мо ҳама сафирони Тоҷикистон ҳастем.

Озодӣ: Ҳадафҳои Бунёди Оғохон дар Тоҷикистонро чӣ гуна баррасӣ мекунед, онҳо сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратианд, ё аз ин нукта низ чашм напӯшем, ки шояд ҳадаф густариши тариқати исмоилия аст, ё чӣ?

Мунир Меҳралӣ: Хуб, ин суоли хеле осон аст. Биёед, сароғоз шахсияти Аълоҳазратро ҷудогона матраҳ кунем. Он кас асосгузор ва раиси Бунёди Оғохон ҳастанд. Ин шабакаи бузурги ҷаҳонист, ки дар 30 кишвари ҷаҳон фаъолият дорад. Реша дар этикаи рушд дорад ва ба мардуми кишварҳову минтақаҳо кӯмак мекунад, ки пешрафт кунанд. Масалан, дар Мали ё Уганда мо кор мекунем. Дар он кишварҳо 100 ё 200 нафар исмоилӣ ҳам нест. Ё дар Мозамбик, Руандаву Бурунди умуман исмоилиҳо нестанд. Ё дар Бангладеш ҳамагӣ 300 исмоилӣ ба сар мебаранд, аммо як академияи бузург дорем, ки ғайриисмоилиҳо аз он истифода мекунанд. Хулоса, ин як масъулияти Бунёд ва раҳбари он аст, яъне рушди кишварҳо. Масъулияти дигаре, ки Аълоҳазрат доранд, пуштибонӣ аз ҷамоаи эшон аст. Он кас имоми 49 – уми мо ҳастанд, ки шаҷараашон то паёмбари ислом (с) мерасад. Он кас дар Бадахшон ҳам сӯҳбат карда, гуфта буданд, ки барои некӯаҳволии ҷамоати худ ҳамчун Имоми Замон масъулият доранд ва онро иҷро мекунанд.

Озодӣ: Аммо ин қадар маблағ сарф кардан барои як кишвар ба кадом хотир аст? Масалан, пулро, чӣ қадаре, ки набошад, харҷ кунед, тамом мешавад, бахусус, ки гап дар бораи миллионҳо доллар меравад? Манобеъи даромади Шумо аз куҷост?

Мунир Меҳралӣ: Чанд манбаъи муҳимро бароятон мегӯям. Бунёди Оғохон дар саросари олам – аз Амрикову Аврупо то Осиё бо кишварҳо ва агентиҳои мухталифи молиявӣ ҳамкорӣ мекунад. Чӣ тур? Масалан, Суид мехоҳад дар Рашт барномае дошта бошад. Ба мо муроҷиат мекунанд, ки кӯмак кунем. Маслиҳат мекунем, онҳо маблағ ҷудо мекунанд ва мо ҳам бо маблағи худ ба барнома шарик мешавем. Ин як. Дуввум, ҷамоаи мо бузург аст. Афроде ҳастанд, ки барои иҷрои тарҳҳои мо сармоягузорӣ мекунанд. Масалан, бо маблағи онҳо дар Покистон як донишгоҳи бузург сохтем. Ҳамин Маркази исмоилия дар Душанбе ҳам бо сармояи онҳо бунёд шуд. Вақте ин марказро ифтитоҳ мекардем, банда 400 нафари онҳоро даъват карда будам. Сеюм, сармоягузори мо худи ҳукуматҳоянд. Вақте ба ягон кишвар меравем, ҳукумат дар ихтиёри мо бархе зарфиятҳоро мегузорад, ки онҳо ҳам пул меистанд. Масалан, дарёву маҳалли сохтмон барои нерӯгоҳ. Ин пули хеле калон аст. Чорум, ширкатҳои худи мо. Масалан, дар Тоҷикистон Бонки микромолиявӣ ва меҳмонхонаи «Серена» ҳоло даромад надоранд, аммо «Tcell» дорад. Онро истифода мекунем. Ниҳоят, хазинаи шахсии худи Аълоҳазрат Оғохони Чорум аст.

Озодӣ: Ҷаноби Меҳралӣ, як суоли дигар ҳаст, ки намешавад онро сарфи назар кард. Дар ҳаводиси Бадахшон ба назар мерасид Бунёди Оғохон зиёд кӯшиш ба харҷ медод, ки мақоли «ҳам ганҷ ба даст ояду ҳам ёр наранҷад» - ро ба хотир меорад. Бунёди Шумо гӯё як гуна мусоидат кард, то бӯҳрон ба нафъи ҳукумат ҳал шавад. Шумо чӣ таърифе аз ин ҳаводис доред?

Мунир Меҳралӣ: Медонед, муайян кардани сабабҳои сар задани ин бӯҳрон хеле мушкил аст. Шояд худи Шумо ҳам донед. Омилҳо дохиливу хориҷианд. Мо бархеи онҳоро медонем, ки ҳоло фурсати гуфтанашон нест. Аммо нақши мо мусоидат кардан ба ҳар чӣ зудтар пойдор шудани сулҳу субот буд. Бунёди Оғохон ба ину он тараф ангушт нишон дода, намегӯяд, ки айби ин, ё айби он аст. Мо бо раҳбарони ҳама ҷонибҳо музокира кардем, то сулҳ шавад. Аммо касеро сари мизи музокирот нашинондем. Мо тарафи музокирот набудем, зеро ин кори дохилии Тоҷикистону тоҷикон аст. Барои мо дидани ин, ки тоҷик бо тоҷик дар мухолифат аст ва бародар бо бародар, хеле дардовар буд.

Озодӣ: Оё дуруст аст, ки Имом Оғохони Чорум тавассути Шумо, раҳбарони ғайрирасмии Бадахшонро барои сулҳ бо ҳукумат ташвиқ карда бошад? Масалан, Имомназар Имомназаров, аз фармондеҳони Бадахшон дар сӯҳбаташ гуфт, ки барои иҷрои амри Имоми Замон аз мухолифат даст мекашад…

Мунир Меҳралӣ: Мо аз Аълоҳазрат даъват кардем, ки бархе паёмҳояшонро барои ҷамоат дигарбора хотиррасон кунанд. Он кас дар гузашта ҳам ба ҷамоати худ талқин мекарданд, ки аз ширкат дар қочоқи маводи мухаддир, зиддиятҳои мусаллаҳона ва ғайраву ҳоказо худдорӣ кунанд. Замони бӯҳрон ин паёми он кас омада буд. Ин кӣ касе гуфта бошад, дастури Имомро гирифтааст, шояд маҳсули тахайюли худи ӯст. Ин паёмҳоро дар гузашта ҳам мефиристод, ҳоло ҳам мефиристад, зеро ӯ хушунатро маҳкум мекунад ва ин кор барои ҷамоати хуб намезебад.

Озодӣ: Аз ҳафт соле, ки дар Тоҷикистон фаъолият доштед, чӣ хотираҳоеро бо худ мебаред?

Мунир Меҳралӣ: Бори аввал, ки омадам, иттилои хеле ночиз дар бораи ин кишвар доштам. Аммо пас аз ҳафт сол худро ҷузъи ин кишвари зеботабиат ва мардуми самимиву гарми он эҳсос мекунам. Иншоаллоҳ, зарфиятҳои дастнахӯрдаи Тоҷикистон дар оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд ва сатҳи зиндагии мардум низ боло меравад. Аз ин ба баъд ҳар ҷо ки бошам, ҷузъе аз Тоҷикистон хоҳам буд. Ман ба ояндаи дарухшони Тоҷикистон бовар дорам.


Мунир Меҳралӣ зодаи Танзания, шаҳрванди Канада ва муқими шаҳри Женеваи Шветсария аст. Маълумоти миёнаро дар шаҳри Торонтои Канада гирифта, Донишгоҳи Ню – Йоркро бо ихтисоси улуми дорусозӣ хатм кардааст. Ҳамчунин унвони магистрии маъмурияти соҳибкориро дар Донишгоҳи Торонто ва магиристрии маъмурияти ҷамъиятиро дар Донишгоҳи Ҳарвард соҳиб шудааст. Мунир Меҳралӣ аз соли 2000 дар Бунёди Оғохон кор мекунад. Моҳи ноябри соли 2005 намояндаи Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон таъин шуд. То ин замон дар намояндагии Бунёд дар Покистон фаъолият дошт. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.
XS
SM
MD
LG