Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул: "Ком Эйр" ба Тоҷикистон мухаддирот интиқол надодааст


Ҳукумати Афғонистон аз Амрико хостааст, далелҳои даст доштани ширкати афғонии “Ком Эйр” дар қочоқи мухаддирот ба Тоҷикистонро ироа намояд.

Ҳукумати Афғонистон аз сафорати ИМА дар Кобул хостааст, то аснод ва далелҳо, дар хусуси даст доштани ширкати “Ком Эйр” дар қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистонро дар ихтиёри ин кишвар қарор диҳад.

Вазорати умури хориҷии Афғонистон мегӯяд, ки иттиҳоми воридшуда ба ширкати хусусии ҳавоии “Ком Эйр” аз сӯи мақомҳои амрикоиро ба таври ҷиддӣ баррасӣ мекунад.

Ҷонон Мусозай, сухангӯи ин вазорат рӯзи якшанбе дар сӯҳбат ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки ин мавзӯъ ба ҳайсияти як ширкати афғонӣ ва ҳукумати Афғонистон латма ворид кардааст. Вай гуфт, ки бо ирсоли як номаи расмӣ ба сафорати Амрико дар Кобул, дар ин хусус аз мақомҳои ин кишвар хоҳони ироаи санаду далелҳо шудаанд.

Ҷумъаи гузашта нашрияи амрикоии Wall Street Journal ба нақл аз як мақоми артиши Амрико навишта буд, ки маводи мухаддири Афғонистон аз тариқи ширкати ҳавоии “Ком Эйр” ба Тоҷикистон интиқол меёбад. Ҳамзамон бо нашри ин гузориш, ҳукумати Амрико ин ширкати ҳавоиро дар рӯйхати сиёҳи он кишвар дохил кард.

Як рӯз пас аз он гузориш, сухангӯи вазорати нақлиёт Афғонистон ва раиси фурудгоҳи байналмилалии Кобул интиқоли маводи мухаддир аз майдони ҳавоии зери назорати ҳукуматро ба шиддат рад карданд.

Муҳаммад Яъқуб Расулӣ, раиси Фурудгоҳи байналмилалии Кобул ба хабарнигорон гуфт, ки ин майдон бо васоил ва таҷҳизоти пешрафта муҷаҳҳаз шуда ва ҳеҷ касе наметавонад маводи мухаддирро аз ин роҳ ба берун интиқол бидиҳад.

Раиси ширкати ҳавоии “Ком Эйр” низ ин изҳоротро рад карда ва гуфтааст, ки бархе аз кишварҳои дар талоши латма задан ба ширкатҳои хусусии афғонӣ мебошанд.

Замарай Комгор, мегӯяд, пас аз он ки ҳукумати Афғонистон аз ISAF хост то дар интиқоли амволашон аз ширкатҳои афғонӣ инстифода кунанд, мақомҳои амрикоӣ инчунин изҳоротро матраҳ карданд.

"Ком Эйр" аввалин ширкати хусусии ҳавопаймоӣ дар Афғонистон аст ва тӯли даҳ соли охир дар канори парвозҳои дохилӣ, ба шуморе аз кишварҳои осиёӣ низ парвоз анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG