Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ком-Эйр" барои қочоқи мухаддирот ба Тоҷикистон "сиёҳ" шуд


Низомиҳои Амрико “Ком Эйр”- бузургтарин ширкати хусусии ҳавопаймоии Афғонистонро ба рӯйхати сиёҳ даровардаанд.

Ба қавли низомиёни ИМА ин ширкат миқдори зиёди маводи мухаддирро тавассути парвозҳои мулкӣ ба Тоҷикистон, ки ба қавли онҳо “минтақаи транзити маводи мухаддир ба саросари дунё ба шумор меравад”, интиқол додааст.

Мансабдорони низомии ИМА мегӯянд, моҳи равон генерали баҳрӣ Ҷеймс Маттис-фармондеҳи ситоди умумии нерӯҳои ИМА, ширкати ҳавоии Ком Эйр (Kam Air)-ро аз рӯйхати ширкатҳои ҳамкори низомиёни ИМА берун кашид.

Генерали артиши Амрико Ричард Лонго, ки раҳбарии гурӯҳи Task Force 2010- эътилофи мубориза бо фасодро бар дӯш дорад, мегӯяд, “ИМА аз ҳамкорӣ бо онҳое, ки фаъолиятҳои ғайришаръиро сармоягузориву пуштибонӣ мекунанд, худдорӣ менамояд. “

Ком Эйр, ки аввалин ширкати хусусии ҳавонавардӣ дар Афғонистон аст, айбномаро рад мекунад.

Муассис ва раҳбари Ком Эйр Замарай Комгор дар сӯҳбат бо хабарнигори рӯзномаи амрикоии Вол Стрит Ҷорнел (The Wall Street Journal) гуфтааст, интиқоли
Замарай Комгор, раҳбари ширкати Ком Эйр.
Замарай Комгор, раҳбари ширкати Ком Эйр.
маводи мухаддир ба хориҷи кишвар имкон надорад, зеро ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳҳои афғонӣ аз тафтиши амниятӣ мегузаранд. Комгор бар ин назар аст, ки гурӯҳҳои рақиб бар зидди ширкати ӯ дасиса ташкил кардаанд.

Ин як иттиҳоми беасос ва ғайриқобили бовар аст, ки тавҳин барои ниҳодҳои амниятии Афғонистон ва гурӯҳҳои амниятии англисии “Globall”, “All Life Group” ва ҳамчунон тавҳин ба кишвари дӯсти мо- Тоҷикистогн аст. Мо ҳар ниҳодепро, ки чунин иттиҳомот пеш овардааст, ба додгоҳ кашида, аз роҳи қонуни ҷуброни хасороти моливу маънавиро хоҳем кард.”

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сухангӯи фурудгоҳи шаҳри Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев низ тасдиқ кард, ки ҳавопаймоҳои ширкати Ком Эйр ҳафтае як дафъа дар хатсайри Кобул-Душанбе-Кобул парвоз доранд, вале ягон дафъа бо қочоқи маводи мухаддир дастгир нашудаанд.

Ба гуфти генерал Лонго фаъолиятҳои Ком Эйр аз тарафи ниҳоди зери раҳбарии ӯ тафтиш шудааст, вале тафсилоти он махфӣ мебошад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Тибқи баъзе гузоришҳо ширкати ҳавоии Ком Эйр, ки 16 ҳавопаймои Боинг ва Антонов дорад, бо ширкати ҳавоии Ориёнои зери назорати давлати Афғонистон музокироти ҳамоиш пеш мебарад. Ба қавли Комгор ширкати муштараки Ориёнову Ком Эйр нақша дорад, ки ба кишварҳои Амрикову Аврупо парвозҳои мустақим амалӣ намояд. Дар ҳоле ки кишварҳои эътилофи байналмилалӣ ба беруншавӣ аз Афғонистон дар соли 2014-ум омодагӣ мегиранд, мансабдорони мамолики узви эътилоф хавф доранд, ки Афғонистон ба “нарко-давлат” табдил ёфта, дар он соҳибкорӣ, ниҳодҳои давлатӣ ва тиҷорати маводи мухаддир ба ҳам хоҳанд печид.

Рӯзномаи Вол Стрит Ҷорнел аз қавли коршиносони ғарбӣ овардааст, ки баъди соли 2014-ум муомила бо маводи мухаддир ва фасоди ҳукуматӣ ба назму суботи ин кишвару минтақа аз Толибон дида, таҳдиди бештар хоҳад дошт. Рӯзномаи амрикоӣ бо ишора ба гузориши СММ таъкид мекунад, ки соли гузашта дар ҷангҳои Афғонистон 400 афсару сарбози нерӯҳои эътилофи байналмилалии зери раҳбари паймони НАТО ба қатл расиданд, вале ҳар сол камаш 10 ҳазор сокини Амрико ва кишварҳои узви паймони НАТО аз истеъмоли маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон ба ҳалокат мерасанд.
XS
SM
MD
LG