Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқи тоҷик 256 миллион сомонӣ андоз насупурдааст


Раиси идораи андози Тоҷикистон мегӯяд, то якуми январи соли 2012-ум қарзи муассисаҳои аз ҳисоби насупурдани андоз ба 641 миллион сомонӣ баробар буд ва дар давоми нимаи аввали соли гузашта боз 109 миллион сомонии дигар афзоиш ёфт. Рӯзи чоршанбе хабаргузории Авесто аз нақли раиси Кумитаи андозғундории Тоҷикистон Нусратулло Давлатов маълумот додааст, ки идораи зери раҳбарии ӯ тавассути додгоҳ 10,2 миллион сомонӣ қарзри андозро ба хазинаи давлат ҷамъ кард. Давлатов иброз дошт, ки корхонаи “Барқи тоҷик” беш аз ҳар муассисаи дигари ҷумҳурӣ қарзи андоз дорад, ки ба 256 миллион сомонӣ ё худ 52,7 миллион доллари амрикоӣ дакка мехӯрад.
XS
SM
MD
LG