Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб бар ин аст, ки фаъолияти чунин як мушовир равобити ҳукуматҳои маҳалро бо марказ қувват дода, ҳамкории тарафайнро барои ҳалли мушкилоти гуногун афзоиш хоҳад дод.
Ҷаноби Раҳмонов, дар нишасти матбуотие, ки аз як соли фаъолияти ҳукумати Кӯлоб натиҷагирӣ мекард, гуфт, то кунун ҳеҷ шӯъбае дар дастгоҳи ҳукумати кишвар барои робита бо маҳалҳо вуҷуд надорад, аз ин рӯ, таъини чунин як мушовире аз ҷониби сарвари давлат, метавонад, ба манфиати кор бошад.
Ӯ аз ҷумла гуфт: «Вобаста ба ин таклифҳои худро соли гузашта дар маҷлиси ҷамъбастии вилоят ба сарвазири кишвар гуфта будам, ки проблемаҳоро барои рушди минтақаҳо ҳал кардан даркор. Аз он ҷумла пешниҳод карда будам ва имрӯз ҳам пешниҳод мекунам, шумо ин чизро дарҷ кунед, ки ин чизро кардан даркор. Якум ман гуфтам, ки мушовири давлатии президент оид ба сиёсати минтақаҳо бояд бошад. Минтақа тавонад, ки ба кӣ муроҷиат кунад, то пешниҳодаш бевосита ба сарвари давлат расонида шавад.»
Ҳадаф аз ин пешниҳоди шаҳрдори Кӯлоб ин аст, ки президенти кишвар ҳар рӯз бо раисони шаҳру навоҳӣ имкони вохӯриву сӯҳбат надорад, аз ин рӯ, ин мушовир метавонад, дар ин самт дастёри хубе барои расонидани саривақти арзу хостаҳо ҳукуматҳои маҳал бошад.
Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, воқеан, дар сӯҳбатҳои хос аксари раисони навоҳӣ хостори ташкили шӯъбаи кор бо минтақаҳо дар назди дастгоҳи президенти кишвар ҳастанд, зеро худи онҳо наметавонанд, сари вақт мушкилотро ба президенти кишвар бирасонанд. Ин рӯзноманигор мегӯяд, чаҳор сол пеш дар як навиштаи таҳқиқотиаш бо назардошти мушкили мавҷудаи навоҳии Кӯлоб ду пешниҳод карда буд, ки ё Кӯлобро вилояти алоҳида кунед ва ё тамоми вилоятҳоро бар ивази як шӯъбаи робита бо минтақаҳо, барҳам диҳед.
Ӯ афзуд: «Масалан, раисони даҳ шаҳру ноҳияи Кӯлоб ҳар рӯз наметавонанд, бо президенти кишвар робита кунанд. Онҳо ба раиси вилоят пешниҳод мекунанд ва раиси вилоят ҳам наметавонад, зуд-зуд ин ҳама мушкилотро бо президенти кишвар баррасӣ кунад. Барои ин пешниҳод карда будем, ки ё Кӯлобро вилояти алоҳида кунед ва ё ба ивази шӯъбаи махсус дар назди дастгоҳ, вилоятҳоро барҳам диҳед, ки раиси ҳар шаҳру ноҳия бевосита бо ин дастгоҳ дар тамосу ҳамкорӣ бошанд.»
Аз сӯи дигар, бархе коршиносон мегӯянд, ташкили чунин шӯъба ва ё мушовири хос боз ҳам президентро аз раисони шаҳру навоҳӣ дар масофаи дур нигаҳ медорад. Онҳо почтаи электронии президенти кишварро мисол меоранд, ки масъулонаш ҳазорон мактубро ба президенти кишвар намерасонанд.
Саъдӣ Назарзода, масъули як интернет-кафе дар Кӯлоб мегӯяд, моҳе тариқи почтаи электрониаш даҳҳо мактуби сокинонро ба президенти кишвар ирсол медорад, аммо давоми се соли кориаш то ҳанӯз ягон посухе нагирифтааст.
Аммо Хадамоти матбуотии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳақиқат бисёре аз шаҳрвандон почтаи электронӣ надоранд ва онҳо аз интернет-кафеҳо нома мефиристанд. Вале дастгоҳи раёсати ҷумҳур, посухҳоро ба маҳали зисти сокинон мефиристад.
Раҷабмоҳ Давлатова, як сокини дигари Кӯлоб, ки барои ба гуфтаи худ ғайриқонунӣ аз даст додани манзили зисташ даҳҳо бор ба президенти кишвар аризаҳои бепосух навиштааст, мегӯяд, хубтараш президент худ бо мардум иртиботи озод дошта бошад ва ё дар чунин ҷойҳо афродеро таъин кунад, ки мушкили мардумро ҳал кунанд.
Бо вуҷуди чунин назарҳо, шаҳрдори Кӯлоб фаъолияти мушовири президент дар умури минтақаҳоро зарур медонад. Шаҳри Кӯлоб наздики 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва сеюмин шаҳри бузурги Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.